Бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.
Аслан вожаи ваҳдат барои ҳар як миллат мафҳуми пурарзиш мебошад. Шояд дар дунё халқе ё миллате набошад, ки ин калимаро гиромӣ надорад. Агар дар ҳар замон ба ҳар гуна забон садо диҳад ҳам, аммо маънии ягонаро баён сохта, барои ҳама азизу муътабар аст. Дар тамоми давраҳои таърих халқи тоҷик маҳз бо ваҳдату фарҳанги воло бақои хешро таъмин кардааст. Вале дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин вожа муҳимияти хосаро касб намуд. Ҳамрадиф бо истиқлолияти давлатӣ ҷанги таҳмилӣ шурӯъ гардида, кишвар қариб ба вартаи нобудӣ расида, ҷомеа ба гурӯҳҳо, маҳалҳо, созмонҳо тақсим шуда, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд. Дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ даҳҳо шаҳру навоҳӣ, деҳаю шаҳракҳо хароб гардиданд, даҳҳо ҳазор одамон қурбон шуданд. Тоҷикистон сафинаеро мемонд, ки дар миёни чор дарё тахтабанд шуда буд ва роҳи халосӣ меҷуст.
Дар ин давраи фалокатбору хеле ҳассос нимаи дуюми соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ин иҷлосияи таърихӣ тақдири кишвар ҳал гардид. Хушбахтона ақли солим ғолиб омада, вакилон бо бовариву эътиқоди том ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз Сарвари тозаинтихобшудаи давлат ба назди Парчами Тоҷикистон омада, онро бӯсид ва сидқан гуфт: «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!». Ҳамзамон иброз медорад, ки: «Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!». Мавсуф ин суханонро бо бовариву эътиқод ва самимона баён кард ва ба дили тамоми мардуми ба таҳлукаафтода тухми умед пошид. Дар он рузҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон худ дар ёд доранд, ки он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқараррӣ табдил ёфта буд.
Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳар чӣ зуддтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ Роҳбари хирадсолори мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳар як вохӯрии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро ба хотири пойдории сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сарф созад. Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳиллаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд. Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем. Имрӯз бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад». Ба бахти халқи тоҷик дар чунин вазъияти душвору ҳолати ногувор Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад, Ватанро аз парешониву нобудшавӣ раҳо бахшид
Таърих гувоҳ аст, ки марҳиллаи ваҳдатофарӣ барои пешвои он Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи осон набуд. Дар ин давраи душвор байни тарафҳои мухолиф зиёда аз бист музокироти расмӣ сурат гирифтааст, ки дар аксари он Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок кардааст. Ӯ ҷон ба каф гирифта, бо ҷасорати ба худ хос борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, бо роҳбарони мухолифин вохӯрӣ анҷом дод.
Халқи тоҷик табиатан тамаддунофар, ваҳдатпараст, таҳаммулпазир, сулҳпарвар, фарҳангдӯст, озодхоҳ, бунёдкору созанда ва инсондӯст ҳасту боқӣ мемонад. Сулҳу суботи тоҷикон ба ҷаҳониён мактаби сулҳофаринии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуд.
Мусаллам аст, ки кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳангоми вохӯриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирода гардидаанд, сармашқи кори худ мекунанд. Имрӯзҳо мо - кормандони макомоти судӣ ҳамрадиф бо дигар кишварҳои ҷомеа вазифадорем, ки ҳадафу мақсад ва ғояҳои созандаву муттаҳидкунандаи Ваҳдати миллиро ба ҳар як шаҳрванд тарғиб кунем. Дар замири одамон арзишҳои волои инсонӣ некию накукорӣ, фарҳангпарвариро ташаккул диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Барои тақвият ва устувории Ваҳдати миллӣ мебояд ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, бунёдкориву созандагӣ тарбия кард. Пеши роҳи гаравидани онҳоро ба созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ гирем, бегонапарастиву тақлидкориро аз қалби онҳо берун созем. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини бақои миллат, ватандорӣ ва давлатдорӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бештар аз пештар ба мо Ваҳдат, муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ зарур аст. Чунончӣ, Саноии бузург мефармояд:
Сад ҳазорон ҳайати яктавро набошад қуввате,
Чун ба ҳам бартофтӣ, Исфандиёраш нагсилад.
Ришта гар яктост, ӯро зӯри золе бигсилад,
Чун дуто шуд, оҷиз ояд аз гусастан Золи Зар.
Мирзошоҳрух Асрорӣ - номзади илмҳои
фалсафа, сарходими илмии шӯъбаи
таърихи фалсафаи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ