“Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣдар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад. Ҷашни Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки ҷашни Наврӯз яке аз куҳантарин ва ҳамзамон густурдатарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, умри зиёда аз панҷҳазорсолаи худро дорад ва дар сатҳи байналмилалӣ низ эътироф гардидааст.
Барои далели ин гуфтаи таърихӣ, тавре, ки аз баромади худи ин вожа бармеояд, яъне он рӯзи нав маънӣ дошта, дар ибтидои соли нави аҷдодӣ ё худ хуршедӣ ба истиқболи соли нав ва бо фарорасии фасли зебои сол ва дар оғози ҳамал ва давраи шукуфтанҳову гул кардани дарахтону дар айёми фасли баҳор баргузор мегардад. Яъне бо омадани ҷашни Наврӯз табиат аз нав гӯиё эҳё гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва ё худ ҳаракат ба оромӣ комилан пирӯз мегардад.
Наврӯз оғози фасли баҳори сабзу хуррам, давраи эҳёи табиати атроф, оғози кишту кор, айёми баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор мебошад. Ба қавли Ҳофизи Шерозии лисонулғайб агар ифода намоем:
Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам басо хуб ифода кардаанд, ки: “Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро ба сӯйи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.
Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад.”
Наврӯз ибтидои баҳору файзу баракати сол, оғози тақвими шамсист.Чунки ҳамасола дар сатҳи давлату давлатдории миллӣ ва ҳамзамон дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил ҷашни Наврӯз дар сарнавишти миллати соҳибтамаддуни мо ва тамоми меросбарони он нақши ногусастании худро дорад. Он ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ, феълан ҳамчун ҷашни ҷаҳонишудаи аҷдодӣ дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва инчунин ибтикору иқдомҳои тоза ва накӯ ҳидоят намудааст, ки бароямон боиси ифтихору сарфарозӣ маҳсуб меёбад. Наврӯз рамзи озодию озодагию ободонист.
Тавре ҳамагон хуб медонем, маҳз бо ибтикори наҷибона ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала вусъату шукуҳи бештар ёфта ва ниҳоят соли 2010 бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Ин воқеаи сурурбахши таърихиро Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин тавзеҳ дода буданд: “Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки он паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст”.
Беҳуда нест, ки ҳамасола баробари фарорасии ин ҷашни таърихию куҳанбунёд дар арафаи фарорасии Наврӯзи оламафрӯз вайронаҳои худро таъмиру таҷдид намуда, ҳамзамон ашё ва колоҳои кунаю фарсудаи худро ба нав ва ба беҳтаринаш иваз менамоянд, ки то ин ки ба василаи ашёи нав корҳояшон низ пешрав бошад.
Илова ба ин гуфтаҳо дар арфаи Наврӯзи оламафрӯз мардуми кишварамон либоси нав ба бар мекунанд, ки ин суннату русум ҳам як ҷузъи арҳанги ниёгони бузургамон ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, ба ақидаи мардуми шарифи кишварамон Наврӯз рамзи озодазодагию ободонӣ ба ҳисоб рафта, эшонро ба зиндагии навин раҳнамоӣ мекунад.Чунки Наврӯз худ зодаи хирад, идрок ва ҳикмату эътиқод аст.
Ба ифодаи шоири шаҳири тоҷик Сайидои Насафӣ:
Фасли Наврӯз аст, меояд ҳавои тозае,
Булбулу гулро шуда баргу навои тозае.
Бар сари афтодагон афтода савдои либос,
Сарв мехоҳад ба ин мавсим қабои тозае.
Бояд қайд кард, ки маҳз ба шарофати хидматҳои беназири давлатмарди асил ва абармарди арсаи сиёсат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бостониву куҳанбунёд - Наврӯзи оламафрӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида дар Феҳристи ЮНЕСКО бо ҳуруфи заррин ҳакокӣ гардид.
Умуман гирем, пос доштани ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз рисолатҳои муҳимми миллист. Чунки файзу баракати ин ҷашни бошукуҳ ҳар яки моро ба ояндаи боз ҳам неку дурахшон раҳнамоӣ ва ҳидоят менамояд.
Аз ҷониби дигар бояд қайд кард, ки Наврӯзи оламафрӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳо маҳсуб ёфта, мутобиқи тақвими солшумории шамсӣ ва низоми ҳаракати сайёраҳо дар санаи 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, аввалин рӯзи баҳору кишту кори марди деҳқон ҳам фаро мерасад.
Тавре шоир Ғоиб Сафарзода дар васфи баҳору Наврӯз гуфтаанд:
Имрӯз зи пушти дар садо мешунавам,
Парвози кабӯтари само мешунавам.
Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад,
Аз чаҳ-чаҳи мурғи хушнаво мешунавам.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки то инсонияти рӯйи олам вуҷуд дорад, Наврӯз ҳамеша пояндаву абадӣ боқӣ хоҳад монд. Ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ:
Наврӯз навҷавон аст, Наврӯз ҷовидон аст,
Аз рӯзгори пешин зеботарин нишон аст!
Бақохоҷа БОБОЗОДА, - директори Институти ботаника физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон