Аз ҷониби кормандони Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ (ходимони калони илмӣ Ҳакимов Ф.Р., Назарова Ш.Д. Хайров Х.С. ва ходими илмӣ Қадамов А.С.) дар даҳаи дуюми моҳи апрели соли ҷорӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати кунунии популятсияи ду намуди ҳашароти зараррасон - гамбуски лалмӣ ва малахи марокашӣ дар ноҳияи Данғара Кӯлоб ва Восеи вилояти Хатлон таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон кормандони илмии Институт дар кори ситоди ҷумҳуриявии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳншавии ҳашароти зараррасон дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат, ки бо иштироки муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои марбута баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Зимни таҳқиқот муайян карда шуд, ки солҳои охир дар даштҳо, талу теппаҳо ва чарогоҳҳои наздикӯҳӣ ба таври васеъ паҳншавии зараррасонҳои кишоварзӣ, аз қабили гамбуски лалмӣ ва малахи марокашӣ ба мушоҳида мерасад.
Дар ҳудуди заминҳои ноҳияҳои Данғара, Кӯлоб ва Восеъ гамбуски лалмӣ бештар дар баландиҳои 684-820 м аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Муқаррар карда шуд, ки гамбуск дар зери хок дар чуқурии 3-10 см умр ба сар бурда, аз решаи растаниҳои алафӣ ғизо мегирад ва бештар кирмакҳои синни дуюми инкишоф зарар мерасонанд. Муайян карда шуд, ки дар ин давра ин намуд дар ҳолати кирминагӣ қарор дорад ва давраи ҳаётии зерихокиро аз сар мегузаронад.
Зимни баҳисобгирии шумора, дар ҳар як метри мурабаъ аз 11 то 17 адад кирмаки он дар чуқурии то 10 см ба қайд гирифта шуд. Кирмакҳо дар заминҳои кишоварзии обёришаванда ба қайд гирифта нашуд. Тибқи маълумоти мутахассисони маҳаллӣ, паҳншавии зиёди он дар заминҳои наздикӯҳии деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов, ҷамоати Тугарак, Бобоғозиён ва деҳаи Чордараи ноҳияи Восеъ ба мушоҳида мерасад. Масоҳати заминҳои аз ин намуди ҳашарот зарардида дар ҳудуди ба таҳқиқ фарогирифташуда аз се як њиссаро ташкил медиҳад.
Давраи пурраи инкишофи ин зараррасон вобаста ба макони сукунат 3-5 солро дар бар мегирад. Фардҳои болиғ аз ҳисоби растаниҳои гуногуни алафӣ ва барги растаниҳои дарахтӣ ғизо гирифта, зараррасони ҷиддӣ ба шумор намераванд. Вобаста ба миқдори зиёди боришоти солона ва нашъунамои хуби растаниҳои алафӣ дар талу теппаҳо ва чарогоҳҳо боиси авҷ гирифтани марҳилаи иникшофи кирмакии гамбуски лалмӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки бинобар тулонӣ будани инкишофи марҳилаи кирмакӣ дар давоми 5-10 сол вобаста ба шароити обу ҳавои солона анбуҳшавии кирмакҳои гамбуски лалмӣ ва ё авҷи зараррасонии ин намуди ҳашарот ба амал меояд.Ҳангоми мушоҳидаҳо маълум карда шуд, ки кирмакҳои ин зараррасон, ки дар чуқурии на он қадар зиёд қарор доранд аз ҷониби душманони табиии онҳо, аз ҷумла майна ва зоғ нобуд карда мешаванд.
Дар охири мавсими тирамоҳ шудгори заминҳои лалмӣ, инчунин дар мавсими баҳор коркарди замин бо истифодаи маҳлули йод (дар 10 литр об 10 – 15 қатра йод) дар мубориза бар зидди кирмакҳои ин зараррасон хеле самаранок мебошад. Истифодаи домҳои барқӣ (шабона) ва ҷамъоварии фардҳои болиғ (гамбуск) тавассути домхалтаҳо дар давраи авҷи парвоз яке аз роҳҳои мубориза бар зидди ин зараррасон ба шумор меравад.
Паҳншавии малахи марокашӣ бошад бештар дар мавзеи Хушдилони ноҳияи Данғара ба қайд гирифта шуд. Муайян карда шуд, ки паҳншавии он дар минтақаҳои алоҳида дар ҳар як метри мураббаъ аз 100 то ба 1453 адад мерасад.
Намояндаи оилаи малахҳо метавонанд дар ҳолати яктогӣ ва якҷоя бо ҳам умр ба сар баранд. Ҳангоми шароити мусоид (ҳавои гарм, намии баланд ва дигар омилҳо), шумораи баъзе намуди малахҳо (бештар галлагӣ) дар дашту биёбонҳо, заминҳои наздикӯҳӣ, кӯҳҳо, ҷангалҳо ва заминҳои кишоварзӣ босуръат зиёд гардида, зичии онҳо дар 1 м2 ба садҳо ва ҳазорҳо адад расида, зараррасонии онҳо бештар ба қайд гирифта мешавад. Вобаста ба давраҳои инкишоф дар ҳар як метри мураббаъ аз бист то ҳазорҳо адад вомехӯранд.
Дар ин ҳолат галаи малахҳо метавонад якчанд гектарро ишғод намоянд ва инчунин дар ҳолати болиғӣ ба шумораи зиёд парвоз намуда, ба зироатҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо зарари ҷиддӣ расонанд. Як тӯдаи малах қодираст, ки дар як рӯз хуроке, ки то ҳазорон одам истеъмол мекунад, нобуд созад. Дар солҳои авҷи афзоиш талафот аз зараррасонии онҳо то ба даҳҳо миллион долар мерасад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди малах усулҳои саривақтӣ ва муассирро талаб мекунад.
Маҳз паҳншавии малахи марокашӣ, пруси итолиёвӣ ва баъзе намудҳои ғайригаллагӣ бештар дар минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, марказӣ ва шимолии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
Бояд қайд намуд, ки бар зидди ин намуди ҳашароти зараррасон, ки солҳои охир шумораи зиёди он ба қайд гирифта мешавад, дар мавзеъҳои гуногун истифодаи заҳрхимикатҳо анҷом дода мешавад.
Инчунин аз соли 2024 то инҷониб дар якчанд ноҳияи ҷумҳурӣ аз ҷумла ноҳияи Хуросон, Турсунзода ва Зафаробод бо истифода аз микромаводи Новакрид, ки таркибаш аз барангезандаи Metarhizium acridum иборат аст муборизаи биологӣ низ ба роҳ монда шудааст.
