Skip to main content
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ва давлат арзиши олӣ ва неъмати бебаҳо мебошад. Ин неъмат на танҳо озодӣ, балки имкони худидоракунӣ, ҳифзи фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллӣ аст. Истиқлолият рамзи ифтихор, ваҳдат ва пешрафти ҳар як ҷомеа буда, заминаи асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ба маънои соҳибихтиёрӣ ва озодии комил дар қабули қарорҳои муҳим барои давлат ва миллат муҳим аст. Истиқлолият на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, фарҳанг ва маънавиёт низ аҳамияти бузург дорад. Он ба миллат имкон медиҳад, ки бо такя ба захираҳо ва арзишҳои худ роҳи рушди босуботро пеш гирад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омадааст, марҳилаи нави таърихро боз кард. Ин рӯз на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози мубориза бар сулҳ ва пешрафт гардид. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва пешрафта шинохта шудааст.

Ҷавонон қувваи асосии пешбарандаи истиқлолият мебошанд. Онҳо бо дониш, навоварӣ ва эҷодкории худ метавонанд Тоҷикистонро рушд дода ва онро ба сатҳи байналмилалӣ расонанд. Имрӯз давлат ба таълиму тарбияи ҷавонон диққати махсус зоҳир менамояд, зеро онҳо ояндаи миллатанд. Иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, омӯзишӣ зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои асосии ҷавонон дар даврони истиқлолият мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва муқаддасест, ки бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кард ва ҳар як шаҳрванд бояд масъулияти ҳифзи истиқлолият ва дар рушди давлат саҳмгузор бошад. Биёед, даст ба даст якҷоя барои Тоҷикистони азизамон кор кунем, то ин неъмати бебаҳо абадан пойдор бошад!

Олимҷон Азизов - н.и.т., мудири шуъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Манучеҳр Шокиров – мудири шуъбаи амнияти киберӣ, кафолатҳо, омодагӣ ва вокуниш ба садамаҳои ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ