Модарону хоҳарони азиз!
Бо самимияту муҳаббати зиёд тамоми модарону бонувони кишвари азизамонро ба муносибати Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад, табрику таҳният менамоям.
Модар рамзи меҳру муҳаббат, сарчашмаи ҳаёт, намунаи сабру таҳаммул ва фидокории бепоён мебошад. Маҳз бо меҳру ғамхорӣ ва тарбияи неки модарон наслҳои солиму бофарҳанг ба камол расида, барои пешрафту шукуфоии ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо мақоми зану модар ҳамеша баланду гиромӣ буда, эҳтирому қадршиносии онҳо ҳамчун арзиши волои инсонӣ ва ахлоқӣ ба ҳисоб меравад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақоми занону модарон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон беш аз пеш таҳким ёфта, барои фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз занону бонувони тоҷик дар баробари мардон дар рушду нумӯи илму маориф, иқтисод, фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳим нақши фаъол доранд.
Боиси ифтихор аст, ки дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бонувони донишманду фаъол бо меҳнати содиқона ва заҳмати илмии худ барои рушди илми ватанӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо ҳамчун муҳаққиқон, омӯзгорон ва мутахассисони баландихтисос дар таҳқиқи масъалаҳои муҳими илмӣ фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти илми тоҷик нақши назаррас доранд.
Воқеан ҳам Модарону хоҳарон чароғи хонадон, нерубахши зиндагӣ ва тарбиятгарони наслҳои ояндасоз ҳастанд. Бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва заковати худ ҷомеаро ободу равшан месозанд. Маҳз бо заҳмати онҳо фазои меҳру самимият дар оилаҳо пойдор гардида, насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия меёбад.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори обод, бахту саодат ва комёбиҳои нав ба нав дар фаъолияти пуршарафатон таманно менамоям. Бигзор дар ҳар хонадон нури меҳри модар ҳамеша равшан бошад ва дар сарзамини азизи мо сулҳу субот, оромӣ ва шукуфоӣ ҷовидона ҳукмфармо гардад.
Рӯзи Модар муборак!
