Skip to main content

123123Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз санадҳои муҳим ва роҳнамои ҷомеаи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар Паём на танҳо самтҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ муайян мегарданд, балки вазифаҳои стратегӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ низ пешбинӣ мешаванд.

Иҷрои вазифаҳои дар Паём таъкидгардида масъулияти шаҳрвандии ҳар як шахс аст. Чунки ин вазифаҳо на танҳо ба сохторҳои давлатӣ, балки ба тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла олимон, ҷавонон, омӯзгорон, деҳқонон ва соҳибкорон дахл доранд. Ҳар як фард метавонад бо саҳми худ ба татбиқи он иқдомҳо мусоидат намояд.

Барои он ки ҳар як шаҳрванд дар иҷрои Паём саҳми худро гузорад, пеш аз ҳама, бояд муҳтавои онро дарк намояд. Паём на танҳо аз ислоҳоти давлатӣ ва сиёсати хориҷӣ иборат аст, балки самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маорифро низ дарбар мегирад. Аз ин рӯ, ҳар шахс бояд фаҳмад, ки дар кадом соҳа метавонад саҳми шахсии худро гузорад.

Пешвои муаззами миллат дар ироаи Паём доир ба пешгирӣ намудани хурофот ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ таъкид намуданд, ки дар ин самт бояд зиракии сиёсиро аз даст надода дар тарбияи хусусан ҷавонон ва худогоҳии онҳо талош намоем. Хурофот ҳамчун зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа ба пешрафти маърифатӣ ва фарҳангии миллатҳо монеа эҷод мекунад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми худ ҳамеша ба масъалаи пешгирӣ ва барҳам задани хурофот таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ин масъала дар стратегияи сиёсиву фарҳангии кишвар нақши калидӣ дорад, зеро хурофот метавонад рушди ҷомеаро боздорад ва ба тафаккури созандаи шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад.

Рушди иқтисодӣ яке аз самтҳои асосии Паём мебошад. Ҳар як шаҳрванд метавонад бо меҳнати ҳалолу поквиҷдона, истифодаи самараноки захираҳо ва риояи қонунгузорӣ ба ин ҳадаф мусоидат намояд. Хусусан соҳибкорон бояд дар ташкили ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ нақши фаъол дошта бошанд. Дар Паём таъкид гардид, ки "Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем". Воқеан, бисёр муҳим аст, ки мо шаҳрвандон дар иҷрои ин нуктаи Паёми Пешвои муаззами миллат баҳри ояндаи пурсаодат содиқона талош варзем.

Дар Паём ҳамеша ба ҳифзи муҳити зист ва рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Ҳар як шаҳрванд бояд дар тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи табиат саҳм гузорад. Дар Паём Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки: Дар корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад". Масалан, дар шароити тағйирёбии иқлим ҳар як нафар метавонад бо шинондани дарахт, кам кардани партов ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ саҳмгузор бошад.

Таълим ва тарбияи насли наврас асоси рушди миллат мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд ба таълими фарзандон аҳамияти махсус диҳад ва барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа талош намояд. Омӯзгорон, волидайн ва шахсони фаъоли ҷомеа вазифадоранд, ки барои ташаккули шахсиятҳои боистеъдод ва ватандӯст замина фароҳам оваранд. Пешвои муаззами миллат дар Паём таъкид намуданд, ки "Дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд".

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ арзишҳои олӣ барои мардуми Тоҷикистон мебошанд. Ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи суботу амният, арҷгузорӣ ба истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузорад. Риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамкории фаъолона бо дигар сокинон роҳи беҳтарини таъмин намудани ин ҳадафҳо мебошанд.

Барои татбиқи пурраи вазифаҳои дар Паём муайяншуда, ҳамкории дастаҷамъона лозим аст. Масалан

- Ҷавонон бояд бо дониши амиқ ва ҳунарҳои муосир мусоидат ба пешрафти кишвар кунанд;

- Соҳибкорон бо эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва сармоягузорӣ ба рушди иқтисодӣ саҳм гузоранд;

- Ҳар як шахси масъулиятшинос бо амали нек ва риояи қонун фазои осудаи зиндагиро таъмин намояд.

Паёми Пешвои муаззами миллат на танҳо роҳнамо барои мақомоти давлатӣ, балки як даъват барои ҳар як сокини кишвар мебошад. Танҳо тавассути ҳамкории самараноки давлат ва ҷомеа, бо заҳмати якҷояи ҳар як шаҳрванд метавонем ҳадафҳои дар Паём пешниҳодшударо амалӣ созем ва ба рушди устувори Тоҷикистон мусоидат намоем. Вақт он расидааст, ки ҳар як шахс худро масъули ин раванд дониста, барои ободии Ватан талош варзад.

Мо масъулем, ки бо заҳмати самимӣ, садоқат ба Ватан ва иҷрои дастурҳои Пешвои муаззами миллат дар рушди Тоҷикистон саҳм гузорем!

АБДУМУМИНЗОДА Ситора - номзади илмҳои педагогӣ, корманди ИФСҲ АМИТ