Имрӯз, 10 апрел Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф овард.
Қабл аз оғози ҳамоиши илмӣ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ҳамроҳ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов бо мақсади гиромидошти хотираи академик Қаниш Сетбаев ва арҷгузорӣ ба саҳми ӯ дар рушди илми геологияи тоҷик дар назди лавҳаи ёдгории ӯ гулчанбар гузоштанд.
Сипас, дар доираи сафари мазкур дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки саҳми академик Қаниш Сетбаев дар рушди илми геологияи тоҷик, таҳкими пояҳои мактаби геологии миллӣ ва тарбияи мутахассисони соҳа басо назаррас мебошад. Зикр гардид, ки осори илмии ин шахсияти барҷастаи илми геология то имрӯз дар таҳқиқотҳои муосири геологӣ ҳамчун манбаи муҳими илмӣ истифода бурда мешавад.
Дар идома Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов қайд намуд, ки ҳамкориҳои илмӣ ва техникии миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар самти илмҳои геология, сейсмология ва омӯзиши равандҳои геодинамикӣ, дорои дурнамои васеъ мебошанд. Таъкид гардид, ки мероси илмии академик Қаниш Сетбаев барои рушди мактаби муосири геология дар минтақа аҳамияти бузург дошта, имрӯз низ ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти илмӣ хизмат мекунад.
Ҳамзамон меҳмонон аз музей ва Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо дастовардҳои илмӣ, таҷҳизоти муосири назоратӣ ва фаъолияти шабонарӯзии марказ дар самти омӯзиш ва сабти ларзишҳои сейсмикӣ шинос гардиданд.
Дар ҷараёни шиносоӣ ба меҳмонон маълумот оид ба низоми мониторинги сейсмикӣ, имкониятҳои техникии марказ, инчунин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти пешгӯии хавфҳои зилзила ва таҳлили равандҳои геодинамикӣ пешниҳод карда шуд.
