Skip to main content
Аз лаҳзаи дар Шӯрои 64-уми Маҷмаъи умумии созмони Милали Муттаҳид 19-уми феврали соли 2010 доир ба дар саросари олам ҷашн гирифтани Наврӯз 15 сол сипарӣ мешавад. Дар қатъномаи он омадааст, ки ин ид дар саросари олам ҷашн гирифта шавад.Мувофиқи ақидаи Асасгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳама орзуву омоли башардӯстонаи ниёгони мо, ки дар Наврӯзи ҷаҳонафрӯз таҷассум ёфтаанд, ниҳоят дастраси оламиён гардиданд”. Дар ин қатънома омадааст, ки ҳар давлати узви СММ барои рушду такомул ва ҷашнгирии Наврӯз дар кишвари хеш бояд талош варзад. Бароямон боиси фараҳмандист, ки дар баробари Сарвари давлати тоҷикон талошҳои якчанд кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон низ ҷомаи амал пӯшид.

123123Сунатҳо ва ҳикматҳои Наврӯзро мардуми форсизабон асрҳои тӯлонӣ ҳифз карда, аз насл ба насл мерос гузоштанд ва мо онҳоро ҳоло муқаддас меҳисобему ба наслҳои минбаъд мерос мегузорем. Ҳавзаи Наврӯзро ҳоло зиёда аз 12 мамлакат ташкил медиҳад. Ин ид дар баробари Тоҷикистон, дар ҷумҳуриҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, ҷумҳуриҳои бо мо ҳамҷавор Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арабистон ва ғ. ҳамчун иди миллӣ қайд карда мешавад. Дар ҳар яке аз ин сарзаминҳо ҷашни бостони мардуми форсинажодро бо унвонҳои Наврӯз, Новрӯз, Ноорӯз, Неврӯз, Наурӯз, Найрӯз, Раббиъ ва амсоли инҳо ид мекунанд.

Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқҳои эронинажод ва сокинони дигар манотиқи Осиёи Марказӣ мебошад, ки мутобиқи солшумории шамсӣ ба аввали Фарвардинмоҳ ё мутобиқи солшумории ҳиҷрии шамсӣ ба аввали моҳи Ҳамал мувофиқ меафтад. Наврӯз дар Шарқи бостон зиёда аз 3500 сол муқаддам, баробар бо инкишофи кишту кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил дода шудааст.Таърихи пайдоиши Наврӯз ва расму оинҳои ҷашнгирии он дар манотиқи гуногуни олам мавриди омӯзиш ва таҳқиқи хоса қарор дода шудааст. Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан ба асари машҳури таърихии “ Наврӯзнома”-и ҳаким Умар Хайёми Нишобурӣ муроҷиат мекунем. Дар ин китоб, омадааст: “...Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввал дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд пас омад, чӣ ҳар сол аз муддат андаке кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва чашн оин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон ба-д-у иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Қаюмарс - аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод Офтоб ба аввал дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданду таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни он рӯзгор будаанд: Эзиди табораку Таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст, аз он чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳарчи андар ӯст аз аҳриманон нигоҳ доранд ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумошта, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз кӯҳи Қоф баргузаранд ва чунин гӯянд,ки чаҳор фаришта дар осмонҳову заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав андар сарои кӯҳан бароварда. Ва Эзиди Таоло Офтобро аз нур биофариду осмонҳову заминҳоро бад-у парвариш дод. Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди Таоло. Ва андар вай бо ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди Таолоро иноят беш аз дигарон будааст. Ва гӯянд мисоли ин чунон аст, ки малике бузург ишорат кунад ба халифате аз хулафои хеш, ки ӯро бузург доранду ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки ҳар ки вайро бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гӯянд чун Эзиди табораку Таоло бадон ҳангом, ки фармон фиристод, ки субот баргирад, то тобишу манфиати ӯ ба ҳама чизҳо бирасад, Офтоб аз сари Ҳамал бирафту осмон ӯро бигардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашту шабу рӯз падидор шуд ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро. Ва пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон дақиқа ва ҳамон рӯз бозрасид ва он муддати ҳафтоду се бори қирони Кайвону Урмузд бошад, ки онро қирони асғар хонанд. Ва ин қирон ҳар бист сол бошад ва хар гоҳ ки Офтоб даври хештан сипарӣ кунаду бадин ҷой бирасад ва Зуҳалу Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки хубути Зуҳал андар ӯст, қирон бувад ба муқобалаи ин бурҷи Мизон, ки Зуҳал андар ӯст, як давр ин ҷо ва як давр он ҷо,бар ин тартиб, ки ёд карда омаду ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд, чунонки Офтоб аз сари Ҳамал равон шуд ва Зуҳалу Муштарӣ бо дигар кавокиб он ҷо буданд, ба фармони ЭзидиТаоло ҳолҳои олам дигаргун гашт, чизҳои нав падид омад, монанди он ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, мулукони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро ва аз баҳри он ки ҳар кас ин рӯзро дарнатавонистандӣ ёфт, нишон карданд ва ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд то ҳамагон онро бидонанду он таърихро нигоҳ доранд. Ва чунин гӯянд, ки чун Қаюмарс ин рӯзро оғози таърих кард, ҳар сол Офтобро (ва чун як даври Офтоб бигашт дар муддати сесаду шасту панҷ рӯз) ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахшеро рӯз ва ҳар якеро аз он номе ниҳод ва ба фариштае бозбаст аз он дувоздаҳ фариштае, ки Эзиди табораку Таоло эшонро бар олам гумоштааст. Пас он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзист, соли бузург ном карду ба чаҳор қисм кард.Чун чаҳор кисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузург ва нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оину расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри таърих ва хуррамӣ кардан ба аввали сол. Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд”. Моҳҳои форсиро Умари Хайём дар асараш ин тавр оварда шароҳ додааст:

Фарвардинмоҳ бо забони паҳлавист, маъниаш чунон бошад, ки оғози рустанӣ набот дар вай бошад ва ин моҳ мар бурҷи Ҳамалрост, ки cap то сари вай Офтоб андар он бурҷ бошад.

Ардабиҳиштмоҳ. Ин моҳро Ардабиҳишт ном карданд, яъне ин моҳ он аст, ки ҷаҳон андар вай ба биҳишт монад аз хуррамӣ ва «Ард» ба забони паҳлавӣ монанд бувад. Офтоб андар ин моҳ бар даври рост дар бурҷи Савр бошад ва миёнаи баҳор бувад.

Хурдодмоҳ, он моҳ аст, ки хӯриш диҳад мардумонро аз гандуму ҷаву мева ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи Ҷавзо бошад.

Тирмоҳ. Ин моҳро ба-д-он Тирмоҳ хонанд, ки андар ӯ ҷаву гандум ва дигар чизҳоро қисмат кунанд ва тири Офтоб аз ғояти баландӣ фурӯд омадан гирад ва андар ин моҳ Офтоб дар бурҷи Саратон бошад ва аввалмоҳ аз фасли тобистон бувад.

Мурдодмоҳ, яъне хок доди хеш бидод аз барҳову меваҳои пӯхта, ки дар вай ба камол расад ва низ ҳаво дар вай монанди ғубори хок бошад ва ин моҳ миёнаи тобистон бувад ва қисмати ӯ аз Офтоб мар бурҷи Асадро бошад.

Шаҳривармоҳ. Ин моҳро аз баҳри он Шаҳривар хонанд, ки райиъдахл бувад, яъне дахли подшоҳон дар ин моҳ бошад ва дар ин моҳ барзгаронро додани хироҷ осонтар бошад ва Офтоб дар ин моҳ дар Сунбула бошад ва охири тобистон бувад.

Меҳрмоҳ. Ин моҳро аз он Меҳрмоҳ гӯянд, ки меҳрбонӣ бувад мардумонро бар якдигар. Аз ҳар чӣ расида бошад аз ғаллаву мева насиб бошад, бидиҳанду бихӯранд ба ҳам. Офтоб дар ин моҳ дар Мизон бошад ва оғози ҳариф [тирамоҳ, хазонрез] бувад.

Обонмоҳ, яъне обҳо дар ин моҳ зиёдат гардад аз боронҳо, ки оғоз кунад ва мардумон об гиранд аз баҳри кишт ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи Ақраб бошад.

Озармоҳ. Ба забони паҳлавӣ озар оташ бувад ва ҳаво дар ин моҳ сард гашта бошаду ба оташ ҳоҷат бувад, яъне моҳи оташ. Ва навбати Офтоб дар ин моҳ мар бурҷи Қавсро бошад.

Даймоҳ. Ба забони паҳлавӣ дай дев бошад, ба-д-он сабаб ин моҳро Дай хонанд, ки дурушт бувад ва замин аз хуррамиҳо дурмонда бувад ва офтоб дар Ҷаддӣ, ва аввали зимистон бошад.

Баҳманмоҳ, яъне ин моҳ ба ҳамон монад ва монанда бувад ба моҳи Дай ба сардӣ ва ба хушкӣ ва ба кунҷ андар монда. Ва тири Офтоб андар ин моҳ ба хонаи Зуҳал бошад,ба Далв бо Ҷаддӣ пайвандӣ дорад.

Исфандормадмоҳ. Ин моҳро ба-д-он Исфандормад хонанд, ки Исфанд ба забони паҳлавӣ мева бувад, яъне андар ин моҳ меваҳо ва гиёҳҳо дамидан гирад. Ва навбати Офтоб ба охири бурҷҳо расад ба бурҷи Ҳут.

Мувофиқи кашфиёти муҳаққиқон аз ҳама динҳо қадимтаринашон дини Зардушт ба шумор меравад. Вай тақрибан 800 – 200 со пеш аз милод ба авҷи камоли хеш расида буд. Асари ғояҳои зпардуштӣ дар се шохаи сунати рӯҳонии аҳли сомӣ – яҳудия, насроният ва ислом дарк карда мешавад.Махсусан, дарк кардан ҷоиз аст, ки фарҳанги одоби аҷдоди эрониёну тоҷикон ва мардуми дигари эронитабор дар рушди камоли маънавии мардумони Шарқу Ғарб саҳми шоиста дорад. Наврӯз ба пояи фарҳ такя мекунад, ки барояш худбинӣ, ифротӣ, нодида гирифтану иқрор нанамудан ва ё инкор кардани арзишҳои маънавии халқҳои дигар тамоман бегона мебошад. Тавре олими машҳури юнонӣ Геродот овардааст: “ Эрониён ба қабули урфу одатҳои бегонагон нисбат ба дигар халқҳои дунё майли бештар доранд.Дар воқеъ бо шарофати ҳамин хислати некумардуми эронитабор, эронизабон дар ҷараёни таърихи чандинасраи хеш бо халқи қишварҳои олам – бобулиҳо, мисриҳо,ҳиндуҳо,юнониҳо, арабҳо ва туркистониҳо дар тамоси фарҳангӣ ва таъсири дуҷонибаи маънавӣ буданд. Наврӯз иди пирузӣ бар халқе ва ё соати наҷот аз хатаре нест. Хусусияти ҷолиби Наврӯз он аст, ки ҷашн ба ҳеҷ як воқеаи сифр қавмӣ, миллӣ ё маҳаллӣ бахшида нашудааст. Ҳодисаи ошкор сохтани лаҳзаи Наврӯз кашфи мардуми эронитабор набуда, балки онро бори нахуст мунаҷҷими Юнони Қадим Геродот аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардаасту олими араб Собит ибни Қура ҳамаҷониба таҳқиқ кардааст.Огози сол эълон кардани эътидоли баҳорӣ низ пешниҳоди ҳеҷ фарди ориённажод набуд. Вале маҳз хуросониён эътидоли баҳориро дар таркиби сунати маънавиашон ҷой дода онро дар гардиш гузоштанд. Дар ибтидо дастархони идораи ин мардумро ҳафсин оро медод: сир, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак,сипанд . Баъди аз ҷониби Хилофоти араб забт шудани Осиёи Миёна мардум дастархони идонаро бо ҳафтшин оро доданд, ки анвои шин, шакар, шона, шамъ, шир, шарбат, ширбиринҷ.

Агар ба роҳи ба назар намоёни Офтоб аз нуқтаи назари илми астрономия назар афканем мебинем, ки Осмон гунбади бузургеро мемонад, ки ҷирмҳо дар он гӯиё ҳамчун чароғҳо овезон карда шудаанд ва ҳар як ҷирми кайҳонӣ бо тартиби муайян ва барояш хос ҳаракат мекунад. Пӯшида нест, ки Замин дар атрофи Офтоб аз рӯи мадоре давр мезанад, ки шаклаш ба доира монанд аст. Даври пурраи гардиши Замин ба 365 шаборӯзу (ш.р.) 5 соату 48 дақиқаву 46 сония ё ба 365, 24220 ш.р. баробар аст. Офтоб дар давоми гардиши солонааш аз рӯйи минтақаи бурҷҳо (Эклиптика) ҳаракат карда, дар муддати ҳар 30 рӯз (1 моҳ) аз бурҷе ба бурҷе ҷой иваз мекунад.Масалан, айёми баҳорон аз рӯйи бурҷҳои Ҳут,Ҳамал ва Савр, тобистон аз рӯйи бурҷҳои Ҷавзо,Саратон ва Асад, тирамоҳ аз рӯйи бурҷҳои Сумбула, Мизон ва Ақраб, зимистон аз рӯйи бурҷҳои Қавс,Ҷадӣ ва Далв мегузарад.

Аз тарафи дигар, агар мо экватори Заминро беҳад калон тасаввур кунем, дар кураи осмон он хатти экватори осмонро мемонад. Ҳамвории минтақаи бурҷҳо бо ҳамвории экватори осмон ҳамдигарро дар таҳти кунҷи 23,5 градус бурида мегузарад. Дар натиҷаи чунин буриш ду нуқтае пайдо мешавад, онҳо гӯиё дар охирҳои диаметри осмон ҷойгир буда, яке нуқтаи эътидоли баҳорӣ (ЭБ) ва дигаре нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ (ЭТ) номида мешаванд. Офтоб дар давоми ҳаракати солонааш, тақрибан 21-уми март ба нуқтаи ЭБ мерасад, ки ибтидои баҳори астрономӣ (ИБА) ном гирифтааст.Ҳамин ки Офтоб ба нуқтаи ИБА расид, ҳам дар нимкураи ҷанубӣ ва ҳар дар нимкураи шимолӣ давомоти шабу рӯз бо ҳам баробар мешавад. Офтоб мадори нимкураи чанубиро паймуда ба ҳамин нуқта мерасад ва минбаъд хатти ҳаракати он аз рӯйи мадори нимкураи шимолӣ сурат мегирад. Дар ҳақиқат, дар аввали бурҷи Ҳамал дар ҳарду нимкураи Замин рӯзи нав фаро мерасад, ки ниёгони мо ин лаҳзаро Наврӯз ном ниҳодаанд. Дар сар то сари олам эҳёи табиат ба вуқӯъ меояд ба кӯҳу даман абрҳои боронӣ паҳн мешаванд, гиёҳу сабзаҳо неш мезананд, дарахтон ба ғунчабандӣ оғоз менамоянду ҷонваракон ба ҷунбиш медароянд. Дар лаҳзаи нимрӯзӣ Офтоб нисбат ба уфуқ рӯз то рӯз баландтар мешавад ва ба ҳамин минвол 22 – юми июн ба ҳолати максималӣ мерасад, ки онро инқилоби тобистонаи Офтоб (ИТО) меноманд. Дар ин вақт рӯзи дарозтарину шаби кӯтоҳтарини сол ба амал меояд. Дар гуфтугӯи мардумӣ ин лаҳзаро қиёми Офтоб меноманд. Минбаъд рӯзҳо кӯтоҳтар шудан мегиранд ва 23 –юми сентябр Офтоб ба нуқтаи ЭТ мерасад. Дар ҳарду нимкураи осмон давомнокии шабу рӯз баробар мешавад ва минбаъд фасли тобистон ҷояшро ба фасли тирамоҳ иваз мекунад. Баъд давомнокии шаб зиёдтар шуда, рӯзҳо кӯтоҳтар мешаванд ва рӯзе, ки Офтоб ба нуқтаи инқилоби зимистона (ИЗ) расид, шаби дарозтарин - шаби ялдо фаро мерасад. Ин шаб, тақрибан ба 22-юми декабр рост меояд. Офтоб дар ин макон якчанд рӯз таваққуф карда, баъдан инқилоб мекунад. Давомнокии рӯз оҳиста-оҳиста зиёд мешавад ва Офтоб 21 –уми март боз на нуқтаи ЭБ мерасад.

Соли 1076 дар шаҳри Исфаҳони Эрон бо фармони Маликшоҳи Салҷуқӣ Расадхонаи астрономӣ бунёд мегардад. Бо мақсади ба роҳ мондани мушоҳидаҳои амалӣ дар соҳаи нуҷум ва ба ин макони илмӣ роҳбарӣ кардан, дӯсти давраи ҷавониаш Абуалӣ Ҳасан , ки дар таърих бо номи Низомулмулк машҳур аст, Умари Хайёмро ба пойтахти давлати Салҷуқиён – шаҳри Исфаҳон даъват мекунад. Дар он замон тақвиме дар истифода қарор дошт, ки ёздаҳ моҳаш 30 рӯзӣ ва моҳи дувоздаҳумаш 35 рӯзро дарбар мегирифт. 5 рӯзи иловагиро ба моҳи дувоздаҳум аз он сабаб илова мекарданд, ки оғози сари сол, яъне Наврӯз ба нуқтаи ЭБ мувофиқ ояд. Мутаассифона, рӯзи сари соли нав на ҳамеша ба нуқтаи ЭБ рост меояд. Маликшоҳ ба сарвари мунаҷҷимони расадхона –Умари Хайём супориш дод, то тақвиме омода созад, ки дар он ҷашни Наврӯз бо нуқтаи ЭБ мувофиқ афтад. Мунаҷҷими бузург ба тартиб додани чунин тақвим пардохт. Ӯ ҳамчун математик ба ин кор шурӯъ кард. Ҳамчун асоси тақвими нав касри – ро қабул кард. Ин каср чунин маъно дошт, ки дар 33 соли шамсӣ 8 солаш кабиса (аз 366 ш.р.) иборат ва 25 солаш муқаррарӣ (аз 365 ш.р.) иборат ҳисоб карда шавад. Барои он ки дар даври 33 сола баробарии шабу рӯз аз вазъи муқаррариаш берун наравад, солҳои кабиса 7 маротиба, баъди се сол ба соли чорум ва дар охир, баъди чор сол ба соли панҷум такрор мешуданд. Ҳамин тавр солҳои кабиса дар тақвими нав солҳои 4-ум, 8-ум, 12-ум, 16-ум, 20-ум, 24-ум, 28-ум ва 33 –юм такрор меёфтанд. Тақвими Умари Хайём, ки дар таърих бо номи “Тақвими Маликшоҳӣ” ё “Тақвими Яздигурдӣ” машҳур аст, то ҳол дар ҷаҳон дақиқтарин тақвим ба шумор меравад. Тақвими Маликшоҳӣ аз соли 1079 инҷониб дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар истифода қарор дорад. Ҳисоби миёнаи сол дар ин тақвим ба 365 = 365, 24242 шаборӯз баробар аст. Ин бузургӣ аз қимати аслии соли астрономӣ, ки ба 365, 24220 баробар аст, ҳамагӣ ба бузургии 0,00022 ш.р. фарқ мекунаду халос. Ин чунин маънӣ дорад, ки саҳви тақвими Умари Хайём дар 4500 сол 1 шаборӯзро ҳосил мекунад, дар сурате, ки саҳви тақвими исавӣ (григорианӣ) дар 3280 сол ба 1 шаборӯз баробар аст.

Асадулло Шарифзода, Олимҷон Каримов кормандони илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.