Skip to main content

Табрикоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии мубориза бо коррупсия

Муҳтарам кормандони мақомоти коррупсия!

Ҳамаи Шуморо бахшида ба иди касбиятон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъулиятатон барору комёбӣ таманно менамоям. Воқеан ҳам коррупсия аз замонҳои қадим то ба имрӯз яке аз зуҳуроти манфӣ ва аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор рафта, рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад.

Ҳамин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи СММ зидди коррупсия” қабул шуда, санаи 9 декбари соли 2003 дар конфронси байналмилалӣ зиёда аз 100 давлати дунё ин конвенсияи байналмилалиро ба имзо расониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур ҳамроҳ шуд.

Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ 10 январи 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсус гардонида шуда таъсис дода шуд.

Вобаста ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як баромади хеш таъкид медоранд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Мо аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем ва софдилона ба халқу ватан хизмат намоем. Танҳо дар ин сурат ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад, метавон ноил гашт.

Бори дигар ба тамоми кормандони мақомоти назорати давлатии мубориза бо коррупсия иди касбияшонро табрику таҳният гуфта, дар роҳи хизмат ба ватан ба онҳо бурдбориҳо орзумандам!