Ҳар сол, вақте ки табиат аз хоби зимистон бедор мешавад ва рӯзу шаб баробар мешаванд, миллионҳо одамон дар аксариятҳои мамлакатҳои ҷаҳон Наврӯзро бо таври хос истиқбол мегиранд. Ин ид, таърихи чандинҳазорсола дошта, рамзи бедории табиат ва оғози мавсими кишту кори деҳқон ба шумор меравад. Имрӯзҳо маҳбубияти навруз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳам ҷойгоҳи хос пайдо кардааст.
Агар ба таърихи Наврӯз назар афканем, мувофиқи сарчашмаҳо, он ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиён (асрҳои 6-4 пеш аз милод) бо маросимҳои шоҳона таҷлил мешуд. Дар империяи Сосониён (асрҳои 3-7 милодӣ) низ Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги давлатӣ эътироф гардида буд. Дар асри 11, яъне дар соли 1079 милодӣ, шоир, ситорашинос, мутафаккири машҳури форсу тоҷик Умари Хайём тақвими хуршедиро такмил дод ва Наврӯзро расман оғози соли нав қарор дод. Ин тақвим то имрӯз дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ истифода мешавад.
Наврӯз танҳо як ҷашни маҳаллӣ нест, он имрӯз як падидаи ҷаҳонист. Дар санаи 20 феврали соли 2009, ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид кард. Ин қарор дар шаҳри Абу-Даби қабул шуд ва як гардиши муҳим дар шинохти байналмилалии ин ҷашн буд. Баъдан, дар 23 феврали 2010, Маҷмаи Умумии СММ бо қатъномаи 64/253 рӯзи 21-уми март-ро "Рӯзи байналмилалии Наврӯз" эълон гардид. Ин иқдом бо пешниҳоди кишварҳое чун Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон амалӣ шуд.
Аз он вақт инҷониб, Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳ таҷлил мешавад. Мисоли он ин 21 марти соли 2013, дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк нахустин чорабинии расмии "Наврӯзи ҷаҳонӣ" баргузор шуд. Дар соли 2016, конфронсҳои байналмилалӣ дар Теҳрон ва Душанбе олимони 20 кишварро гирд оварданд, то аҳамияти фарҳангии Наврӯзро баррасӣ кунанд.
Имрӯз Наврӯз дар беш аз 12 кишвар, аз Осиёи Марказӣ то Шарқи Наздик ва ҳатто дар ҷамоаҳои муҳоҷир дар Аврупо ва Амрико, ҷашн гирифта мешавад. Дар Ню-Йорк аз соли 2011 паради Наврӯзӣ баргузор мешавад, ки садҳо нафарро муттаҳид мекунад. Ин ҷашн паёми сулҳ, дӯстӣ ва эҳтиром ба табиатро ба ҳама мерасонад.
Наврӯз, ки худ як калимаи асили тоҷикӣ буда дар Тоҷикистон бо омодагии хос ва бо риояи тамоми суннатҳояш истиқбол мегардад. Мардум дар ин рузҳои ҷашни суманак мепазанд, хонаҳоро в тоза мекунанд. Ҷавонону кудакон бо як шодию нишоти содиқона бо сурудхони хона ба хона гулгардонӣ менамоянд. Дар даврони истиқлолият ин ҷашн мақоми миллиро гирифт ва ҳар сол аз 21 то 24 март расман истироҳат эълон мегардад. Аз ҷониби мақомоти шаҳри ва маҳалӣ қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили консертҳо, намоишҳои театрӣ ва бозорҳои идона, шукӯҳи хоси Наврӯзро дар кишвар нишон медиҳанд.
Имрӯзҳо, ки Тоҷикистон дар арафаи истиқболи Наврӯзи навбатӣ омодагӣ мебинад мардум бо дубора бо ҳам ҷамъ меоянд, то ин идро бо як шодию нишоти тоза таҷлил намоянд. Бояд гуфт, ки Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як мероси зинда аст, ки моро ба ҳам наздик мекунад ва хотиррасон месозад, ки табиат ва инсон якҷоя эҳё мешаванд ва моро даъват менамояд, ки қалбҳо аз кинаву адоватҳо тоза намоем ва зиндагиро бо ранги гуногун ба мисли баҳор бубинем.