Skip to main content
Истиқлолият – аз дидгоҳи равониву фарҳангӣ – худшиносист. Имрӯз дар фазои истиқлолияти комили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ мо ба давраи ташаккули худшиносии миллӣ расидем. “Барои комил шудани худшиносии миллӣ, рушди тафаккури он даҳсолаҳо лозим аст. Аммо муҳимтарин дастоварди истиқлолият ин буда, ки ниҳоли худшиносӣ шинонда шуд ва он алъон месабзад ва рушду камоли ҳар шаҳрванд ва тамоми чомеа онро ғизо медиҳад.

Истиқлолияти давлатӣ барои худшиносии миллӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун марҳилаи сарнавиштсоз ва эҳёи давлату миллати куҳнабунёди тоҷикон эътироф гардидааст. Президенти кишвар Эмомали Раҳмон истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик медонад. “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

«Дар дифои фарҳангу ҳуввият, худшиносӣ ва тафаккури миллии хеш мо танҳоем. Моро дар ин ҷабҳа ба ҷуз худамон ҳеҷ нерӯи дигаре дифоъ карда наметавонад. Аз ин боис яке аз самтҳои афзалиятноку стратегӣ – масоили худшиносист.” Миллати мо имрӯз амиқ эҳсос кард, ки бунёдгузору меҳансоз, тақдирсози миллати тоҷик, созандаи ҷомеаи навин, на аз берун буда, балки худи ӯ мебошад. Ба манзури дарки аришҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ Президенти кишвар ба масъалаҳои муҳим рӯ овард. Яке аз ин масъалаҳои бунёдӣ ташаккули шуури худшиносии миллӣ ва бохабар будан аз арзишҳои гузашта ва боло бурдани сатҳи худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Яке аз роҳҳои аввалиндараҷаи худшиносии миллӣ ин ру овардан ба илму маърифат аст. Ба ин манзур нақши маорифи кишвар хеле муҳим арзёбӣ шудааст. Президенти кишвар Эмомали Раҳмон қайд намудааст: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. “Инкишофи фарҳанги миллӣ қабл аз ҳама ба мактабу маориф, ба таълиму тарбияи насли наврас вобастагии қавӣ дорад. Агар ҳадафи мо воқеан ҳам бунёд кардани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд дастаҷамъӣ рӯй ба мактабу маориф оварем.”

Истиқлолият заминаи қавии истиқлоли фикриро ба вуҷуд меорад. Маориф дар мавриди худшиносии миллū бояд дар андешаи эҷодии миллат саҳм бигирад. Дар ин росто кори фалсафа, мантиқ ва илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ниҳоят бузург аст. Дар замони ҳозира илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ таълим дода мешаванд, аммо мантиқ ва фалсафа аз доираи таълим дар мактабҳои миёна соқит шудаанд. Ҳол он ки дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ ин илмҳо ба таври шоиста таълим дода мешаванд ва дар тафаккури шуури эҷодии миллат саҳм мегиранд. Дар ҷаҳонбинии мутамаддин ба таълими фалсафа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ба ин маъно, ки фалсафа сарчашмаи огоҳӣ, бедорӣ ва истиқлоли фикрии миллат мебошад. Барои мисол метавон аз файласуфони машҳури немис Артур Шопенгауэр ва Фридрих Нитше ёдовар шуд, ки доир ба таълими фалсафа дар донишгоҳҳои Олмон ба ҳассосияти фавқулодда изҳори назар намудаанд. Номбурдагон таълими улуми фалсафиро дар донишгоҳҳо норасо ҳисобида, аз мақомоти давлатӣ ва вазоратҳои дахлдор беҳбудии ин соҳаро ҷиддан талаб намудаанд.

Мо бояд қабл аз ҳама сутунҳои рушди ҷомеаи худро бар пояи ақлу хирад бунёдгузорӣ кунем. Фанҳое, ки дар тафаккури шуури эҷодии миллат саҳм мегиранд, дар мактабҳои миёна ва олӣ ба таври шоиста таълим диҳем. “Барои ин замон насли ҷавоне бо тафаккури обутобёфта, рақобатпазир, мустақил, эҷодкор ва мусаллаҳ бо навтарин технологияи иртиботӣ, вале аз арзишҳову манфиатҳои миллӣ огоҳ зарур аст”. Саҳми маориф дар ташаккули худшиносии миллӣ ва захираҳои инсонӣ махсусан, нерӯи ақлонии ҷавонон бунёдист.“Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, – таъкид менамояд президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, – пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангияшро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад”. “...танҳо худшиносии фарҳангию таърихӣ миллатро муттаҳид ва соҳибдавлат намуда, вайро ба мудрик (субъект)-и фаъоли раванди таърихӣ табдил медиҳад”.

Фарҳанг дар худшиносии миллӣ саҳми бисёр калон дорад. Фарҳанги миллӣ бояд эҳё гардад, то саде шавад барои ҳуҷуми фарҳанги бегона. Фарҳанг омили худшиносии миллӣ мебошад. Миллат бояд ҳастии худашро нисбат ба дигар миллатҳо фаҳмад. Бояд худшиносии миллӣ дар муқоиса бо тамаддуни дигар миллатҳо шинохта шавад. Худшиносии миллӣ бисёр муҳим аст, то миллат худро ба ҳайси миллати мустақил нашиносад масъалаҳоро ҳал карда наметавонад. Бояд пеш аз ҳама дарк шавад, ки худшиносии миллӣ чист. Аз назари мр дарки ҳастии таърихи миллат аз фардҳои ҷомеа оғоз меёбад. Барои он ки миллат худро бишносад якчанд масъаларо бидонад: 1. Кадом марҳалаҳои таърихиро аз сар гузаронидем; 2. Бояд миллат дарк кунад, ки эҷодгари як тамаддуни хос аст, аз дигар фарҳангҳо фарқ мекунад.

Пойдории густариши ваҳдати миллӣ бори дигар исбот кард, ки тоҷикон ворисону меросбари ориёни асил буда, соҳиби тамаддуни оламшумул мебошанд. Истиқлолият шароит фароҳам овардааст, ки худдшиносӣ маъно ва мақоми фарҳангии худро ба дараҷаи баланд эҳё гардонад. Президети кишвар қайд мекунад, ки “Яке аз сарчашмаҳои воқеии худшиносии миллӣ қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуни мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад...” Омӯзиши арзишҳои маънавии ниёгон заминаи хубе барои ташаккули ғояи миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллат замина ба вуҷуд меорад. “Дар мероси гузаштагонамон мо бояд оташеро ҷуё бошем, ки барои афрухтани тафаккури наву пешқадами миллат саҳм гирад, нерубахш бошад”. Мероси гузашта бояд сарчашмаи сабақу илҳоми мо бошад, сарчашмаи ғояҳои баланди инсонгароӣ, худогоҳӣ, созандагӣ, сарчашмаи илҳому касбияти хеле олӣ, сарчашмаи ифтихор ва омӯзиши шахсиятҳои хеле барҷаста, ки ҳар кадом дар кайҳони фарҳанги башарӣ ҷое доранду мақоме. Гузаштаи фарҳангии мо барои сохтани тақдири кишвари соҳибистиқлол ва истиқлолияти фардии ҳар кадоми мо бояд саҳм бигирад. Мову шумо бояд тавоноие дошта бошем, ки арзишу сунатҳои бои гузаштаро бо талаботи замони нав бо тамоили арзишҳои башарӣ қиёсу мутобиқ карда тавонем. Вагарна маҳдуд мемонем.

Омӯзишу таҳқиқи ҳикмати ориёӣ акнун дар давраи Истиқлолият оғоз меёбад. Мақсад шинохти фарҳанги миллӣ дар заминаи асливу азалии он аст, яъне аслу асолати худшиносист ва ба ин тариқ шинохтану қадр кардани тамаддуни умумибашарист. Мақсад огоҳона қадам задан ба тамаддуни асиласт.

Барои худшиносии миллӣ омӯхтани таърих низ аҳамияти бузург дорад. Таърих ҷараёни пайдоиши миллат, такомули он, бурду бохтҳои миллӣ ва робитаи миллатҳоро меомӯзад. Ба ин васила таърих худшиносии таърихии миллатро таъмин менамояд. Яъне нишон медиҳад, ки миллат дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, илм, санъат, адаб чӣ дастовардҳое доштааст, ки боиси ифтихори ӯянд. Омӯхтани таърих дар айни ҳол нишон медиҳад, ки ҳастии таърихии як миллат аз ҳастии таърихии дигар миллатҳо чӣ тафовутҳо дорад, то нақши таърихии ҳар як миллат мушаххас муайян гардад. Таърих дар баробари ин ҷараёни таърихии ташаккули миллат, илм, фарҳанг, санъат, адаб, урфу одатҳои таърихии халқҳоро низ меомӯзад. Таърихи халқи тоҷик дар мактабҳои мо ба назардошти ҳамин меъёрҳо омӯхта мешавад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ омӯхтани урфу одатҳои таърихӣ барои танзими урфу одатҳои мардумӣ дар шароити ҳозира аз аҳамият холӣ нест. Омӯхтани таърих дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдати миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оёнда хизмат мекунад. Мо ҳофизаи таърихӣ надорем.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки “Миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳуввияти миллиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор мегардад”. Шоҳасари безаволи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, асарҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайра барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хизмати арзанда карда ва ин мардони бузург ба оламиён исбот намуданд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд.

Унсури дигари асосие, ки инсон пеш аз ҳама тавассути он миллияти худро мешиносад забон аст, зеро забон аст, ки инсонҳо бо якдигар муошират мекунанд, фаъолияти корӣ, эҷодӣ, илмӣ ва ѓайраҳоро ба роҳ мемонанд. Илова бар ин, ҳамин забон аст, ки инсонҳо дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабии худро дарк карда, аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Бо ҳамин васила тараққиёти бемайлони инсониро таъмин менамоянд. Забон дар айни ҳол воситаест, ки як миллат худро аз миллати дигар фарқ мекунад. Чун нақши забон дар шинохти ташаккули шуури миллӣ ба ин дараҷа баланд аст, бинобар ин дар низоми маъориф омӯхтани забон ва илми забоншиносӣ бояд мавқеи хоса дошта бошад. Бе забон умуман, ягон риштаи илм фарҳанг, санъат ва адаб вуҷуд дошта наметавонад, бинобар ин омӯхтани забон дар марҳилаи ҳозира аз рӯи усулҳои тоза бояд ба роҳ монда шавад. «Олимони муосир дар он фикранд, ки тафаккури инсон дар доираи луғату тасаввурот ва образҳои як забон ташаккул меёбад, аз ин ру забон на фақат олоти иртиботи одамон ва ифодаи афкор, балки худаш «гаҳвораи фикр» аст, он фикрро тавлид, парвариш ва такмил медиҳад ва аз фикрҳои мавҷуда фикрҳои навро эҷод мекунад».

Самти дигари худшиносии миллӣ эҳёи анъанҳо, идҳои миллӣ мебошад. “Сатҳи худшиносии миллӣ дар давраи шӯравӣ то андозае ташаккул ёфта бошад ҳам, вале мутаассифона, анъанаҳову суннатҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра аз сатҳи давлатӣ дур шуда буданд”.[1] Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон анъанаю ҷашну идҳои миллӣ (аз қабили идҳои Наврӯз, Тиргон, Сада, Меҳргон) эҳё гардиданд.

Хулоса, имрӯз мо бо ба даст овардани Истиқлолият, бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, тафаккури нави фарҳангӣ ба сӯи пеш қадам мегузорем. Мо вазифадорем, ки Истиқлолияту худшиносии миллии худро ҳамчун дастоварди пурарзиш ва неъмати бебҳо бипазирем ва онро аз тамоми арзишҳои дигар муқаддамтар бидонем.

Маҳмадова Меҳрӣ Файзалиевна, д.и.ф., ходими калони

илмии шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ