Skip to main content
Наврӯз ин оғози соли нав, зиндашавии табиат, оғози сабзиданҳост! Бале, Наврӯз ин ҷашни аҷдодии мо тоҷикон аст, ки аз замони ҳукумронии Шоҳ Ҷамшед маншаъ гирифта, дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ҳукми байналмилалиро касб намудааст.

Бояд гуфт, ки ин ҷашни аҷдодии миллати тоҷик Наврӯз бо ташаббусҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2010 мақоми байналмилалӣ касб намудааст, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми миллати куҳанбунёди тоҷик аст.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд, ки Наврӯз ба худ суннатҳои хос дорад, ҳанӯз аз даврони қадим дар баргузории ин ҷашни пуршукӯҳ яъне Наврӯз мардум ба ҳам омада, рафтани фасли сармо, раҳоӣ ёфтан аз сардию нодорӣ ва расидан ба фасли гармову дороӣ, оғоз намудан ба кишту корро ҷашн гирифта, хушҳолӣ менамуданд ва ин ойин то замони мо омада расидан рушди бемайлон намудааст, дар ҳар гӯшаву канори мамлакатамон мо бараъло мушоҳида менамоем, ки ба муносибати омадани фасли баҳор ва ҷашн гирифтани Иди Наврӯз тамоми инсонҳо анъанаҳои аҷдодони гузаштаамонро пешаи худ намуда, шуруъ аз тозаву озода намудани хонаву кошонаи худ, таъмир намудани хонаву ҷои кор, сафед кардани хонаҳо, на танҳо сафеду тоза кардани хонаҳо, балки дилҳоро низ аз кибру ғуруру кинаву адоват тоза намуда, бо нафароне ки қаҳрӣ буданд, бахшиши гуноҳҳои якдигар намуда, дӯстиву бародариву рафоқатро пеша менамоянд ва ба тоза намудани ҷуйбору заҳбурҳо, аз ҷуфт баровардани заминҳо ва умуман шуруъ намудан ба корҳои деҳқонӣ ва ободкориҳо бо дасту дили гарм ва нияти нек якҷоя оғоз менамоянд.

Тоҷикистон, ки ҳавои мутобиқ барои кишту кор дорад ва ҷашни Наврӯз сирф ҷашни тоҷикон аст, Тоқикистонро ватани Наврӯз меноманд. Дар омад – омади ин ҷашни қадимаи аҷдодиамон деҳқонон ба ҳам омада, бо нияти нек ва дасту дили гарм омодагӣ ба маросимҳои ҷуфтбаророн ва кишту кори ғалладонагӣ мебинанд. Аз сарчашмаҳои қадима бар меояд, ки деҳқонон дар замонҳои қадим, пеш аз оне, ки ба кишту кор оғоз намоянд, барои фаровон омадани сол аз шахси куҳансолтарин дуои хайр гирифта, ба шохи говҳои ҷуфтӣ равған мемолиданду занҳои куҳансол бониятҳои нек ба сари говҳи ҷуфтӣ орд мепошиданд, чун орду равғанро мардум натиҷаи дороӣ, сафедии кор ва серию фаровонӣ медонистанд, гуфтан ба маврид аст, ки файзу баракат ва дороии мардум аз файзи кори деҳқон аст.

Миллати тоҷик миллати меҳнатқарин буда, дар баробари мардон ба кори кишту кор оғоз намудан, занону бонувон низ ба муносибати ҷашн гирифтани Наврӯз хӯрокҳои гуногуни наврӯзӣ омода мекунанд, ки ҳар яки аз ин хӯрокҳои баҳорӣ ба худ лаззати хос доранд, хӯроки асосие, дар ҷашни Наврӯз бидуни он таҷлил намуданаш ғайриимконаст, ин суманак аст, ки асоси хони Наврӯзиро ин хӯроки лазиз ташкил медиҳад. Аз қадим то ҳол модарону бонувони мо тоҷикион дар омоданамоии ин хӯроки миллии қадима ва рамзии Наврӯзӣ маҳорати баланди кадбонугӣ доранд, ки 10 – 15 рӯз пеш аз ҷашнгирии Иди Наврӯз дар зарфҳои гуногун гандуми тозакардашударо гирифта онро бо нигоҳдории махсус сабзонида тайёр мекунанд, баъд аз тайёр шудани сабзааш онро дар уғуракҳо кутида шираашро ҷабида мегиранд ва ин шираи ҳосилшударо як шабонарӯз дар дегҳо калонҳаҷм ҷушонида, аз он суманак тайёр мекунанд ва ин суманаки тайёркардашударо мужда аз омадани Наврӯз ва ҳамчун ширинии табиӣ ба хонаҳои ҳамсояҳо ва хешу ақрабо тақсим мекунанд, ки ин дорои таърихи тулонӣ будава асоси ороиши хони наврӯзӣ аст, дар қатори суманаки тайёркардашуа сабзаи сабзондаи гандумро низ дар хони наврӯзӣ мегузоранд, ки ин ҳам ба худ рамзи хос, рамзи сабзидан ва аз нав эҳёшавии табиат, файзу баракат, сарсабзӣ, умед бастан ба фардои зиндагиро дар худ таҷассум мекунад. Суннати дигаре, ки барои фаровон омадани соли нав аз ғалладонагӣ: гандум, нахӯд, лубиё ва гиёҳҳои шифобахш хӯроки махсусе омода мекунанд, бо номҳои гуногун дар ҳар минтақа ном мебаранд: далда, кашк, дангича, гандумкӯча ин хӯрок ҳам хӯроки Наврӯзӣ буда таърихи тӯлонӣ дорад, ки яке аз ҷузъҳои асосии хони Наврӯз аст, ин ҳам бо заҳмати зиёд омода карда мешавад.

Дар баробари суннатҳои дигар хони наврӯзиро бо Ҳафтсину Ҳафтшиноро медиҳанд, ки хӯрокҳои омодашуда, меваҳо ва маводҳои доруворӣ (гиёҳҳои доруворӣ) ва асбобҳои рӯзғор бо ин ҳарфҳо оғозшаванда дар хони наврӯзӣ гузошта мешаванд. Аз қабили: суманак, себ, сабзӣ, сирко, санҷид, сипанд, самбӯса. Шир, ширбиринҷ, ширинӣ, шарбат, шакар, шона, шакароб.

Дар баргузории ҷашни Наврӯз миллати куҳанбунёди мо, ки фарҳанги ғанӣ доранд, аз ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ва асбобҳои рӯзғордории омоданамудаашонро ба марази тамошо мегузоранд, ки ин шаҳодат аз меҳнатдӯстӣ, ҳунармандӣ, фарҳангдорӣ ва қадима будани миллатро фаҳмонида ва аз насл ба насл ба мерос гузоштани расму ойинро мефаҳмонад, ки ҳамаи ин ба муносибати баргузории ҷашнгирииНаврӯз фароҳам оварда мешавад.

Аввалин мужда аз фаро расии Наврӯзро ин гули Наврӯзӣ меорад, ки ҳангоми аз замин сар заданаш мардум омадани Наврӯзро пай бурда дар омодагиҳои таҷлили ин ҷашн мешаванд ва кӯдакон ин гулҳоро бо шодию сурур чида маросими гулгардониро барпо мекунанд, ин суннати дерина бо шиорҳои “Наврӯз муборак.”, “Муждагонӣ диҳед, ки Наврӯз омад.”, “Баҳор муборак.” аз ҷониби кӯдакон баргузор карда мешавад, ки боиси хушҳолии кӯдакон мегардад вамувофиқи анъанаҳо кӯдакон ба шахсоне, ки мужда аз фарорасии Наврӯзро расонида гули Наврӯзиро тақдим мекунанд, онҳо кӯдаконро бар ивази гул шириниҳо дода хушҳол мегардонанд.

Яке аз суннатҳои қадима ва шавқовари ҷашни Наврӯзӣ ин бозиҳои варзишӣ аст, ки дар раванди баргузории ҷашни Наврӯз ин бозиҳои хоси Наврӯз, бо як эҳсоси баланд баргузор карда мешаванд, аз қабили: гӯштингирӣ, бандкашӣ, давидан, аспдавонӣ, вазнбардорӣ, бузкашӣ ва амсоли инҳо бо хушҳолиҳо баргузор карда мешаванд, барои иштирок дар ин бозиҳо аз тамоми гушаву канор паҳлавонон ҷамъ омада, бо як хушҳолӣ қувваозмоӣ менамоянд. Ҳамчуниндар ҷашнгирии иди Наврӯз маҳфилҳои шеъру суруд (шеърбарак, сурудхонӣ, чистонгӯяк) баргузор карда мешаванд, ки дӯсторони илму адаб бо замзамаҳои мисраҳои пурмазмуну пурмаънӣ хотири ҷамъомадагонро шод гардонида, ҳамзамон ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон қадр карда мешаванд ва ин гуна маҳфилҳо барои фолклоршиносон низ метавонад як заминаи мусоиде фароҳам орад, ки метавонанд ба минтақаҳо рафта аз дилхоҳ иштирочии ин маҳфилҳо шеъру суруду чистонҳоро сабт карда гиранд. Хурсандиву хушҳолӣ ва тантанаи ҳамасолаи ҷашни Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистони мо, ё ин ки дар давлатҳои форсзабон, балки дар тамоми дунё таҷлил карда мешавад ва хурсандиовараш он аст, ки тамоми миллатҳои дунё ибораи “Наврӯз муборак” - ро бе тарҷума яъне бо забони ноби тоҷикӣ истифода бурда, “Наврӯз муборак” мегуянд, ки боиси ифтихори мо тоҷикон аст.

А. Саидов – ходими хурди илмии Шуъбаи географияи АМИТ