Қонуни мазкур дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир дорад. Таълиму тарбияи наслҳои ояндасоз албатта вазифаи ҷонии падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва давлат ба шумор меравад. Масъулият доштан дар тарбияи фарзанд як эҳсоси махсусест, ки дар рафтори волидайни бедордил ва ҳар шахс гузошта шудааст. Тақозои замон аст, ки ин масъулиятро давлат ва қонунгузорӣ дар худи инсон ҷиҳати ояндаи дурахшон бедор намояд. Чуноне, ки мутафаккири барҷаста Муҳаммад Ғаззолӣ таъкид мекунад: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”. Аз ин ҷост, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар ба низом даровардани муносибатиҳо дар ҷомеа ва тарбияи наслҳои ояндасоз аҳамияти муҳим дорад.
Қонуни мазкур дар ташаккули худшиносӣ, сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт. Ин иқдоми созандаю саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ҷинояткориро миёни ҷавонон кам ва даст задан ба ҳама гуна зуҳороти номатлубро пешгирӣ намуд. Дар доираи талаботи қонуни мазкур ҳамкории тамоми муассисаҳои таълимӣ бо волидайн вусъат гирифта, кулли ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории зичу самаранокро бо падару модарон ба роҳ монданд. Тарбия, ки аслан кори дастаҷамъона ва кори пушмашаққат ба шумор меравад, дар доираи қонуни мазкур роҳи амалишавии ояндадори худро пайдо намуд. Вазифаҳои ҷонии ҳар як падару модарро Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар моддаҳои худ асоснок намуда пешниҳод намудааст, ки ҳамчун дастури зиндагии шоиста дар тарбияи наслҳои оянда мебошад. Мавриди зикр аст, ки қонуни мазкур дар асоси қонуни асосии мамлакат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки дар ин самт татбиқи ҳамаҷонибаи дигар қонунҳои мавҷударо низ таъмин менамояд.
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Дар ин росто ёдовар шудан ба маврид аст, ки сарчашмаи асосии ин ташаббус, яъне қабули Қонуни ҶТ “дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки нахуст бо ҳамин унвон қабул гардида буд, меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мамлакат мебошанд. Қонуни мазкур дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат буд, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо карда, тағироҳои тақозои замон ба он илова карда шудааст.
Бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтӣ фарзандон мебошанд. Як давлати дорои ояндаи пурсаодат низ ҳамон мамлакатеро метавон ном бурд, ки наслҳои ояндаи он тарбияи хуб дошта, сазовори боварию умедбахшанд. Таълиму тарбияи чунин наслҳои ояндасоз танҳо дар доираи арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ имконпазир аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» чунин шакли тарбияро имконпазир гардонидааст. Ояндаи миллат вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.
Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони покдошта заминаи устувор гузошта, эҳсоси масъулияти баланди падарию модариро хусусан дар падару модарони ҷавон ташаккул дода дар натиҷа фарзандони бомаърифат тарбияёфта ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат менамоянд. Муҳимияти маърифатнок гардонидани наслҳои оянда ва қонуни мазкур пеш аз ҳама дар он аст, ки танҳо дар рӯҳияи солим тарбия намудан амалҳои бадро дар вуҷуди онҳо нобут месозад. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: “Танҳо маърифат пеши роҳи ҷахолатро гирифта метавонад”. Қонуни мазкур тавонист афкори ҷомеаро нисбати таълиму тарбияи фарзанд дигар намояд. Дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ балки алакай ӯҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст ва амалишавии он кафолати ба таври дахлдор тарбия намудани фарзанд мегардад.
Барҳақ аст, ки бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.
Мавриди зикр аст, ки дар Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» натанҳо уҳдадориҳои падару модар, балки уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияро баррасӣ мекунанд дарҷ гардидааст. Аммо нақши асосиро дар қонуни мазкур уҳдадориҳои падару модар мебозанд, ки мантиқан бояд чунин ҳам бошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомали Раҳмон: “Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд, фарзандон дунёро бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд.
Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад”.
Дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа таълиму тарбия рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод фазои иттилоотӣ, муҳити атроф, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Аз ин ру, Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии мо асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар рушди зеҳнии насли солиму созанда нақши муҳимеро иҷро намуда истодааст. Татбиқи қонуни мазкур дар асоси хусусиятҳои миллии мо ба ниҳодҳои номбурда имкон медиҳад ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, тақлиди фарҳанги бегона ва дигар падидаҳои зараровари ҷомеаи муосир истодагарӣ намоянд. Хусусан дар солим нигоҳ доштани мафкураи ноболиғон қонуни мазкур нақши созанда дорад. Зеро дар Қонуни мазкур аз тарафи фарзанди ноболиғ тамошои филмҳо ва бозиҳои компютерӣ, ки хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ ва ғайриахлоқӣ қатъиян манъ карда шудааст.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки Парлумони Тоҷикистон бо дарназардошти бозҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо соли равон тағиру иловаҳо ворид намуд. Боиси таъкид аст, ки 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардида, он аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад.
Содаву оммафаҳм ва ба таври васею фарогир танзим намудани муносибатҳо оид ба таълиму тарбияи кӯдак бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда ва ҷавобгӯ ба талаботи замон дар доираи қонуни мазкур яке аз сабабҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур мебошад.
Ин қонуни ниҳоят муҳим ва тағиру иловаҳои ворид кардашуда водор месозад, ки ҳар як шахсе, ки миллати худ, Ватани худро дӯст медорад ва эҳтиром менамояд, бояд ба қадри арзишҳои миллати худ расад ва дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошад. Онҳоро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намояд ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ намояд. Зеро фарзанди солеҳу хушахлоқ, донишманд, ба арзиши маънавии давлат ва сармояи зеҳнии он дохил гардида, сатҳу сифати маърифатнокии ҷомеа ва қудрати давлатро муайян месозад.
Дар навбати худ мақомоти давлатӣ низ бояд ба падару модарон ҷиҳати тарбияи дурусти наслҳои оянда мусоидат намуда, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро мунтазам тарғиб намоянд. Зеро татбиқи қонуни мазкур вазифаи ҷонии нафақат падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа аст. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки наслҳои ояндасозро тарбия карда дилпурона ба сӯи оянда пеш равем.
АБДУМУМИНЗОДА Ситора, номзади илмҳои педагогӣ, Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи милии илмҳои Тоҷикистон.