Skip to main content

Дар шароити имрӯза низоми нав ва мураккаби ҷаҳони ташаккул ёфта истодааст, ки моҳиятан метавон онро бисёрқутба ва бисёрсатҳа номид. Яке аз хусусиятҳои муайякунандаи низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ тағйирёбии он ба ҳисоб меравад. Дар асоси чунин тағйирёбӣ рафтори иштирокчиёни асосии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, истифодаи восита ва методҳои бадастории мақсадҳо низ то андозае дигаргун гардидаанд.

Аз чунин мавқеъ сиёсати хориҷӣ ин роҳу самтҳои муайянкардаи давлат дар фаъолияти байналмилалӣ мебошад, ки ин муносибатҳоро бо дигар давлатҳо вобаста ба принсип ва манфиатҳои худ ба воситаи шакл ва усулҳои гуногун ба амал мебарорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Истиқлоли сиёсӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти барӯманд тавонист ҷойгоҳи шоиста ва таърихиеро дар ҷаҳони муосир ва арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, илова бар ин, ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз рисолати волои истиқлолият миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намудааст.

Боиси зикр аст, ки дар ҳама давру замон кишварҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии худ дар арсаи байналмилалӣ, расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоди боэътимоду боварибахш ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, ба роҳ мондани чунин навъи иттиҳоди боэътимод дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ки яке аз ниҳодҳои пуриқтидори дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошанд, омили асосии расидан ба марому мақсадҳои ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Вақте аз назари коршиносӣ ва диди воқеъбинона баҳо диҳем, ки чи гуна Ҷумҳурии Тоҷикистон – як кишвари ошӯбзадаву дар ҳоли ҷанг қарордошта ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа ва яке аз кишварҳои осоиштаву бонизом дар ҷаҳон табдил ёфт, мусаллам хоҳад гашт, ки бешубҳа, ин ҳама дастоварду комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи барномарезии дақиқ, талошҳои пайгирона ва хидматҳои софдилонаи фарзанди фарзонаи миллати шарафманди тоҷик, қаҳрамони миллат Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон аст.

Нигоҳе аз даричаи имрӯз ба рӯзҳои аввали таъсиси давлатдории тоҷикон пас аз истиқлол ва ташаккули заминаҳои сиёсати хориҷӣ нишон медиҳад, ки роҳандозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар он шабу рӯз чун ҷузъи раванди умумии ҳаводиси кишварҳои пасошӯравӣ сурат мегирифт.

Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани Пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Маҳз барои миллати азиятзада, ранҷкашида ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯз доштани Пешвои сиёсӣ, эътирофи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб мекунад [12, 13].

Бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва малакаи беназири сиёсии худ, Пешвои миллат дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шикананд ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшанд. Дар ин замина Пешвои миллат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи равшан ва мусбии робитаи байни “амният” ва “рушд” ба ҳисоб меравад. Бо кӯмак ва мусоидати Созмони Милали Муттаҳид мо аввалин шуда, барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола эҳтиёҷи кишварамонро ҳамаҷониба арзёбӣ намудем [9, 112].

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тавонистанд дар даврони истиқлолият на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созанд, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ шинохта шавад.

Таърихи ҷаҳон собит месозад, ки дипломатия нахуст дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ рӯи кор омадааст, ки аз ҷониби ҳокимон ва шоҳони бонуфузи давлатҳо расмияти ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Пайдоиши он, пеш аз ҳама, ба зарурати таъмини амният, иттиҳоди инсонҳо ва ҳамгироии давлатҳо иртибот дорад. Зеро баъди фоҷиаҳои хунини байнидавлатӣ шоҳони давлатҳои қадим барои наҷоти давлат ва халқи худ рӯй ба ҷониби гуфтушунид меоварданд, ки дар таърихи инсоният бо номи дипломатия маъруф аст.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, 1 октябри соли 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

2. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 – ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.

3. Ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид №67/204, ки муаллифаш Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

4. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.

Ин ташаббус аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномае (A/RES/71/222) қабул карда шудааст. Мутобиқи қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуда, он аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Яъне, ҳадафи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Дигар ин ки, яке аз ҳадафҳои бунёдии расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи давлат оид ба беҳдошти вазъи экологӣ, ҳамчунин ҳифзи захираҳои обӣ мақоми ҳар як узви ҷомеа низ калидӣ маънидод мегардад.

Дар ин робита, бояд зикр кард, ки моҳи июни соли 2018, пас аз оғози расмии Даҳсолаи мазкур дар шаҳри Ню-Йорк дар рӯзи ҷаҳонии об (22 март), дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми давлату ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” баргузор гардид, ки зимни он доираи васеи масъалаҳои марбут ба захираҳои об мавриди баррасӣ қарор дода шуданд [1, 49].

5. Пешниҳоди навбатии Пешвои миллатро, ки 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ин иқдом бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис гардида, дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе ба нақша гирифта шуд.

Ҳоло бо назардошти пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави Пешвои миллат оид ба эълон гардидани “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар марҳалаи татбиқи ин амр Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор бештар аз ҳар вақти дигар мавриди таваҷҷуҳ хоҳад буд. Зеро таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ташаббуси пурарзиши Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад гузошт.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Пешвои миллат аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он шарт ва заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар фазои муносибатҳои экологӣ тамоми мушкилоти мавҷуда ба самтҳои алоҳида таснифбандӣ гардидаанд. Миёни мушкилот ва муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза баромад менамояд, ба мушкилоти рақами якуми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст.

Тағйирёбии ҷаҳонии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологиест, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш ва мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай аз худ дарак дода истодааст.

Вобаста ба масъалаи об метавон қайд кард, ки об дар ҷаҳон, махсусан дар Осиёи Марказӣ неъмати бебаҳо, муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии минтақавист [5, 153]. Он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии ҳаётӣ будан, асосан дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло муайян карда шудааст, ки зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи Баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарф мегардад. Бо афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани кишварҳои минтақа ба шукуфоии иқтисодӣ талабот ба об торафт зиёд мешавад. Дар шаст соли охир шумораи аҳолӣ дар минтақа аз 20 миллион ба 65 миллион нафар ва талабот ба истеъмоли солонаи об аз 60 км3 ба 110 км3 расида, мувофиқи пешгӯиҳои илмӣ, ин талабот то соли 2030 боз то 20 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо масъалаи таъминоти минтақа бо обро дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард.

Аз ин рӯ, масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва бо чизе ивазнашавандаи табиат Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 20 соли охир ташаббускори фаъоли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо Пешвои миллат яке аз ҷойгоҳи калидиро дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ касб намудааст.

Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии ҳоҷагии оби Осиёи Марказӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҷумҳурии мо бо назардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои оби дар ихтиёрдоштааш оқилона истифода намояд.

Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал, агар бориши зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар, пиряхҳоест, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии (кӯҳнаи) донакдор ва пас аз гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил меёбанд.

Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.

Албатта, ин пазироӣ ба сифати кишвари ташаббускор асосҳои худро дошта, дар ин замина то ба имрўз дар аксари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои экологӣ ва ҳалли мушкилоти соҳа дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон зикри худро ёфтаанд.

Алалхусус, дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан масъалаҳои тағйирёбии иқлим, норасоии оби нўшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини аманияти экологии инсоният қарор гирифтааст.

Дар ҳамин раванд соли 2008 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардида буд: «Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад» [2].

Дар мавриди зикршуда ҳолати таъсири нобасомони гармшавии иқлимро нисбат ба пиряхҳо мушоҳида карда метавонем, ки дар ҳолати чораҷўйӣ накардан аз ҷониби мамлакати алоҳида ва ё дар якҷоягӣ давлатҳои минтақа ва ҷаҳон метавонад ба оқибатҳои ногувори табиӣ оварда расонад. Дар баробари ин, обшавии пиряхҳо барои нигоҳдории муътадили обанборҳои сунъӣ сохташуда, неругоҳҳои барқию обӣ, киштзорҳо, ҷойҳои аҳолинишин метавонад таҳдиди бевосита дошта бошад, зеро аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани об дар гардиш метавонад ба ин оқибатҳои ишорагардида оварда расонад.

Дар баробари ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 таъкид ба амал оварда шудааст, ки “тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд” [3].

Аз ин рӯ, масоили вобаста ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат чунин иброз менамоянд: “…тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зурурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд” [4].

Пешвои миллат 3 марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Пешвои миллат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии ҷаҳонӣ маънидод карданд.

Дар ин робита Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.

Аз ин лиҳоз, ба назари мо, чунин ташаббус ва иқдомоти Пешвои миллат, ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори кишвар дар солҳои дигар мусоидат карда, бар замми ин барои тақвияту вусъати ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якқатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаву ниҳодҳои он заминаи манфиатовар мегузорад.

Пешвои миллат дар суханронии худ дар ҳошияи “Иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Ммуттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)”, чунин иброз намуда буданд: «Мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзуъҳои асосии Конфронс пешниҳод намудаем. Мо, ҳамчунин, дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об тарҳи Рӯзномаи амал дар соҳаи обро, ки бояд уҳдадориву амалҳоро дар чорчӯби Конфронси соли оянда ба ҳам оварад, манзур намудем. Итминон дорам, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург моро дастгирӣ хоҳанд кард» [10]..

Ҳамчунин дар суханронии хеш Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Таъкид низ гардид, ки ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Зиёда аз 98 фоизи нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчўби пешниҳодҳои болозикри ҷониби Тоҷикистон дар соли 2025 дастгирӣ ёфтани баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе – пойтахти кишвари азизи мо аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон бозгўйи давлати пешоҳанг ва бунёдгузори ташаббусҳои созандаву фарогир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Воқеан, баргузории конфронси мазкур метавонад барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад.

Бо назардошти ин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пазируфта шуд, ки ҳолати мазкур некбинона ва ояндасоз будани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллатро ифода менамояд.

Дар баробари ин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои милливу байналмилалӣ ва мақсаднок гузаронидани Конфронси болозикр вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоти байналмилаливу ҷамъиятии дар ҳудуди кишвар фаъолияткунандаро зарур аст, ки мушкилот, масъалаҳо, мавзӯъҳо ва таҳқиқоти илмиву амалии марбут ба ҳифзи прияхҳоро коркард намуда, ҷиҳати чораандешии дарозмуҳлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои баррасӣ дар ҳамоиши мазкур пешниҳод созанд.

Тағйирёбии иқлим дар сайёра масъалаи танҳо як кишвар нест. Ин офати сустҳаракаткунанда аст ва оқибат ба ҳама кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Роҳҳои ҳалли он ба ҳукумати ҳамаи кишварҳо дахл мекунанд. Пешгирии таъғирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба инсоният вобастагии зич дорад ва итминон дорем, ки бо пешниҳодҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои олам тадбирҳои заруриро барои нигоҳ доштани пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим сари вақт амалӣ месозанд.

Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз он дарак медиҳад, ки чунин ташаббусҳо на танҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо балки ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои обӣ, инчунин, роҳандозӣ гардидани ислоҳоти дурусти муҳофизати пиряхҳо нақши муҳиму созанда ва бунёдӣ доранд. Зеро дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳими ҳифзи пиряхҳо зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омаданд.

Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо чанд маркази муҳимми қудрат ва бозингарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.

Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, зарурати рушду таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории судманд, аз ҷумла дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт таъкид менамоянд. Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, ҳамроҳ бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш нуфуз ва мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ медорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад [11, 436].

Ба таъкиди Пешвои миллат, пиряхҳо – манбаи асосии оби тоза мебошанд. Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ростои тағйири иқлим ва ҳифзи пиряхҳо бо назардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ саҳми худро дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим хоҳад гузошт.

Ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки ташаббусҳои ояндасози Пешвои миллат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Инчунин, боис гардид, ки оламиён Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил эътироф намоянду тоҷиконро ба ҳайси мардуми дорандаи таърихи куҳан, сулҳпарвар, башардӯст ва бунёдкор шиносанд. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ҳоло иқдоми панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон – “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гашта истодааст. Дар ин ҳошия, масъалаи тағйирёбии ҷаҳонииии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифтааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Пешвои миллат саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва татбиқ гардида истодаанд.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1. Мактаби давлатдории Эмоммалӣ Раҳмон: масъалаҳо ташаккул ва рушд. Ҷилди 11. – Душанбе: “Фасли-4” 2021. – 424 с.

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.04.2008 URL:http://www.prezident.tj/node/195 (санаи муроҷиат 21.12.2022)

3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021 URL: http://www.prezident.tj/node/27417 (санаи муроҷиат 21.12.2022)

4. Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15.12.2022 URL: http://www.prezident.tj/node/29795 (санаи муроҷиат 21.12.2022)

5. Раҳмонзода А.Ш. Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир. Монография / А.Ш. Раҳмонзода. – Душанбе, 2022. – 172 с.

6. Раҳмонзода А.Ш. Стратегияи оид ба об ва масъалаҳои об ҳамчун омили ташаккули ҳувияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон / А.Ш. Раҳмонзода // Маводи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Об чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ» бахшида ба оғози ташаббуси глобалии Тоҷикистон “Даҳсолаи байналмилалии амал-об барои рушди устувор дар солҳои 2018–2028”. –Душанбе, муассисаи нашриявии “Дониш”-и АИ ҶТ, 2018. –С. 14–20. (дар ҳаммуаллифӣ)

7. Раҳмонзода А.Ш. Пешвои миллат – ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон муосир (масъалаи об) / А.Ш. Раҳмонзода Маводҳои конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 5-6 октябри соли 2021, н. Данғара 552. Саҳ 465-471.

8. Раҳмонзода А.Ш. Саҳми Пешвои дар пешбурди сиёсати обӣ дар ҷаҳони муосир. Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии “Президент-кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”, 13-14 ноябри соли 2021. Нашриёти “Ношир”. –Хуҷанд, 2022. Саҳ 230-237.

9. Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрамва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии тоҷикистон / мураттиб ва муаллифи пешгуфтор З.Ш. Сайидзода. – Душанбе: ҶДММ “Контраст”, 2018. – 422 с.

10. Суханронӣ дар иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) URL:http://www.prezident.tj/node/29562 (санаи муроҷиат 21.12.2022)

11. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. – Душанбе: “Ганҷ-нашриёт”, 2018. – 436 с.

12. Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат. Душанбе, - “Маориф”, 2016. – 414 с.

РАҲМОНЗОДА А.Ш., номзади илҳои таърих ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ