31 июли соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтпас аз ифтитоҳи озмоишгоҳи наву замонавӣ дар толори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ бо аҳли раёсат ва олимону кормандони институти мазкурвохурӣ доир намуд.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қайд намуд, ки мо бояд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар рушт ва пешрафти соҳи илми кишвар талош намоем.
Инчунин барои дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» корҳои муҳимро ба сомон расонида, барои омода намудани олимони ҷавон дар ин самт пеш аз ҳама шароити корӣ ва озмоишгоҳҳои наву замонавиро ташкил намоем. Қайд гардид, ки вазифаи муҳими олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин пеш аз ҳама пешбурди соҳаи илмии кишвар ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки мо бояд барои пешбурди фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони илмӣ дар оянда лабараторияву озмоишгоҳҳои наву замонавиро ташкил намоем.