Рӯзи омӯзгор яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор меравад, ки ба омӯзгорон — роҳнамоёни маърифат ва тарбиятгарони насли оянда бахшида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҷашн ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар рӯзи шанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мегардад. Ин рӯз, ҳамчун рамзи эҳтиром, сипосгузорӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои пурмасъулияти онҳо баҳисоб меравад.
Дар сатҳи байналмилалӣ низ Рӯзи омӯзгор ҳамчун ҷашни муҳим пазируфта шуда, дар кишварҳои мухталиф санаҳои гуногун таҷлил мегардад. Ба таври махсус, рӯзи байналмилалии омӯзгор санаи 5 октябри соли 1994 бо ташаббуси ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Бевосита интихоб шудани рӯз бо қабул шудани «Тавсиянома оид ба вазъи омӯзгорон» мебошад — санади муҳимтарин дар таърихи ҷаҳонӣ, ки мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва шароити кори омӯзгоронро танзим мекунад, аз аҳамияти холӣ нест.
Ҳадафи аслии ин рӯз қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои волои омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва таъмини дастгирии ниҳодҳои давлатӣ барои рушди соҳаи маориф мебошад.
Инчунин, дар кишварҳои гуногун Рӯзи омӯзгор санаҳои гуногун дорад, ки аз он ҷумла метавон номбар кард:
· Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Латвия — шанбеи аввали моҳи октябр;
· Ҳиндустон — 5 сентябр (рӯзи таваллуди файласуф Сарвепалли Радҳакришнан);
· Аргентина — 11 сентябр;
· Бразилия — 15 октябр;
· Ветнам — 20 ноябр;
· Туркия — 24 ноябр;
· Тайван — 28 сентябр (рӯзи таваллуди Конфутсий);
Ҳарчанд санаҳо фарқ кунанд њам руҳияи умумии ин ҷашн — эҳтиром ва эътироф ба нақши омӯзгорон ва арзишҳои онњо бањисоб меравад.
Мақому манзалати омӯзгор дар фарҳанги миллати тоҷик аз замонҳои қадим бо эҳтиром бархурдор буд. Устодон ҳамчун роҳнамоёни маърифат, тарбиятгари ахлоқ ва равшанкунандаи роҳи зиндагӣ шинохта мешуданд. Дар асрҳои миёна марказҳои бузурги илмӣ ва мадании мисли Бухоро ва Самарқанд маконҳои омӯзиш ва илмомӯзӣ буданд. Дар даврони Шӯравӣ низ соҳаи маориф дар шакли расмӣ рушд карда, муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо бунёд гардиданд.
Дар даврони истиқлол, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маориф дар маркази сиёсати иҷтимоии кишвар қарор дорад. Омӯзгорон бо дастгирии давлат имкониятҳои васеъ барои таҳсил, фаъолияти касбӣ ва пешрафт доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ чунин таъкид кардаанд:
«Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Омўзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш мебошад ва қисми асосии зиёиёни кишварро омўзгорон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омўзгор дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти омўзгор табдил ёбад.»
Ин суханон моҳияти аслии касби омӯзгориро бо омезиши дониш, ахлоқ ва масъулияти иҷтимоӣ ифода менамоянд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму технология, нақши омӯзгор ҳамчун таъсиргузори калидӣ дар тарбияи шахсият ва таҳкими илму маърифат боқӣ мемонад. Омӯзгорон на танҳо маълумотдиҳанда ҳастанд, балки инсонро барои ҳаёти босаводона, бо андешаи солим ва ҷаҳонбинии васеъ омода месозанд.
Новобаста аз мушкилоту маҳдудиятҳо, омӯзгорон дар минтақаҳои дурдаст ва мактабҳои камшароит бо фидокорӣ ва самимият фаъолияти худро идома медиҳанд ва дар қалби шогирдон умеду рӯшноиро мерӯёнанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба масъулин дода шудааст, дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад. Ин иқдом барои беҳтар намудани мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва шароити кори омӯзгорон аҳамияти бузург дорад.
Хулоса, Рӯзи омӯзгор ҷашни маърифат, муҳаббат ба илм ва эҳтиром ба устодон аст. Ин рӯз моро водор мекунад, ки омӯзгоронро ҳамчун сутуни ҷомеа, бунёдгузорони давлатдории устувор ва офарандагони фардои миллат эҳтиром намоем. То даме ки омӯзгорро қадр мекунем, маърифат зинда, ахлоқ боло ва ҷомеа ба сӯи рушди устувор ва камол қадам мегузорад.
Мусоев Дилшод - ходими калони илмии МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ