Ҳалли мушкилоти обу иқлим барои инсоният яке аз масъалаҳои мубрам ва муҳим ба шумор рафта, асоси пешравии дилхоҳ давлат ва ҷомеаи имрӯза мебошад. Камобӣ ва норасоии он дар натиҷаи таъсири тағйироти глобалии иқлим, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст дар баъзе минтақаҳо хатари даргириҳои мусаллаҳонаро ба миён оварда истодааст.
Имрӯз ҷиҳати ҳалли ин мушкилот бояд тадбир ва чораҳои саривақтӣ андешида шаванд, то ин, ки пеши роҳи ихтилоф байни кишварҳо гирифта шуда, имкониятҳои судманд дар таъмини об ба ҳама кишварҳои ниёзманд фароҳам оварда шаванд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистони мо инчунин зери таъсири равандҳои ҷаҳонии тағйирёбии иқлим баландшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо бараъло мушоҳида карда мешавад, ки ба кам гаштани захираҳои обӣ оварда расонида истодааст. Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур ва бо мақсади ҳалли мушкилоти дар самти обу иқлим ҷойдошта аз оғози асри нав сар карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷомеаи ҷаҳониро барои андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ва ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳои мазкур пайваста даъват менамоянд.
Аз минбарҳои баланд бо пешниҳоди иқдомҳои нав ба нав диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба амалисозии ин ибтикорот ҷалб менамоянд. Ташаббусҳои силсилавии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, пазируфта шуданд ва дар асоси онҳо якчанд қатъномаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо тайи даҳсолаҳои охир қабул гардиданд, ки омили таконбахши таваҷҷӯҳи ҷомеаи имрӯза ба мушкилоти ҷойдошта гаштанд.
Бо қатъномаҳои махсуси ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва даҳсоли байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат доир ба ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об қабулгардида мебошанд.
Моҳи декабри соли 2022 бо қатъномаи махсус Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025, “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шуд. Дар ҳамин асос 21 март рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад ва дар пойтахти кишвари мо аз 29 то 31 майи соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор карда шуд. Баъд аз анҷоми конференсия эъломияи Душанбе қабул гардид, ки дарбаргирандаи тамоми мавзуъҳои мушкилоти мавҷуда дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва масъалаҳои обу иқлим ба шумор меравад.
Дар эъломия даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти обу иқлим роҳандозӣ шуда, ҳамкориҳо бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид тақвият дода шаванд. Инчунин ҷалби бештари маблағгузориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои паст намудани коҳишёбии босуръати пиряхҳо ва ҳамкории дастаҷамъона ҷиҳати пешгирӣ аз гармшавии иқлим ба роҳ монда шаванд.
Қатъномаи дигари Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо номи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034”, ки 13 августи соли 2024 қабул карда шуд барои ҷоннок намудани фаъолияти коршиносон ва олимони соҳаи пиряхшиносӣ такони ҷиддӣ гашт. Ин ҳуҷҷати байналмилалӣ тақвият бахшидан ба пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар омӯзиши пиряхҳо ва равандҳои паҳнгаштаи табиӣ дар тамоми криосфераро пешбинӣ менамояд.
Тавре, ки аён аст таваҷҷӯҳи Президенти мамлакат ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим ниҳоят зиёд ва ба таври ҳамешагӣ дида мешаванд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ санаи 16 декабри соли 2025, Пешвои миллат қайд намуданд, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ доранд. Пешниҳод карда шуд, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Яъне ин маънои васеъшавии майдони корҳои таҳқиқотиро дошта, дар оянда омӯзиши пурраи криосфера ба роҳ монда мешавад. Дар баробари пиряхҳо қабати яхбастаи абадии ҷинсҳои куҳӣ ва падидаҳои дар он паҳн гашта бо таҳқиқот фаро гирифта мешаванд. Гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ дар ин қишри замин, имкони хуб барои беҳтару хубтар фаҳмидани таъсири гармшавии глобалии иқлим ба ҷузъҳои алоҳидаи криосфераро фароҳам меорад.
Қабати криосфера ва хусусан табақаи криолитӣ (криолитозона) дар он бо равандҳои табиии ҷараёндошта, ки танҳо ба ҳамин минтақа хос аст аз дигар мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакатамон фарқ мекунад ва дар он равандҳои гуногун ибтидо мегиранд. Тағйирёбии иқлим бо баланд шудани ҳарорати ҳаво бошад таи солҳои охир ба ин равандҳо суръат бахшида, онҳоро фаъолтар гардонидааст.
Омӯзиши амиқи тағйиротҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни баландкӯҳи ҷумҳурӣ ҷараён доранд аҳамияти ниҳоят бузургро доро мебошанд, зеро дар натиҷаи ин корҳо маводи илмии мукаммал оид ба азхудкунии чунин минтақаҳо дар оянда, гардиши равандҳои табиии дар он паҳнгашта, ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир барои кам кардани шиддати обшавӣ ва таназзулёбии пиряхҳо, пешгирии сар задани офатҳои табиии фавқулода ба монанди селҳои глятсиалӣ ва дигар пайомадҳои ногувори экологӣ ба муҳити зист, ба даст оварда мешаванд.
Тағйирёбии қабатҳои ҷинсҳои яхбастаи бисёрсола (яхбандии абадӣ), афзоиши ҳаҷми ҷинсҳои кӯҳӣ дар натиҷаи ях бастани оби дохили сӯрохиҳои он (пучение), нобаробар фурӯравии қитъаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва қабатҳои хоки зери он, ки дар натиҷаи обшавии ҷинсҳои яхбастаи фаршӣ ба амал меоянд (термокарст), ҳаракати ҷоришаванда ва сусти ҷинсҳои кӯҳии сернами иборат аз гил ва хокҳои тунукпарешоншуда дар нишебиҳои кӯҳ, ки баъд аз ях бастан ва обшавии бонавбати онҳо ба амал меояд (солифлюксия), бодхӯрии криогенӣ ва ғайраҳо аз номгӯйи нопурраи равандҳои маъмул дар табақаи криолитӣ мебошанд.
Майдони паҳншавӣ ва инкишофи табақа, ки баландтар аз марзи барфӣ ҷойгир аст, бештар аз 40% масоҳати кишвари моро (бо назардошти он, ки беш аз 40% масоҳати ҷумҳурӣ дар баландии 3000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст) дар бар гирифта, дорои шароитҳои мураккаби геологӣ ва геоэкологӣ мебошад.
Омӯзиши шароитҳои геокриологӣ, муҳандисӣ-геологӣ ва гидрогеологии ин минтақаҳо айни замон дар сатҳи паст қарор дорад. Баъзе таҳқиқотҳои қаблан гузаронида шуда, бо назардошти тағйиротҳои ба амал омадаи иқлимии солҳои охир, ки шароитҳои геокриологии навро ба вуҷуд овардаанд, ба бознигарӣ ниёз доранд.
Барои ба роҳ мондани омӯзиш ва таҳқиқотҳо бояд аз таҳия ва омодасозии санадҳои соҳавӣ корро оғоз кард. Мутаасифона то ҳол ягон санади меъёрӣ ҳуқуқии танзимкунандаи омӯзиши ин равандҳо дар қабати ҷинсҳои кӯҳии яхбаста ва гузаронидани мониторинги ҳолати онҳо дар шароити тағйирёбандаи иқлим мавҷуд нест. Таҳлилҳои гузаронида нишон медиҳанд, ки қабатҳои яхбастаи ҷинсҳои кӯҳӣ дар баробари пиряхҳо об шуда истодаанд. Тағйиротҳо дар ин қабатҳои яхбаста ҳам ба шаклдигаркунии(деформатсия) онҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ сабаб мегарданд ва ҳам ба кам гаштани захираҳои об дар онҳо таъсири худро мерасонанд.
Таҳия ва дар амал татбиқ намудани як ҳуҷҷати мукаммал (барномаи амал) оид ба омӯзиши қабатҳои яхбастаи бисёрсола (яхбандии абадӣ) дар шароити Тоҷикистон, бинобар бештар азхудкунии минтақаҳои баландкӯҳ дар ояндаи наздик, амри зарурӣ мебошад. Зеро танҳо дар асоси маълумотҳои бадастомада баъд аз гузаронидани таҳқиқоти муфассал метавонем истифодабарии самараноки роҳҳои нақлиётиро дар ин минтақаҳои мушкилгузар ба роҳ монда, сохтмони роҳҳои оҳан, бино ва иншоотҳои таъиноти гуногунро дар чунин шароитҳо лоиҳабандӣ намоем.
Абдусалом Маҳмадалиев, номзади илмҳои геология ва минералогия,
корманди МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и АМИТ
