«Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем».
Эмомалӣ РАҲМОН
Тавре ҳамагон хуб медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ва ба таври пайваста зимни вохӯрию мулоқотҳои худ бо аҳли ҷомеа иброз менамоянд: “Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва инчунин тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон яке аз муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллии сартосарӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор азноми мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам”.
Мо насли даврони Истиқлол бояд хуб дарк намоем, ки Ваҳдати миллӣ ин танҳо фақат амали сиёсӣ нест. Балки он тимсоли як фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллӣ аст. Махсусан, насли наврас ва ҷавонони Тоҷикистон бояд дар рӯҳияи ваҳдатпарастӣ, таҳаммул, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия ёбанд. Чунки ҳифзи Ваҳдати миллии сартосарӣ кори як нафар ё як гурӯҳи алоҳида нест. Ба пиндори камина ҳифзу гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.
Зеро, муттаҳид шудан дар атрофи сиёсати созандаю ободкоронаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон ин худ як нишони барҷаста ва рамзи гӯёи сулҳу ваҳдати воқеии миллат мебошад.
Дар таърихи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида буд, ки ин Созишномаи таърихӣ ҳамчун санади тақдирсози миллати тоҷик шинохта шудааст. Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ басо бамаврид қайд намудаанд, ки “Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд”.
Дар чунин як шароити бисёр ҳам душвор ва вазъи хатарбор фарзандони содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллатро водор намуд, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва дар навбати аввал, пеш аз ҳама даъват кардани Иҷлосияи XVI - Шурои Олӣ ягона мақоми босалоҳияти он рӯзҳоро зарур шуморанд ва инчунин бо мақсади оромӣ ва тинҷию осоиштагӣ иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд”.
Оре, маҳз дар он даврони душвору пуртаҳлука хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон тамоман нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд. Чунки маҳз пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутаассифона, мамлакати орому осуда ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Аз ин рӯ, солҳои 1992–1997 дар таърихи навини кишварамон ҳамчун солҳои сиёҳ ва талху бисёр ҳам фоҷиавӣ боқӣ мондаанд. Чунки дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беш аз 150 ҳазор нафар ашхоси комилан бегуноҳ кушта шуда, инчунин садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон муҳоҷири иҷборӣ гардида ва бар замми ин ба таври пурра фалаҷ шудани сохторҳои давлатӣ ва иқтисодии мамлакатро ба бор овард.
Хушбахтона, ба шарофати хомӯш гардидани ин ҷанги таҳмилӣ дар чунин шароити душвор як нафар абармарди диловар ва марди ғаюру нотарс, шахсияти нав ба саҳнаи сиёсӣ қадам гузошт, ки ин ҷавонмарди асил ва фарзанди фарзонаи миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Чунки дар шароити нобасомониҳои сиёсиву иҷтимоӣ, бе ягон гуна таҷрибаи бузурги давлатӣ, вале бо имони қавӣ ба миллат ва иродаи матин, роҳбарии мамлакатро ин марди бузург бар дӯш гирифт ва аҳд кард: «Ман ба шумо сулҳ меорам!»
Ниҳоятан, ана ҳамин ваъда ба меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон табдил ёфт. Ҷараёни музокироти сулҳ, ки беш аз ду сол тӯл кашид, бо ибтикори шахсии Пешвои муаззами миллат ва ҳамкориҳои созанда бо як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Созмони Конфронси Исломӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар ҷонибҳои дахлдор, дар ниҳоят ба натиҷа расид.
Дар натиҷаи саъю талошҳои зиёд ва гуфтушунидҳои бешумор рӯзи 27-уми июни соли 1997 - санаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар таърихи тоҷикон саҳифаи тозаеро гӯиё боз намуд. Ин санади таърихӣ на танҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима бахшид, балки заминаи ҳамгироии миллиро низ пурра овард.
Маҳз бо эҳтимому кӯшишу талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои даргиру мухолиф сари мизи гуфтушунид нишаста, заминаи ризоияти миллӣ ва Ваҳдати миллиро гузоштанд.
Тавре мо хуб медонем имрӯз, бо гузашти 28 соли расо аз таърихи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, мо мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҷавонони зодаю парвардаи даврони соҳибистиқлолии кишварамон шоҳиди он ҳастем, ки Тоҷикистон дар фазои оромиву субот ба рушди устувор ноил гардидааст.
Феълан дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд. Аз ҷумла, бунёди нақбу шоҳроҳҳои стратегии байналмилалӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои зиёди тиббӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ, шаҳодати равшани татбиқи сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатофари Сардори давлат мебошанд. Аз ин рӯ, шукргузорӣ намудан ва расидан ба қадри ин гуна неъмати басо нодир вазифаи ҳар кадоми мо ба шумор меравад. Ба ифода шоира Шаҳрия:
Тоҷикистонам гулафшон аз баҳори Ваҳдат аст,
Дар нигоҳи офтоби ӯ шарори Ваҳдат аст!
Каримов О.Х., Ҳакимова З.Ҷ. ходимони илмии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ.