Санаи муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон, таъсисёбии Артиши миллӣ аст, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэтимоди Ватан мебошад. Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ зодаи даврони истиқлол мебошад, ки дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ таъсис дода шуд.
Новобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар гардид. Ин кори осон набуд, чунки кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт ва дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сарулибос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли инҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, азму талошҳо, қаҳрамониҳо ва иродаи қаввии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки мо мардуми толеъбаланд ба чунин дастоварди муҳим ноил шудем.
Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт. 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи баргузоргардии парад, яъне 23-юми феврал - Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 32-юмин солгарди онро таҷлил намуда истодаем.
Саҳми калони фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал барорад. Фарзона фарзанди Ватан ва наҷотбахши миллат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда, қайд карданд, ки «Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд». Чихеле, ки то имрӯз мо дида истодаем Пешвои миллат ҷиҳати амалӣ намудани нишондодҳо ва беҳтару хубтар намудани шароитҳо дар ин соҳа ҷаҳду талошҳо ҳамарӯза намуда истодаанд.
Моро лозим аст, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамарӯза моро аз вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва хатарҳои афзудаистодаи терроризму экстремизм ҳушдор медиҳанд, дар чунин шароит ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромию суботи ҷомеаро аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси сохторҳои низомӣ ва ҳар шаҳрванд медонанд, камари ҳиммат баста, пайи амалигардонии он гардем.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадон тинҷию оромӣ, ҳаёти орому осуда ва бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоям.
Абдуллозода А.Ф. Комилов Ш.Ҳ. - ходимони илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ