Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз Боғи ботаникии Помири Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозид намуданд.
Зимни бозид иттилоъ дода шуд, ки Боғи ботаникии Помир дар заминаи Институти биологии Помир буда, соли 1940 таъсис дода шудааст ва асосгузор ва директори дойимии он то соли 1965 доктори илмҳои биологӣ, профессор А.В.Гурский буд, ки имрӯз Боғ номи ӯро дорад.
Бояд гуфт, ки самтҳои асосии таҳқиқот - интродуксия ва акклиматизатсияи растаниҳо, кабудизоргардонии шаҳру деҳаҳо, тайёр кардани маводи шинондании растаниҳои гулдори ороишӣ, муайян кардани соҳа ва захираҳои ашёи хоми растаниҳои табобатӣ мебошад.
Боғи набототи Помир ба сифати лабораторияи табиӣ баҳри омӯзиши фаъолияти ҳаётии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст. Он муассисаи махсусгардонидашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-маърифатӣ буда, баҳри захира намудани генофонди растаниҳои гуногуни маҳалӣ ва аз ҷойҳои дигар овардашуда, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои экологию биологии онҳо, истифодаи пурсамари навъҳои пурқиммати онҳо дар кабудзоркунӣ, хоҷагии кишлоқ, саноати хӯрокворӣ ва тиб хизмат мерасонад.
Боғи наботот ҳамчун музеи зиндаи ба худ хоси табиати Помир буда, дар он намояндагони асосии олами набототи ин кишвари кӯҳсор гирд оварда шуда омӯхта мешаванд.
Гуфта шуд, ки Боғи набототи Помир дар байни боғҳои набототи тамоми дунё мавқеи махсус дорад. Вай ҳамчунин манбаи тухмии набототи баландкӯҳ таваҷҷӯҳи боғҳои мамолики дигарро ба худ ҷалб менамояд. Боғ ҳар сол 200 намунаи тухмӣ аз минтақаҳои гуногуни дунё дастрас менамуд. Мубодилаи тухмӣ бо 25 суроғаи муассисаҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қариб 40 суроғаи мамлакатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад. Боғи наботот дар ниҳолхонаҳо ва коллексияи наботот зиёда аз 30 ҳазор намуду шакл ва навъи растаниҳоро аз омӯзиш гузаронид.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Боғи наботот осорхонаи «Табиати Помир» ташкил дода шудааст. Дар он зиёда аз 800 нигора гирд оварда шудаанд, ки шароитҳои табиати Помир, намояндагони асосии олами набототу ҳайвоноти онро шарҳ медиҳанд. Хазинаи растаниҳои Боғ қариб аз 4000 намуду навъҳо иборат аст, ки онҳо дар коллексияҳои наботот ва растаниҳои маҳаллии ҳудуди мамнӯнгоҳ мавҷуданд. Дар коллексияҳо қариб 3000 намуд, шаклу, навъи дарахту буттаҳо ва алафҳо гирд оварда шудаанд.
Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Коллексияи растаниҳои Боғ ар рӯйи принсипи ҷуғрофӣ тартиб дода шудааст. Дар он растаниҳои Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш, Аврупо, Қриму Кавказ ва Амрикои Шимолӣ мавҷуданд.