Ваҳдати миллӣ — ин ҳамдилии тамоми табақаҳо, гуруҳҳо ва миллатҳои сокини як давлат дар заминаи якпорчагии ҳудудӣ, сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Ин мафҳум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, мақоми бисёр муҳиму рамзӣ гирифт ва ба як шохаи муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Калимаи "ваҳдат" — аз забони арабӣ буда, маънояш иттиҳод, ягонагӣ, ҳамдилӣ мебошад.
“Ваҳдати миллӣ” яъне ягонагии мардум дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ, монанди тамомияти арзии давлат, истиқлолият, сулҳ, њифзи арзишҳои фарҳангӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо як шиор, балки асоси ҳастии давлати муосир ва шарти аввалини сулҳу пешрафт аст. Он моро водор мекунад, ки дар зери Парчами давлатии Ҷумщурии Тоҷикистон муттаҳид буда, дар рӯҳияи эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, арзишҳои умр ба сар барем ва барои рушди устувори мамлакат саҳмгузор бошем.
Масъалаи таъмини вахдати милль на танщо ҷихати сиёсии дохилӣ, балки ҷиҳати ҳуқуқии байналмилалӣ низ дорад. Ҳуқуқи байналмилалӣ меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки ҳам пешгирии низоъҳо ва ҳам роҳҳои мусоидат ба мусолиҳаи миллиро дар кишварҳое, ки низоъҳои дохилиро аз сар гузаронидаанд, танзим мекунанд.
Аз принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ, аз қабили баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо ва тамомияти арзӣ, ки дар Оинномаи СММ аз соли 1945 ва Санади ниҳоии САҲА дар соли 1975 ифода ёфтаанд, бармеояд, ки давлатҳо ҳуқуқ доранд сиёсати дохилии худро мустақилона муайян кунанд ва ҳеҷ як қисми аҳолӣ ҳақ надорад, ки ҷудоиандозиро пеша кунад ва давлати соҳибихтиёрро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон риоя мешаванд, пароканда кунад. Ин барои ҳифзи ваҳдати миллӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Ҳуқуқ ба сулҳ дар Эъломияи СММ дар бораи ҳуқуқи халқхо ба сулх, аз соли 1984 мукаррар карда шуда, мувофики он ҳамаи халқҳо ҳуқуқи дар сулҳу осоиштагӣ зистанро доранд ва давлатхо вазифадоранд, ки барои ҳифзи он шароит фароҳам оваранд. Ин маънои онро дорад, ки вазифаи асосии давлат худдорӣ аз ҷанг, ҳалли низоъҳо бо роҳи осоишта ва мусоидат ба оштӣ мебошад.
Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона (Конвенсияҳои Женева аз соли 1949) меъёрҳои ҳифзи аҳолии осоиштаро ҳатто дар ҷангҳои дохилӣ муқаррар мекунад (аз ҷумла моддаҳое, ки ба низоъҳои ғайрибайналмилалӣ татбиқ мешаванд) ва ба нигоҳ доштани пояҳои ваҳдати миллӣ тавассути мубориза бо бераҳмӣ ва харобкорӣ мусоидат мекунад.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 дар Тоҷикистон бӯҳрони шадиди сиёсӣ оғоз шуд, ки ба ҷанги дохилӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифон (анҷумани гурӯҳҳои мухталифи минтақавӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла бунёдгароёни исломӣ) мубаддал шуд, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард. Ҷанги шаҳрвандӣ бо мушкилоти ҷиддии башардӯстона ва сиёсӣ ҳамроҳ буд. Агар ҷанбаҳои ҳуқуқии байналмилалии низоъи мазкурро баррасӣ кунем, аз як тараф саҳми созмонҳои байналмилалӣ барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ бузург буд, аз тарафи дигар, ҳуқуқи байналмилалӣ қонунӣ будани бастани созишномаҳои байни тарафҳои муноқишаҳои дохилиро эътироф мекунад, агар онҳо соҳибихтиёрии кишварро вайрон накунанд.
Дар ҳалли низоъи дохилӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши созмонҳои байналмилалӣ бениҳоят бузург буд.
Бахусус, СММ дар миёнаравӣ байни ҷонибҳои даргир нақши муҳим бозид. Дар соли 1993 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мусолиматомези низоъ ва расонидани кғмаки башардӯстона Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки барои гуфтушуниди ҷонибҳо мусоидат намуд. Соли 1997 СММ Миссияи нозирони оташбас ва халъи силоҳро таъсис дод, ки ба мониторинги иҷрои созишнома мусоидат кард.
ИДМ ҳамчун як созмони байналмилалии минтақавии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қувваҳои сулҳхоҳро таъмин намуд, ки ба таъмини амният ва субот дар минтақа мусоидат карданд. Аз ҷумла, Гурӯҳи муштараки ҳифзи сулҳ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он воҳидҳои низомии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин миссияҳои нозирон шомил шуданд. Воҳидҳои низомии ИДМ аз ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо мухолифони мусаллаҳ пуштибонӣ карданд.
ИДМ ҳамчунин дар ташкили музокироти байни тоҷикон, ки боиси имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 шуд, кӯмак кард.
Салиби Сурх ва дигар созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ба қурбониёни низоъ - гурезаҳое, ки аз ҷанг осеб дидаанд, кӯмак карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли низои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ ва аз бисёр ҷиҳат ҳалкунанда бозид. Амалҳои ӯ ба ҳайси сарвари давлат барои гузаштан аз марҳилаи шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ба раванди сулҳу субот мусоидат карданд.
Аз соли 1994, ки бо миёнаравии СММ, Русия, Эрон ва дигар кишварҳо музокироти эътирофшудаи ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик оғоз шуд, Э. Раҳмон шахсан дар ин музокирот ширкат дошт ва омодагии худро ба гузаштҳои сиёсӣ нишон дод. Бо кӯшишу талошҳои ӯ 27 июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Созишнома маҷмӯи ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирифт, аз қабили протоколу созишномаҳое, ки масъалаҳои оташбас, масоили ҳарбӣ, масъалаи гурезаҳо ва ғайраро танзим мекунанд.
Дар ин санад масъалаҳои ҳамгироии мухолифин ба ҳукумат, қабули қонун дар бораи афв ва ғайра пешбинӣ шуда буд. Ба Э. Раҳмон муяссар шуд, ки байни манфиатҳои мамлакатҳои Русия, Эрон, Ӯзбекистон ва Ғарб мувозинат гузорад. Вай инчунин бо Созмони Милали Муттаҳид, ки дар мониторинги раванд фаъолона ширкат дошт, робитаи устувор барқарор кард.
Созишномаи сулҳ яке аз чанд намунаи муваффақи ҳалли ҷанги шаҳрвандӣ дар фазои пасошӯравӣ маҳсуб мешавад. Ин Созишнома ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима дода, асоси тараққиёти минбаъдаи осоиштаи мамлакат гардид. Ин созишнома дорои ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ мувофиқ буда, барои ба расмият даровардани мусолиҳаи миллӣ мусоидат намуд.
Азбаски Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раҳбари миллӣ ва сиёсатмадори дорои иродаи қавӣ дар хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва устуворсозии давлат нақши ҳалкунанда бозид, хизматҳои ӯро қадршиносӣ намуда, ба ӯ унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дода шуд.
Ҳамин тариқ, масъалаи таъмини ваҳдати миллӣ на танҳо ҷанбаҳои дохилӣ, балки ҷанбаҳои байналмилалӣ низ дорад. Санадҳои муҳими ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мардуми кишварро ба ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, давлатҳоро барои нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо вазифадор менамояд.
Аз қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бисту ҳашт сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат тавонист, ки ба пешравиҳои зиёд ноил гардад. Имрӯзҳо Тоҷикистонро зиёда аз 180 мамлакати ҷаҳон ба расмият мешиносанд, мамлакатамон санадҳои муҳими ҳуқуқии байналмилалиро ба тавсиб расонида, уҳдадориҳои байналмилалиро аз рӯи виҷдон иҷро намуда истодааст. Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, ҳамкориҳоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тақвият дода истодааст. Барои ноил гардидани мамлакатамон ба ҳадафҳои рушди устувор ваҳдати миллӣ ва якдилии мардуми шарафманди Тоҷикистон нақши босазо хоҳад гузошт.
Ҷабборов Ф.Н. – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.