Skip to main content

“Парчами миллӣ барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”. Эмомалӣ РАҲМОН

Тавре, ки аз таърихи давлату давлатдории халқи тоҷик хуб огоҳ ҳастем ва медонем Парчами миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти Ориёиҳо маҳсуб гардида, ниёгони бузурги мо ба ин муқаддасоти миллии хеш ва рамзи гӯёи давлату давлатдориашон ҳамчун рамзи озодиву қудрат эҳтироми басо ҳам хоси худро доштанд ва ҳамзамон онро бо дурру гавҳарҳо меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи «дурафш», «дирафш» ё худ дирафши Ковиёнӣ дар осори таърихии ин қавми соҳибмаърифат бармало таҷассум ёфтааст.

Чунки ҳаким Абулқосими Фирдавсии фаррухсиришт равонаш шоду масрур бод, маҳз дар асари номдораш «Шоҳнома»-и безавол ҳангоми ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар, ки рамзи оташ, равшанӣ, раҳоӣ аз торикию зулмот, зафар ба аҳриман, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, чӣ тавр аз чарми пешдомани худ ба нӯги найза дирафш оростану онро ҳамчун рамзи мубориза бар алайҳи Заҳҳоки морон - рамзи аҳриманӣ, бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, барафроштанро бо сӯзу гудози зиёде низ ёд мекунад, ки боиси ифтихору сарфарозӣ маҳсуб меёбад.

Маҳз ҳамин Коваи диловар буд, ки бо мардуми ба дод омада, неруи ахриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохт, Ватанро озод ва дубора хуррам намуд. Шоҳ Фаридун, ки аз насли озодагон, яъне аз табори Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар карданаш Дирафши озодагонро муқаддас донист ва ҳамзамон онро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳуввияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намудаву зимнан онро бо зару зевар ва ҷавоҳирот музайян намуд ва дирафши коваёнӣ номаш ниҳод.

Лозим ба тазаккур аст, ки аввалин тасвири Парчам дар силоҳи ориёиҳо, форсу суғдиён ва бохтариҳо дар деворнигораҳои шаҳри Помпии Рум, яъне дар асрҳои яки то мелод нигошта шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо таҳти сарварии Доро бо лашкари Искандари юнонӣ дар соли 333 милодӣ акс ёфтааст. Ранги парчамҳои асрҳои ХVI - ХVIII низ асосан гирем сурх буданд, ки онҳо ҳамчун анъанаи дерина аз давраҳои Ҳахоманишиҳо инҷониб роиҷ буданд.

Хулласи калом, ҳамин тариқ метавон иброз дошт, ки ба вуҷуд омадани Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвар нақши басо ҳам боризи худро дорад. Он дар рафти баргузории тамоми чорабиниҳои расмӣ, давлатӣ ва ҷашнҳои дар сатҳи давлату давлатдорӣ таҷлил мегардида расман барафрохта мешавад ва ҳамчун рамзи ягонагӣ ва Истиқлоли миллӣ ҳифз мегардад. Чун анъанаи дерина ҳар сол дар санаи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки мардуми кишвар онро бо эҳтиром ва фахр таҷлил мекунанд. Парчам намоди давлату давлатдорӣ ва боиси ифтихори мардуми сарбаланди кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистони ободу зебо ва пешрафтаву мутараққии дунё маҳсуб меёбад.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишварамон ба китоби “Рекордҳои Гиннес” шомил шудани он ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносии ҳамватанони азизу арҷманди моро боз ҳам бештар мегардонад. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир гардидааст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шудааст, ки боиси ифтихори мардуми сарбаланди тоҷик аст.Ба ифодаи устоди зиндёду гиромӣ Гулназар Келдӣ:

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем,

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Лозим ба тазаккур аст, ки имрӯз намоди давлату давлатдории мо, яке аз муқаддасоти бузурги мо - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан яке аз рамзҳои муҳиммтарини давлатӣ буда, ҳувияти миллӣ, Истиқлолу Ваҳдати миллиро таҷассум менамояд. Он ба таври расмӣ дар таърихи давлатдории миллӣ ва инчунин даврони соҳибистиқлолии кишварамон, аниқтараш дар санаи 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Парлумони кишварамон расман тасдиқ гардида, то имрӯз барои хурду бузурги кишвари соҳибиқболу соҳибиқболамон ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва ҳамзамон Ваҳдати миллӣ, сулҳу саодат, оромӣ ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки боиси ифтихору сарфарозист.

Дар ин рӯзи муборак ва таърихӣ ҳамасола дар саросари кишварамон ба ин муносибат намоишҳо ва чорабиниҳои зиёде баргузор мегарданд, ки бо Парчами миллӣ ва муқаддасоти олӣ ва намоди давлату давлатдори мо алоқаманданд. Ин ҷашн барои таҳкими худшиносӣ, пойдорию устувории давлату давлатдорӣ ва ҳамзамон ғуруру ифтихор аз давлатдории мустақил нақши калидӣ мебозад.

Дар фарҷом метавон зикр кард, ки перомуни ин муқаддасоти бузурги давлату давлатдорӣ ва боиси ифтихору сарфарозиҳо метавон суханҳои зиёд гуфт ва муҳиммаш он аст, ки мо таҳти ин муқаддасоти миллӣ дар атрофи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муттаҳид гардидаву ҳамзамон бо кору пайкори шоиста ба нафъи халқу Ватан саҳми боризи худро низ бо дили гарму меҳру муҳаббат дар рушди ин мамлакати ободу зебо гузорем.

Ҳабибулло НУРУЛЛОЗОДА, - мудири шуъбаи корҳои ташкилӣ ва хоҷагидории Раёсати АМИТ