Skip to main content

16 - уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар ҳар яки мо, бо мурури замон ва инчунин гузашти солҳо лаҳзае ба саҳифаҳои пурҳаводиси миллати барӯмандамон назар афканем ва ё худ ибтидои солҳои навадуми асри сипарӣ гардидаро ба ёд орем, хоҳ -нохоҳ фазои он замонаро пеши назар ҷилвагар месозад, ки маҳз он даврони басо ҳам пурошӯб талошу ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои насли имрӯза бозгӯ менамояд.

Зеро мо ҳамагон хуб медонем ва ба хубӣ дарк менамоем, ки барои ба ин рӯзҳои накӯ ва сарнавиштсоз расидан, махсусан баҳри ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ ва инчунин нигоҳдошту якпорчагии Истиқлол миллати азиятдидаи тоҷик рӯзҳои басо душвореро паси сар намуд.

Ҳеҷ ҷойи пинҳон кардан нест, ки то рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, хусусан гирем дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 ва ҳамзамон интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ он солҳои душвор аз боби Истиқлолу Ваҳдати миллӣ умуман гирем ягон ному нишоне набуд гӯем ҳам ягон иштибоҳ нахоҳем кард.

Илова ба ин гуфтаҳои фавқуззикр ин ду вожаҳои басо ҳам муқаддас низ тамоман вуҷуд надоштанд ва вирди забонҳо ҳам набуданд. Зеро он солҳо мардуми шарифи кишварамон низ дар он даврони хело душвори парокандагию бесарусомониҳо рӯҳияи Истиқлолро ҳам қариб буд, ки эҳсос намекарданд. Ҳар кас дар орзуи он буд, ки шояд рӯзи накӯе фаро расаду инсони асил ва марди соҳибхираде ба сари давлат ояду ин миллати парокандаро боз ба ҳам дӯсту тифоқ гардонад ва тамоми хавфу хатар ва парокандагии халқу мардуми кишварашро таъмин намояд.

Ниҳоятан ба бахти миллати тоҷик пас аз баргузор гардидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум бо қарори худ санаи 9-уми сентябри соли 1991-ро расман ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд ва ин санаи муқаддас дар таърихи давлату давлатдории миллати мо ҳамчун рӯзи миллӣ сабт гардида, аз он рӯз эътиборан дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд, ки ҳамаи ин ба шарофати ба сари қудрат омадани Президенти муҳтарами мо ва бо пойи муборакқадами ин абармарди миллат тавъаманд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишварамон маҳсуб меёбад.

Лозим ба тазаккур аст,ки маҳз барои ба ин гуна рӯзҳои накӯ расидан, хусусан баҳри ҳифзи Истиқлол миллати мо рӯзҳои душвореро паси сар кард. Дар кишварамон ба ҷойи таҳкиму такмили пояҳои давлатдории мавҷуда ихтилофу низоъ рӯз аз рӯз қувват мегирифт. Як идда қувваҳои аҷнабӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ҳамзамон ба таври пинҳонӣ ва гоҳе рӯйирост саъю талош меварзиданд, ки зимоми давлатдориро ба зиммаи худ гиранд ва идеологияи бегонаро барои миллати мо ҳоким ва тарғибу ташвиқ созанд.

Бар замми ин гуфтаҳо инчунин Хусуматҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатии мухолифини исломӣ таҳти роҳбарии ташкилоти экстеремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ) боиси норозигӣ ва муқовимати солими ҷомеа гардида, ниҳоятан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ё худ бародаркушӣ оварда расонид.

Мутобиқи шаҳодати омор дар ҷараёни рух додани ин фоҷиаи миллӣ зиёда аз 150 000 нафар одамон куштаву 30 000 адад хонаҳои истиқоматӣ сӯзонидаву садҳо биною иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд ва дар маҷмуъ хисороти молии ин ҷанги бемаънӣ қариб 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил менамуд.

Ҳамин тариқ, барои ба ин рӯзҳои нек расидан, махсусан баҳри ҳифзи Истиқлол ва инчунин якпорчагии кишвар миллати барӯманди мо рӯзҳои душвореро аз сари худ гузаронд ва бар замми ин гуфтаҳо ранҷҳои зиёдеро низ таҳаммул намуд.

Маҳз талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурданҳои Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Қаҳрамони Тоҷикистон тавонист, ки чунин рӯзҳои хушу хуррам ва ҳаёти осударо баҳрамон муҳайё гардонад.

Инак, Истиқлоли давлатии мо ҳам аллакай 34 -35 сола шуд. Ва Тоҷикистони азизу мустақилу озоди мо таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди арсаи сиёсат дар фазои орому осоишта ва бунёдкорию созандагиҳо ба комёбиҳои назаррас ҳамеша ноил гардида истодааст, ки ин ҳама дастовардҳову комёбиҳои беназир боиси ифтихори мову шумост.

Аз ин рӯ, дар саросари ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоли мо низ мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ботантана дар сатҳи давлату давлатдорӣ ва инчунин ботантана таҷлил карда мешавад.

Зеро маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриявиро касб намуда, бар замми ин рӯ ба тараққӣ дар самтҳои мухталиф намуд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббати дучанд ба Роҳбари давлатамон, марди соҳибхирад ва инсони асилу нексиришт ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Чунки маҳз ба бахти миллати бузурги тоҷик, таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату бофарҳанг ва бонангу номуси тоҷик муяссар гардид.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо як қатор мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид, ки бахти мардуми тоҷик ҷавонмарди далеру ғаюр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллату давлат аз аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан дар саргаҳи ин муборизаҳо қарор дошт ва ниҳоят ба шарофати талошу ҷоннисориҳо ва хости Парвардигор мову Шумо ниҳоятан ба чунин рӯзҳои нек мушарраф гардидем, ки аз ин падидаи нодири таърихӣ ҳамагон мудом шукргузор бояд бошем.

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Расул Ғамзатов дар васфи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин гуфтааст: ”Фақат ҷанг набошад шуд, он гаҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.

Оре, басо ҳам дуруст қайд кардааст ин нависандаи маъруф, чунки ҳаёт собит намудааст, ки хоҳ - нохоҳ пас аз рух додани воқеаҳои муҳимми сиёсӣ дар ҳар як кишвар шахсони таърихиро рӯйи саҳнаи сиёсат меоранд ва ҳамзамон ин нафарони диловару шуҷоъ дар сарнавишти миллату давлати худ бо мурури айём ва раванди рӯзгор нақши боризи худро мегузоранд.

Яке аз ин гуна ашхоси машҳури рӯйи олам - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки дар як давраи ниҳоят пурхавфу хатар ва дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор доштани кишвар ва дар мавриди фалаҷ гаштани пояҳои давлату давлатдорӣ бо як ҷуръату далерии рустамона зимоми давлату давлатдориро ба ӯҳдаи худ гирифта, давлати тоҷиконро аз фаноёбӣ ва миллатро аз вартаи фалокат наҷот доданд. Илова бар ин мардуми парокандаву ба кишварҳои хориҷӣ ба таври иҷборӣ ҳиҷрат кардаро аз хоки Афғонистону дигар мамолики рӯйи олам ба Ватани аҷдодиашон бозгардониданд.

Баъди бозгашти фирориён барои таъмини сулҳу суботи сартосарӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагонӣ ба таври пайваста ғамхориҳо зоҳир карданд. Тири онҳое, ки мехостанд ҷумҳурии нав ба Истиқлол расидаи тоҷиконро дар вартаи ҳалокату фалокат қарор диҳанду саропо ва ғарқа дар нифоқу низоъ ва ҷудоиандозиҳову парокандагиҳо бубинанд, ниҳоятан хок хӯрд.

Ҳамин тариқ, пеш гирифтани роҳи раҳоӣ аз бунбасти коммуни-катсионӣ, ҳисси баланди масъулият зоҳир карданҳо, талошу ҷонбозиҳо, муроду номуродиҳо, шинохти ҳувияти миллӣ, расидан ба сулҳу суботи доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҷоннисорона бархостану зимоми давлатдориро ба ӯҳда гирифтан, наҷоти кишвари харобу валангоргардида аз вартаи фалокату ҳалокат, эҳёи суннату анъанаҳои аҷдодӣ, ташкили оши оштӣ, гуфтушунидҳои ҳамешагӣ ва талошу муборизаҳои ватандӯстона, ҳифзи марзу бум ва таъмини амният дар маркази пойтахти мамлакат ва иҷрои дигар амалҳои накӯю судбахш боис бар он гаштанд, ки дар натиҷа мардуми паҳну парешон ва дар гирдоби номуродиҳо афтодаро раҳнамо гардаду ҳамаи онҳоро дар атрофаш мутаҳид намуда, дар қалби ҳар кадомашон ахтару шуълаи умедро ба рӯзгори орому осуда афрӯхта, ниҳоятан давлатро аз фаноёбӣ наҷот бахшад.

БОБОЗОДА Бақохоҷа Бобо, директори Институти ботаника,

физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон