6 майи соли равон дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону кормандон ҳамоиш баргузор гардид.
Дар оғоз ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм дар робита ба муҳимияти баргузории ҳамоиши мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм махсусан тарбияи олимони ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар масъалаҳои баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбияи олимони ҷавон, мустаҳкамкунии мактаби илмӣ миёни устод ва шогирд, дастгирии ҷавонон дар самти ҳимоя намудани номзадӣ дар риштаҳои гуногуни илм, муҷаҳҳаз намудани лабараторияву озмоишгоҳҳо, пайваст намудани илм бо истеҳсолот, ки вазифаи ҷонии мову шумо кормандони илм аст тадбирҳои нав меандешад.
Дар идома доктори илмҳои филологӣ Қосимзода Солеҳ дар баромади хеш таъкид доштанд, ки агар мо мундариҷаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба самтҳои гуногун тақсим намоем, яке аз самтҳои асосии ин мулоқот ба баррасии масъалаи таъмини сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ равона гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ворид гардидан ба фазои байналмилалии таҳсилот ва пайваст шудан ба Эъломияи Болония корҳои назаррасро анҷом дода, шуруъ аз соли 2007 бо мақсади рушду такомули соҳаи илм ва маорифи кишвар бо мақсади татбиқи низоми кредитии таҳсилот муассисаҳои таҳсилоти олиро ба низоми таҳсилоти сезинагӣ гузаронид.
Қайд гардид, ки мутобиқи ин муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, аз ҷумла муассисаҳои илмии тобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дорои заминаи илмӣ ва пояи моддию техникӣ буданд, имконият пайдо намуданд то дар зинаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ–тавассути магистратура, аспирантура, докторантураи PhD, докторантураи анъанавӣ ва постдокторантура тайёр кардани мутахассисони ҷавони илмиро ба роҳ монанд.
Зимнан дар ҳамоиш олимону кормадон атрофи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар мавзуҳои гуногун маърузаҳои хешро ироа намуданд.