Дар дарозои таърихи башар Ваҳдат василаи асосии таъминкунандаи ҳаёти осоишта ва рӯзгори пурсаодати инсоният буда, ҳамчун кафили устувориву ободӣ ва рушду тараққиёти ҷомеа шинохта шудааст.
Агар ба саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, миллати тоҷик ҳамеша миллати сулҳҷӯву сулҳхоҳ, ваҳдатсарою ватандӯст, некбину таҳаммулгаро ва покзамиру хайрхоҳ ҳувайдост. Дар ин масри пурифтихор фарзандони бо нангу номус ва ватандӯсти ин миллат тӯли қарнҳо барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва таъмини осоиштагии миллати худ мубориза бурдаанд, ки ин рисолат бозгӯи бузургии миллати тоҷик дар ҳама давру замон аст.
Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи муборизону ватанхоҳону ватанпарастон ва миллатдӯстдорони миллати тоҷик, ки дар тӯли таърихи тоҷикон борҳо номуси ватандориро нишон додаанд, ҳамчун роҳбари муборакқадаму покдил то чи андоза дар барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷикон заҳмат кашидаанду талош варзидаанд.
Зарурат ва аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ эҳсос мегардад, ки дар таҳррезиву бунёд ва пойдориву устувории он ибтикору саҳму ҷаҳду талоши Пешвои миллат басо пурарзиш ва бориз аст. Зеро дарёфти Сулҳу Ваҳдат барои ҳар як халқу кишвар амали саҳлу кори осон нест. Роҳи расидан ба Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии баландро талаб менамояд.
Ба дигар маъно, андешаҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат инъикосгари ин гуфтаҳост, ки бамаврид таъкид доштаанд: “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯз роҳи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, ободонии ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд”. Яъне, мо-сокинони кишварро зарур аст, ки андешаи Сулҳу Ваҳдатро ҳамчун ғояи бузурги давлатдории миллӣ пиндорем. Дониста бошем, ки шарти умда ва василаи меҳварии бақои миллату пойдории давлат маҳз аз устувории Ваҳдати миллӣ вобаста аст.
Албатта, бо гузашти солҳо мо амиқан дарк намудем, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо бояд дар мафкураи мардум арзишу ормонҳоеро ҷой диҳем, ки таҷассумгари ҳадафҳои созанда бошанд ва на танҳо омили таҳкимбахши суботи сиёсӣ, балки воситаи муҳимми ҳимояи рукнҳои давлатдорӣ дар кишвар қарор гиранд.
Маҳз ба ҳамин хотир, миллати тоҷик ҳифзи Истиқлол ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморад.
Хулоса, тарҷрибаи сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик, ки бе шак дар оғозу бунёду таҳкими он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу арзишманд аст, миллату давлати мо огаҳанд ва мардуми азизи Тоҷикистон хурду калон имрӯз ба ин неъматҳо арҷ мегузоранду хидматҳои наҷибу бузургу мондагору пурифтихори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намесозанд.
Ардамеҳр Ашуров, ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ