Skip to main content

Имрӯз, 21 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт он дастуру супоришҳое, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб вогузоштанд ба саҳми олимон расониданд.

Таъкид гардид, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур доданд, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият бахшанд.

Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки шахсони масъул манфиатҳои миллию давлатиро мунтазам ҳимоя намуда, кор бо мардумро тавре ба роҳ монанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар раванди давлатдорӣ масъул ҳисобад, моҳият ва ҳадафи хатарҳоеро, ки ба давлатдории мо ва истиқлолу озодии он таҳдид мекунанд, амиқ дарк намояд ва вазифаи худро дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар мустақилона муайяну мушаххас карда тавонад.

Гуфта шуд, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми маҷлис бори дигар иброз доштанд, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки бо мардуми ватандӯсти он бо қадамҳои устувор ва дилу нияти нек ба суи пешрафту шукуфоӣ ҳаракат менамоянд, ҳамаи роҳбарону масъулини ҳизбро лозим аст, ки тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзоёнашро барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир сафарбар намояд.

Дар анҷоми машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз олимони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда барои амалисозии онҳо тамоми кушишҳоро ба харҷ диҳанд.