Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ойинҳои тамаддуни ориёӣ маҳсуб мешавад, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва на танҳо суннати мардумӣ, балки ба худ падидаи фалсафӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ дорад. Ин ҷашн дар марҳалаи остонаи гузариш аз сармои зимистон ба баҳор қарор дорад. Дар ҳамин фосилаи гузариш, ки табиат эҳёи хешро оғоз мекунад, равандҳои ҷисмонӣ, физиологӣ ва равонии инсон низ ба мутобиқшавӣ рост меоянд. Аз ин ҷост, ки Сада на танҳо як ҷашни мардумӣ, балки рамзи дарки саломатии инсон ва бедоршавии шуур ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷашни Сада ва дигар ойинҳои бостонӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи чандҳазорсолаи халқ мепайванданд ва ҳамчун ойини худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ хизмат мекунанд. Аз нуқтаи назар фалсафӣ, ин маънои онро дорад, ки Сада танҳо хотираи гузашта нест, балки омили зиндаи интиқоли тафаккуру таҷриба ва арзишҳои инсонї аз як насл ба насли дигар мебошад. Яъне, ин ҷашн як воситаи тарбияи ақл, хирад ва эҳсоси миллӣ мебошад.
Дар тафаккури фалсафии ориёӣ рӯшноӣ рамзи ҳастӣ, дониш, ақл ва ҳаракат ба шумор меравад. Аз ин нуқтаи назар метавон Садаро пайванди гузар аз торикӣ ба рӯшноист номид, ки ҳам дар сатҳи табиат ва ҳам дар сатҳи шуури инсонравшан мегардад. Агар Наврӯз эҳёи табиат бошад, Сада бедории тафаккур ва иродаи инсон мебошад. Ин ҷашн нишон медиҳад, ки инсон, ҳатто дар шароити сахти табиӣ ва сармо, метавонад бо хираду дониш роҳи худро пайдо кунад ва рӯ ба равшании маънавӣ биёрад.
Рамзии асосии Сада оташ мебошад. Оташ дар фарҳанги ориёӣ на танҳо унсури гармидиҳанда, балки ҷавҳари поккунанда, тозакунанда ва равшангар маҳсуб мешавад. Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ кашфи оташ ба Ҳушанг нисбат дода шудааст, ки рамзи ҳокимияти ақл ва тартиби иҷтимоист. Кашфи оташ лаҳзаи худшиносии инсон мебошад, ки ӯро аз тобеъияти табиат ба симои фаъол, худогоҳ ва эҷодкор табдил медиҳад. Ин таҷриба рамзи қудрати дониш, хирад ва ташаббуси инсон мебошад, ки ӯро дар баробари табиат мутобиқ месозад.
Дар низоми тибби суннатӣ низ оташ ва гармӣ ҷойгоҳи устувор доранд. Дар тибби қадим гармӣ ҳамчун асоси ҳаёт, гардиши хун ва фаъолияти муътадили узвҳо дониста мешуд, дар ҳоле ки сармо бо сустшавии равандҳои физиологӣ ва заъфи неруҳои ҳаётӣ пайванд дошт. Ҷашни Сада, ки дар фасли сармо бо афрӯхтани оташ таҷлил мешавад, рамзи эҳёи гармии ботинӣ, фаъолшавии равандҳои мубодилавӣ ва таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ мебошад. Ин рамз дар амал ҳамчун маросими барқарорсозии неру ва равонӣ кор мекунад.
Ба ин маънї Сада ҳамчун маросими ҷамъиятӣ нақши муҳими танзими ҳолати равонии инсонро иҷро мекунад. Ҷамъ омадан дар гирди гулхан, рӯшноии оташ ва фазои ҳамдилӣ ба коҳиши изтироб, афзоиши эҳсоси амният ва таҳкими умед мусоидат менамояд. Дар фасли зимистон, ки камшавии рӯшноии офтоб метавонад ба ҳолатҳои депрессивӣ ва хастагии равонӣ оварда расонад, чунин маросимҳо ҳангоми муҳофизати психикӣ ва равонии инсон нақши суннатии муҳим доранд.
Сада дорои паҳлуи ахлоқӣ ва иҷтимоии равшан низ мебошад. Дар гирди оташ фарқиятҳои иҷтимоӣ камранг ва эҳсоси баробарӣ ва ҳамраъйӣ тақвият меёбад. Ин ҳамбастагӣ барои саломатии иҷтимоӣ ва устувории ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад, зеро ҷомеаи солим заминаи рушди солими фард мебошад. Ҷашн инсонро ба масъулият низ даъват мекунад, зеро шуълаи оташ танҳо дар сурати нигоҳубин фурӯзон мемонад, ҳамон гуна ки саломатӣ, адолат ва ваҳдати иҷтимоӣ ниёз ба ҳифз ва ғамхории доимӣ доранд.
Аз нигоҳи тиббӣ-фалсафӣ, Сада инсонро ба ҳамоҳангӣ бо қонунҳои табиат раҳнамун месозад. Тағйири фаслҳо, афзоиши рӯшноӣ ва гармӣ нишон медиҳанд, ки саломатӣ натиҷаи мувозинати ботинӣ ва мутобиқшавӣ бо муҳити атроф мебошад. Ин ойин таълим медиҳад, ки нигоҳубини саломатӣ танҳо дар табобати беморӣ маҳдуд намешавад, балки ба тарзи зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ, ҳолати равонӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ низ вобаста аст.
Ҳамин тариқ, Сада ҷашни одии мардумӣ нест, балки як низоми рамзии фалсафӣ ва тиббӣ мебошад, ки дар он мафҳумҳои рӯшноӣ, гармӣ, хирад ва саломатӣ ба ҳам мепайванданд. Ин ойин собит месозад, ки ниёкони мо саломатии инсонро ҳамчун падидаи воҳид ва бисёрқабата дарк мекарданд. То замоне ки фалсафаи Сада, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро омили худшиносӣ ва пайванди наслҳо арзёбӣ менамоянд, дар ҳаёти иҷтимоии имрӯз ҳифз мегардад, ҷомеа метавонад солим, устувор ва ояндадор боқӣ монад.
Сада на танҳо ҷашни мардумӣ аст, балки тасвиргари ҳамоҳангии инсон бо табиат, рамзи бедории шуур ва иродаи инсон, таҷассумгари маънавият ва самараи иҷтимоӣ ва тиббӣ мебошад. Ин ҷашн ба мо мефаҳмонад, ки саломатӣ ва маънавиёт, хирад ва равонӣ, инсон ва ҷомеа бояд ҳамеша дар мутобиқшавӣ ва ҳамоҳангӣ бо табиат ва қонунҳои зиндагӣ бошанд.
Ибодзода С.Т., - ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор,
Каримов Ш., Сармутахассиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтиии АМИТ.




