Дар асри XXI масъалаи об ба яке, аз муҳимтарин масъалаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Норасоии оби тоза, тағйирёбии иқлим ва обшавии бесобиқаи пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар водор намуд, ки барои ҳифзи захираҳои обӣ тадбирҳои муштарак андешанд. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ мақоми махсус касб кардааст. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро қабул намуд. Ҳадафи асосии ин даҳсола таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ноил шудан ба рушди устувор мебошад.
Ҷаҳон имрӯз дар марҳилаи ҳассоси таъмини захираҳои об қарор дорад, ки он чораҳои муштараки байналмилалӣ ва сиёсати устувори идоракунии обро талаб менамояд. Дар чунин вазъият, таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳифзи об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳаммияти хоса пайдо намудааст. Ин сиёсати дурбинона метавонад, ҳамчун заминаи муҳим барои коҳиши хавфҳои буҳрони об ва таъмини рушди устувор хизмат намояд.
Тибқи маълумоти United Nations Water (Механизми байниидоравии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об) тақрибан 4 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон ҳар сол на кам аз як моҳ бо норасоии шадиди об рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин мушкилот миллионҳо одамонро дар минтақаҳои гуногуни сайёра фаро мегирад [1]. Зиёда аз 2,1 миллиард нафар одамон дар кишварҳои гуногуни дунё ба оби нӯшокӣ бехатари босифат дастрасӣ надоранд [2]. Ҳамчунин, тақрибан 720 миллион нафар одамон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки бо камбуди шадиди об рӯ ба рӯ мебошанд [1]. Тибқи пешгуиҳо, ки то соли 2050 аз ҳар чор нафар се нафар аҳолии сайёра метавонад, таъсири хушксолиро эҳсос намояд [1]. Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ сол то сол бештар мегардад. Тибқи гузориши Food and Agriculture Organization of the United Nations (FAO) (Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид), захираи оби тоза ба ҳар сари аҳолӣ дар даҳ соли охир 7 фоиз коҳиш ёфтааст [3]. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон сатҳи истифодаи об аз имконияти табиии барқароршавии он зиёд гардидааст. Ҳамчунин, тибқи маълумоти UNESCO, аз 26 то 41 фоизи массаи пиряхҳои ҷаҳон то охири аср метавонад аз байн равад [4] дар ҳоле зиёда, аз 2 миллиард нафар аҳолии сайёра аз обҳои кӯҳӣ вобаста мебошанд [4]. Кишварҳои минтақаҳои хушк бештар ба буҳрони об дучор шудаанд. Масалан, дар Ироқ захираи об то ба 20 миллиард метри мукааб коҳиш ёфта, талаботи солонаи кишвар ба об тақрибан 48 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад [5]. Дар бисёр кишварҳои Африқои ҷанубӣ камтар аз 1 фоизи заминҳои кишоварзӣ бо системаҳои обёрӣ таъмин мебошанду халос [2].
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои бузургтарин истеъмолкунандаи об дар ҷаҳон баҳисоб меравад. Тибқи маълумоти United Nations Water (Механизми байниидоравии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об), 72 фоизи тамоми захираҳои оби истифодашаванда ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд [1]. Дар бисёре аз кишварҳо зиёда аз 95 фоизи об барои обёрии заминҳо истифода мешавад [2]. Ин вазъият боиси хушкшавии дарёҳо, пастшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва таназзули экосистемаҳо мегардад. Гузоришҳои нави United Nations нишон медиҳанд, ки ҷаҳон ба марҳилаи «муфлисшавии об» ворид шуда истодааст. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, 75 фоизи аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳои ноамни обӣ зиндагӣ мекунанд [7], зиёда аз 70 фоизи обҳои зеризаминӣ коҳиш ёфта истодаанд [8] ва зарари иқтисодии хушксолӣ ҳар сол аз 307 миллиард доллар зиёд мебошад [1].
Дар чунин вазъият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим эътирофи байналмилалӣ пайдо намуд. Хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегарданд, ки масъалаи обро аз сатҳи миллӣ ба сатҳи глобалӣ бароварданд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид як қатор қатъномаҳои муҳимро қабул намуд, ки аҳаммияти ҷаҳонӣ доранд. Ин ташаббусҳо гувоҳ аз он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дипломатияи обӣ мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Дар сиёсати Пешвои миллат масъалаи об натанҳо масъалаи иқтисодӣ, балки масъалаи амният, субот ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷомеаи байналмилалиро ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таҳкими ҳамкорӣ даъват менамояд.
Яке аз хизматҳои муҳими Пешвои миллат ташкили «Раванди оби Душанбе» мебошад. Шаҳри Душанбе имрӯз ба яке аз маркази муҳими муколамаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст. Конфронсҳои сатҳи баланд, ки дар шаҳри Душанбе аз 25-28 майи соли 2026 баргузор мегарданд, намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байналмилалиро барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба об муттаҳид менамоянд. Ин ташаббусҳо заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва рушди сиёсати устувори идоракунии захираҳои обӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити афзоиши буҳрони ҷаҳонии об, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла UN-Water ва UNESCO борҳо таъкид шудааст, баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд аҳаммияти муҳими байналмилалиро касб намудааст. Махсусан, Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе ҳамчун идомаи «Раванди оби Душанбе» ба густариши муколамаи созмонҳои байналмилалӣ, таҳкими ҳамкории кишварҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об мусоидат мекунанд. Ин раванд имкон медиҳад, ки масъалаҳои коҳиши захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба оби тоза дар сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ баррасӣ ва роҳҳои ҳалли муштарак пешниҳод шаванд. Бо дарназардошти он ки имрӯз қисми зиёди аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳои ноамни обӣ зиндагӣ мекунад ва ҳодисаҳои марбут ба об сол то сол меафзояд, чунин платформаҳо ба монанди «Конфронси Душанбе» метавонанд, дар ташаккули қарорҳои байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ бозанд. Дар ин замина, сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи об ҳамчун, яке аз намунаҳои муҳими дипломатияи об дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Манбаъҳои истифодашуда [1]. UN-Water. Ҳисоботи ҷаҳонии рушди захираҳои оби Созмони Милали Муттаҳид 2024:
Об барои шукуфоӣ ва сулҳ. — Париж: UNESCO Publishing, 2024.
[2]. United Nations Office at Geneva. Далелҳо ва нишондиҳандаҳо оид ба об ва беҳдошт. — Женева: Созмони Милали Муттаҳид, 2023.
[3]. Food and Agriculture Organization (FAO). Вазъи захираҳои замин ва об дар ҷаҳон барои кишоварзӣ ва озуқаворӣ. — Рим: FAO, 2021.
[4]. UNESCO. Ҳисоботи ҷаҳонии рушди захираҳои оби Созмони Милали Муттаҳид 2024. — Париж: UNESCO Publishing, 2024.
[5]. Reuters. Ҳушдори гузориши СММ: «муфлисшавии» захираҳои об миллиардҳо нафарро таҳти хатар мегузорад. — Лондон, 2026.
[6]. The Washington Post. Камшавии обҳои зеризаминӣ дар саросари ҷаҳон суръат гирифта истодааст. — Вашингтон, 2024.
Фирдавс Алиев, муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон
