Перейти к основному содержанию

(Ба муносибати сабти ҷашни Меҳргон дар Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО)

«Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз, Сада ва Меҳргон, ки ҷашнҳои асосии мардумии ориёитаборонанд, бар асоси тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсими фарорасӣ аз ҳамдигар тафовут доранд, вале моҳиятан муштарак гардиши солро ифода мекунанд. Агар Наврӯз эътидоли баҳорӣ бошад, Меҳргон эътидоли тирамоҳист. Аввалӣ фарорасии сол ва дигарӣ фурӯравии он буда, ҳар ду якҷо як соли комили кишоварзиро ташкил медиҳанд. Тақсими сол ба ду қисми баробар ва дар ду нуқтаи мушаххаси эътидоли баҳориву тирамоҳӣ дар боварҳои омиёнаи мардуми тоҷику эрониву афғон ва соир кишварҳои ҳамҷавори онҳо аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дошт. Сабабҳои ниҳода шудани ҳар се ҷашн – Наврӯз, Меҳргон ва Сада реша дар даврони асотирӣ ва ҳамосаҳои дури ниёгони мо дорад, ки Наврӯз ба нахустин фармонравои асотирӣ Ҷамшед, дуввумӣ ба аввалин шаҳрёри ҳамосавӣ Фаридун ва севвумӣ ба Ҳурмузду Ҳушанг рафта мерасад.

Фаридун, бахусус дар таҷлили ҷашни Меҳргон нақши асосӣ дорад ва тибқи андешаи ғолиби пажӯҳандагон Меҳргонро Фаридун ҷорӣ кардааст.

Мувофиқи маълумоти Табарӣ, мардум пирӯзии Фаридун бар Заҳҳокро, ки зимоми ҳукуматро баъди худкомагӣ ва даъвои худоӣ кардани Ҷамшед дар солҳои охири ҳукмрониаш аз ӯ гирифта буд, воқеаи бузурги таърихӣ ва иҷтимоӣ шуморида, онро ҷашн гирифтанд ва чунин ҷашн дар моҳи меҳр ва рӯзи меҳр (рӯзҳои моҳҳо ба номи эзадон гузошта шуда ва ҳангоми номи моҳ бо ними рӯз мувофиқ ояд, онро ҷашн мегирифтанд) буд, ки бо номи ҷашни Меҳргон маълуму машҳур гардид. Ин устура ишора ба ҳаводисе мекунад, ки дар он Фаридун дар набард бо Заҳҳок аз абзори ҷангии ҷадиде чун «гурзи говсар» ва «дирафши ковиёнӣ » истифода кардааст. Меҳрдод Баҳор ҳам ба Берунӣ ва ҳам ба Балъамӣ истинод намуда, таъкид мекунад, ки Заҳҳок тавассути Фаридун ба кӯҳи Дамованд (Албурзи асотирӣ, ки дар Авесто бо номи Ҳиро Березайтӣ омада ва муодили он дар асрҳои миёна кӯҳи Қофи афсонавӣ мебошад) ба банд кашида шуд.

Шарҳи бештари пирӯзии Фаридуни тилисмшикан бар зидди душман ва шикастани банди асрори ҷодуи Заҳҳок ба он далолат мекунад, ки ғалабаи вай бар Заҳҳок пирӯзии ӯ бар табиат низ арзёбӣ мешавад, зеро ӯ намояндаи иқтидору шукӯҳи шоҳ бар ҳақ аст ва паҳлавонию пирӯзмандии вай ҷанбаи нерӯи Хуршедии ӯро намоиш медиҳад.

э

Меҳргон ҷашни шукӯҳмандии кишоварзон ва ҷамъоварии самараи барзгарон (деҳқонон), бардошти фаровардаҳои зироатҳои хӯшаӣ ва омодагии замину ҳамоҳангии кишти оянда дар оғози зимистон аст. Пас, Меҳргон баъд аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги миллӣ ва фурӯғмандтарин намоди суннати дерини фарҳанги ориёист. Ин ҷашн ҳар сол рӯзи даҳуми моҳи меҳр (дуюми октябр) бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни Меҳргон ҷашне буда, ки аз қадимулайёми ниёгони мо таҷлил мекарданд ва аз ҳамин буъди маконӣ ба сарзаминҳои Шарқу Ғарб интишор ёфтааст. Аз тарафи дигар ҷашни Меҳргон ҷашни зоиши Меҳр, ҷашни худовандгори аҳду паймон ва маросими шукӯҳмандию пирӯзии инсон аст. Ҷашни Меҳргон таҷдиди ҳамасолаи аҳду паймонест, ки бо Худованд барои анҷоми амалҳои нек, гурез аз ҳамаи бадиҳо, барафрохтани «Дирафши ковиёнӣ» дар ҳамаи ҷабҳаҳо барои ҷустуҷӯи рӯҳи худованди Меҳр ва парокандагии нури Хуршед, ташвиқи инсон ба ҳидояти нуру равшаноӣ ва тарғиби ӯ ба муқобили ҷаҳлу зулмат баста хоҳад шуд. Ба ин маънӣ, суханони Эроншоҳӣ ба нақл аз Абурайҳон Берунӣ дар бораи он ки «Худованд аз нуру зулмат ба Наврӯзу Меҳргон паймон гирифт», дар он зоҳир мешавад, ки чун ойини меҳр қабл аз ойини зардуштӣ интишор ёфта буд ва он худованди аҳду паймон ба шумор мерафт. Наврӯзу Меҳргон аз рӯи табиати фаслии худ ба нуру зулмат ташбеҳ дода шудаанд ва ин паймони ташбеҳӣ ҳамчун мазҳари Наврӯзу Меҳргон ҳамасола то ба пирӯзии қатъии нур бар зулмат идома хоҳад кард.

Аз нукоти дар боло номбаршуда маълум мегардад, ки Меҳргон ҷанбаҳои нуҷумӣ, таърихӣ, динӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дорад.

Меҳргон навиде аз сипарӣ шудани тобистон, ки самари меваю дарахтон ва рустаниҳоро расонда, аз муътадил шудани ҳаво хабар медиҳад ва ҷашни он аз ҷиҳати пойгоҳ ва эҳтирому нуфуз баъд аз ҷашни Наврӯз дар оғози нимаи дуюми сол гузаронида мешавад. Дар воқеъ, Меҳргон дар рӯзгори қадим ҳангоми собит набудани солшуморӣ ҳамчун рӯзи аввали сол низ ҷашн гирифта мешуд, вале баъди ислоҳи тақвим ҷашн гирифтани он дар моҳи меҳр ба ҳукми анъана даромад.

Яке аз маросимҳои ҷолиби ҷашни Меҳргон аз он иборат буд, ки идро дар дарбор шурӯъ мекарданд ва дар ҳамаи шаҳру вилоятҳои қаламрави сосонӣ тибқи суннатии маҳаллии худ дар ҳузури волиёну сардорон ва амирони ҳар минтақа низ он оғоз меёфт ва ҳамаи мардум онро бо хурсандию хушнудӣ ҷашн мегирифтанд. Бахши тадорукотӣ тамоми унсурҳои суннатии гузаронидани ҷашнро назорат мекард. Аксари муҳаққиқон зикр кардаанд, ки чун мазҳари ойини меҳрпарастӣ Хуршед буд, шоҳон аксаран маросими тоҷгузории худро дар ҳамин рӯз анҷом медоданд ва дигар тадорукоти муҳимми давлатиро низ ба ҳамин рӯз мавқуф мегузоштанд. Масалан, маросими тоҷгузории Анӯшервони Одил дар ҳамин рӯз баргузор шуда ва гӯянд, ки Ардашери Бобакон тоҷе, ки бар он сурати Офтоб нақш карда буданд, дар ин рӯз бар сар ниҳод.

Меҳргон суфраи хосси ҷашнии худро дошт. Дар хони меҳргонӣ, ки назди шоҳон густарда мешуд, аз навъҳои гуногуни хӯришҳо, ҳубубот, меваҷот ва ғайра буд. Маъмулан, дар васати суфра ноне мегузоштанд, ки онро «дорун» меномиданд ва он аз ҳафт навъи донаҳои ордкардашуда пухта мешуд. Навъҳои гуногуни меваҳои фасл, гулу райҳон, мурғ, шароб, ойина, сурмадон, анвои гуногуни шарбат, ширинӣ, шоҳи сабзи дарахти зайтун, биҳӣ, анор ва шакару сикка суфраи меҳргониро оро медоданд.

Мэри Бойс дар китобаш «Мутолиоти митроӣ» роҷеъ ба ойини меҳрпарастӣ ва сабабҳои пайдоишу густариши он ба мамолики Ғарб таваққуф намуда, дар бораи суфраи меҳргонӣ навиштааст, ки дар он рӯз зардуштиён либоси нав ба бар мекарданд, мурғро тоза ва даруни онро аз маводди ғизоӣ пур мекарданд ва онро пухта рӯи дасторхон мегузоштанд. Дар суфра ҳамчунин китоби Авесто, ойина, сурмадон, гулоб ва гулҳои рангоранг гузошта мешуданд, ки ҳама намунаи маҳсули баҳор, самараи ҷамъоваринамудаи деҳқонону барзгарон дар умуми кишоварзӣ буд.

Дар соҳаи кишоварзӣ ниёгони мо ду давраи асосии марбут ба кори деҳқонон – кишти баҳорӣ ва ҳосилғундорӣ доштанд, ки мувофиқан бо ду ҷашни бузург – Наврӯзу Меҳргон ҳамроҳ буд. Дар ҳар ду ҳолат пири кишоварзони мо Бобои Деҳқон сарвари ҳомӣ ба шумор мерафт. Дар аввали сол намояндаи заминии Бобои Деҳқон аз номи ӯ дона мекорад ва дар нимаи сол таҳти назорати ҳамин Бобои Деҳқон корҳои ҳосилғундорӣ ва хирманкӯбӣ шурӯъ мешавад. М. С. Андреев дар тадқиқоташ мавҷудияти эътидоли баҳорию тирамоҳиро дар боварҳои тақвимии Осиёи Миёнаву Эрони бостон қайд карда, унсурҳои боқимондаи онро дар шаҳру ноҳия ва минтақаҳои гуногуни Бадахшон нишон медиҳад. Ӯ аз ҷумла таъкид мекунад, ки Меҳргон иди инсон мебошад, ки моҳияти асосии он ҳамон тарғиби ҳаёти муқиминишинӣ ва зироаткорию чорводорист.

Барои исботи чунин ақидаи худ ба боварҳое ишора мекунад, ки масалан, дар Дарвозу Язгулон ва Вахону Ишкошим аз замонҳои ба мо дур Наврӯзро «шогун» ва Бобои Деҳқонро «шогунӣ» (шавгунӣ) ба маънои шахси хушқадаму мубораку фархунда меномиданд ва Наврӯзро оғози шудгор карданубазраафшонӣ дар сари сол арзёбӣ карда, Меҳргонро натиҷаи мантиқии фаъолиятҳои киштукори баҳории кишоварзон баҳо додан мумкин аст, ки он ҳам таҳти ҳимояти падари рӯҳонӣ Бобои Деҳқон мегузарад, зеро дар ин давра мавсими дарав ва хирманкӯбӣ, бардоштани ҳосил аз Модар-Замин шурӯъ мешавад. Вақте маҳсули заҳмати дастони деҳқони асил ғундошта мешавад, Бобои Деҳқон ҳомию нигаҳбони хирмани ғалла ва баракати он мегардад. Ӯ нозири як силсила урфу таомулҳое мебошад, ки бояд зимни анҷоми корҳои вобаста ба хирмангоҳ то интиқоли ғалла ба анборҳо риоят шавад.

Бобои Деҳқон дар ин ҷо баробар ба Ҳазрати Одам (а) аст, ки вақте ба сабаби хӯрдани гандум аз ҷаннат ронда шуд, ӯ дар рӯи Замин ба киштукори ғалладона машғул шуд ва заҳмати даравидани ҳосилу кӯфтани хирман ва бод додану сара кардани он ба дӯшаш афтод. Бобои Деҳқон, дар ин маврид, ҳамон Ҳазрати Одам дар асотири ниёгони мо дар Осиёи Марказӣ ва Эрони бостон мебошад, ки ҳомию нигаҳбони деҳқонон аст. Ба ин маънӣ, хирмани ғаллаи ҷамъовардашуда суфраи Бобо маҳсуб мешавад ва он муқаддас аст. Хирман бояд ҳама вақт пок нигоҳ дошта ва муҳтарам шуморида шавад. Дар он бо сару садои баланду ғазаболуд ҳарф задан, таҳқир кардану дашном додан, бо тану либоси нопок ҳозир шудан, роҳ додани саг ва дигар ҳайвоноти наҷис қатъан мумкин нест.

Баъди истилои араб масоил ва монеаҳое пеш омаданд, ки дар натиҷаи онҳо, чунонки муҳаққиқон зикр намудаанд, бисёре аз одобу русуми миллию динӣ ва марТаҷлилидумии халқу миллатҳои Эронзамин, ки таъриху фарҳанги куҳантар аз арабҳо доштанд, ё тамоман ба фаромӯшӣ супурда шуданд, ё тағйири шакл карданд ва ё ба шеваи дигаре ҷилвагар шуданд. Вале ҷашнҳои миллии халқҳои эронитабор ба мисли Наврӯзу Меҳргон он қадр ба аъмоқи таърих ва афкори маънавӣ реша давонда буданд, ки тағйироти диниву сиёсии баамаломада ба мисли истилои араб онҳоро решакан карда натавонистанд, баръакс, он ҷашну маросимҳо дар таркиби тамаддуни исломӣ ҷои худро пайдо намуданд. Дар аҳди банӣ Умайя нуфузу шукӯҳмандии ҷашни Меҳргон аз байн рафт ва танҳо ҷиҳати барои хилофат манфиатноки он, ки аз ҷамъ кардани ҳадоё (ба мисли хироҷ) иборат буд, боқӣ монду бас. Фарҳангшиноси араб Ҷурҷӣ Зайдон дар «Тамаддуни исломӣ» ном асараш миқдори ин ҳадоёро, ки Умавиён ҳамчун хироҷ талаб мекарданд, аз 5 то 10 миллион дирҳам зикр кардааст.

Вале дар аҳди Аббосиён вазъ каме дигаргун шуд. Дар ҷашни Меҳргон барои хулафо ҳадоё фиристода мешуданд. Масалан, Ҳусайн ибни Ваҳб дар ҷашни Меҳргон ба халифа Мутаваккил ҷоми тило бо вазни ҳазор мисқол фиристода буд, вале аббосиҳо баргузории ҷашнро озод гузоштанд ва дар гирифтани ҳадоё ба роҳи ифрот намерафтанд. Гузашта аз ин, тадриҷан дар чунин ҷашнҳо худашон ширкат меварзиданд ва ин боиси иштироки оммаи васеъ дар ҷашн мегардид. Шоирони араб дар ҳамин давра ба навиштани шеърҳои шодбошӣ, қасида ва мадҳияҳо ба мамдӯҳони худ ба забони арабӣ пардохтанд.

Муддате муташарреин бо ҳар восита монеи баргузории ҷашни Меҳргон шуданд, вале вақте зимоми хилофатро халифа Муътамад ба даст гирифт, дубора ҷашни Меҳргонро таҷлил кард. Аз ашъоре, ки то ба рӯзгори мо аз шоирон боқӣ мондааст, метавон тахмин кард, ки дар аҳди Сомониёну Ғазнавиён ҷашни Меҳргон дар қаламрави Осиёи Миёнаву Эрону Афғонистон ривоҷ ёфта будааст. Бино ба маълумоти маъхазҳо, аксари ҷашнҳои миллии мардуми эронинажод то ҳамлаи муғул дар дарбори шоҳону хулафо роиҷ будаанд. Маъхазҳо хусусан дар бораи ҷашни Меҳргон дар давраи ҳукмронии Ғазнавиёнро бештар инъикос намудаанд.

Роҷеъ ба ҷашни Меҳргон шоирону мутафаккирони асрҳои миёнаи форс-тоҷик шеъру тарона, ғазалу қасида ва достонҳои зиёд эҷод намудаанд, ки худ шоҳиди барҷастагии таҷлили ҷашни Меҳргон дар аҳди ислом мебошад.

Меҳргон ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дӯстию рафоқату меҳр ба инсон аст. Ҷашни ҷамъоварии ҳосил ва натиҷаи заҳмати пурбор аст.

Он аз ҷумлаи ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор аст, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Нишонаҳои суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони мардумшинос ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардиданд ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад.

«Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бино бар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».

Воқеан, ин ҷашни ниҳоят қадимӣ, мероси мардумии мо маҳсуб шуда, аз замоне, ки онҳо ба чорподорӣ машғул шуданд, бо замин сари кор гирифтанд ва ҳосил рӯёнда, аз дастранҷи худ роҳат диданд, ин маросимро эҳё намуданд ва онро дар доираи тафаккуру ташаккули зеҳнии асотирии замони худ доир намуданд.

Мувофиқи ойини гузаштагонамон дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст. Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғавонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Меҳргон ва ойини меҳпарастӣ. Вожаи «Меҳргон» аз ду ҷузъ иборат буда, дар луғатномаҳо дар борааш чунин шарҳ омадааст: «меҳр» - муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» - далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон», маъмулан дар охири исми рӯз ва моҳи хуршедӣ омада, исми амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фириштае аз устураҳои қадимии мо мебошад. Мардуми ориёитабор дар замони бостон чунин рӯзеро, ки дар охири рӯзу моҳаш пасванди «гон» мегирифт, бо шукӯҳи хос ҷашн мегирифтанд. Барои мисол метавон аз рӯзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» дошта, мардум ба онҳо эҳтироми фавқулода дошта, ин рӯзҳоро ба таври хос қайд мекарданд. Инҳо рӯзҳои обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, меҳргон ва амсоли инҳо мебошанд.

Меҳр дар забони санскрит дар шакли митра [mitra], дар «Авесто» митҳра [mithra], дар паҳлавӣ [mitr] буда, пайвандагари рӯшноӣ ва нури азалӣ мебошад. Ҳарчанд иддае аз муҳаққиқон дар баъзе навиштаҳои худ меҳрро хуршед мегӯянд, вале Меҳр на фақат Хуршед мебошад, балки дар «Авесто» яке аз эзадони устуравии бузург буда, ба он одамони ориёӣ ниёиш мекарданд ва аз он омурзиш мехостанд.

Эзади Меҳр дар миёни қавмҳои алоҳида ҷойгоҳи махсус дошта, ба маънии дӯстӣ, муҳаббат ва довари бузург ва адолатпарвар амал мекард ва миёни мардум ин хислатҳои башардӯстонаро талқин менамуд ва дигаронро низ ба риояи ин арзишҳои эзадӣ ҷалб мекард. Доир ба ин хусусияти эзади Меҳр бостоншиносон аз минтақаи Буғозкӯй дар яке аз шаҳрҳои Осиёи Хурд лавҳи гилине пайдо кардаанд, ки ба номи Капатука [kapatuka] машҳур буда, марбут ба 1400 сол пеш аз милод мебошад. Ин лавҳ ва даҳҳо лавҳи дигар, ки аз ҷониби бостоншиносон ба даст омадаанд, шаҳодат медиҳанд, ки эзади Меҳр дар замонҳои пеш дар ҳаёти хонаводаи мардумони соҳиби забонҳои ҳиндуаврупоӣ ҷойгоҳи махсус доштааст.

Меҳр дар адабиёти навишторӣ низ маъмул буда, ба шакли Митро яке аз бузургтарин эзадони мардумони ҳиндуэронӣ мебошад. Дар осори санскрит «Веда» ва «Ригведа» аз он ёд шудааст. Эзади Меҳрро дар китоби «Веда» ба маънии дӯсту ҳамдами ёрирасон маънидод намудаанд. Ин ва даҳҳо далели дигар бидуни ҳеҷ шакку шубҳа исбот менамоянд, ки дар замонҳои бостон ҷашни махсусе барои ин эзад доир мегаштааст, ки баъдҳо ба Меҳргон табдил ёфтааст.

Дар китоби «Авесто», тавре ки қаблан ишорат рафт, Меҳр яке аз бузургтарин эзадон маҳсуб шуда, доир ба он борҳо дар ин китоби муқаддас ёдоварӣ шудааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и Авесто омадааст, ки Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳура Маздо ба Спитамон Зартушт гуфт: Эй Спитамон! Бад-он ҳангом, ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам».

Аз ҳамин ишора маълум мешавад, ки Меҳр дар низоми бисёрэзадии даврони зардуштӣ мақоми хос дошта, барои деҳқонон ва чорводорон арзишманд будааст ва ба тарзи махсус ситоиш ёфта, одамон низ ба он меҳри беандозадоштаанд. Ҳамин асолати ин ойини мардумӣ асос гардид, ки баъдҳо ойини Меҳр ва ҷашни Меҳргон арзи ҳастӣ намояд. Баъди пайдо шудани таассуроти асотирӣ доир ба Меҳр он ташаккул ёфта, дар миёни мардум маҳбубияташ бештар гардида, аз доираи устуравӣ ба як ойини мукаммали Меҳр табдил шуд.

Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ ойини Меҳр дар замони ҳукмронии Ардашери 2 (405-395 пеш аз милод) ва Ардашери 3 (395-338 пеш аз милод) дубора роиҷ ёфтааст ва тавассути кишваркушоии Ҳахоманишиён ба кишварҳои дигар, бамонанди Осиёи Хурд ва Рум густариш пайдо карда будааст. Бахусус сипоҳиёни румӣ ҳар ҷоеро тасхир карда, онҳоро маҷбур мекарданд, ки ба ойини Меҳр ниёиш кунанд ва рукнҳои онро риоя намоянд. Ҳамин асос шудааст, ки мардумони гуногуни кишварҳои аврупоӣ ойини Меҳрро бо худоёни худ, махсусан бо худои Офтоб як медонанд. Мувофиқи маълумоти донишманди эронӣ Ҳошим Разӣ ва пажӯҳандагони дигар, ки ба таҳқиқи устураҳои қадим ва муқоисаи онҳо машғул будаанд, ҳатто Юпитер ва Зевсро юнониҳо ва румиҳо ба Меҳр монанд мекардаанд.

Аз ишораҳои мазкур маълум мегардад, ки ойини Меҳр ба зиндагии мардуми Европа роҳ ёфта, бо тарзи хос унсурҳои гуногуни он, эҳтирому ниёиш мегардидааст. Дар садаҳои аввали пеш аз милод ба воситаи худи румиҳо ойини меҳрпарастӣ ба Европаи ғарбӣ, шимоли Африка ва баъдтар дар атрофи Баҳри Сиёҳ, Осиёи Хурд паҳн гашта, бо шаклҳои мухталиф густариш пайдо карда будааст.

Дар садаи чоруми милодӣ кишвари Рум дар Константинопол дини масеҳиро пазируфта, аз ойини Меҳр даст мекашад, вале баъзе унсурҳо ва рукнҳои онро нигоҳ дошта, дар дини масеҳӣ бо тарзу мазмуни нав онҳоро ҷойгузин менамояд ва бо мурури замон суннатҳои ойини Меҳр ба ойини месеҳият табдил меёбад. Ҳатто се рӯзи пас аз таваллуди Хуршедро, ки ба 22 декабр рост меояд, ба 25 декабр табдил дода, онро шаби таваллуди Исои Масеҳ эълон намуданд ва ба ин санаи асотирию бостонӣ ҷанбаи қадимию таърихӣ ворид намуданд. Ин гуна трансформатсияи рамзҳову улгуҳои асотирӣ, ки аз як макон ба макони дигар, аз як ойин ба ойини дигар гузаштаанд, дар устурашиносӣ ва осори фолклорӣ ниҳоят зиёд буда, қимати ин арзишҳои мутақаддимро бори дигар исбот менамоянд.

Бешак, дар миёни қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, эҳтиром ба эзади Меҳр роиҷ гардида буд ва тайи садсолаҳо ҷойгоҳи парастишӣ дошт ва мардум онро ситоиш карда, рукнҳои ин ойинро риоя ва иҷро мекарданд. Ба ин ҷиҳат то ҳол дар баъзе минтақаҳои Эрон зодрӯзи Меҳрро, ки ба шаби дарозтарин – 22 декабр рост меояд, ёд мекунанд. Ба гуфтаи баъзе пажӯҳандагон шояд ҳамин ҷашн бо мурури замон ба ҷашни Меҳргон табдил шуда бошад.

Рӯзи ҷашни Меҳргон. Барои тайин намуданирӯзи Меҳргон ҳамаи пажӯҳандагон асосан ба Берунӣ такя намудаанд. Тибқи ишораи Берунӣ ҷашни Меҳргон 16-уми меҳр (баробари 7‒8 октябр) ва «Меҳргони Бузург» 21 меҳр (баробари 11‒12 октябр) будааст. Албатта, ин таърих мувофиқи тақвими расмӣ ва мардумии замони Берунӣ аст.

Пажӯҳандаи даниягӣ Артур Кристенсен (1875-1945) тақвими овардаи Беруниро баррасӣ карда ба чунин натиҷа мерасад, ки Берунӣ дар баъзе ҷойҳо оғози солро моҳи дай ва дар ҷойи дигар оғози солро моҳи Фарвардин гуфтааст. Ба гуфтаи А. Кристенсен «ба ноҳамоҳангии гоҳшуморӣ таваҷҷуҳ накардааст». А. Кристенсен гуфтаи Берунӣ ва назару ҷадвалҳои олимони дигарро шарҳ дода, бар он ишорат мекунад, ки 16-и меҳри замони Берунӣ баробари 2-и октябр мебошад.

Пажӯҳишгар Ҳошим Разӣ рӯзи ҷашни Меҳргонро бар асоси гуфтаи Берунӣ ва тақвими қадимӣ 16-и меҳр донистааст, ки ин мутобиқ ба 7–8-и октябр аст.

Мардумшинос Маҳмуд Рӯҳуламинӣ зимни ҳавола ба тақвимҳои пешин, ки Меҳргон 16-и меҳр (7–8-и октябр) ҷашн гирифта мешуд, ишорат бар он намудааст, ки соли 1304 (1925 милодӣ) дар замони Ризошоҳ Паҳлавӣ (тав. 1878 – ваф. 1944; ҳукумат 1925-1941) тақвимҳои гузашта мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа он ба 5 рӯз тағйир ёфт. Аз ин рӯ, Меҳргонро 10-и меҳр (2-и октябр) ҷашн мегирифтанд. Яъне, багуфтаи бархе аз пажуҳандагон 10-и меҳр ба ҳамон тақвими замони Берунӣ ба 16-и меҳр баробар будааст. Ҳамин тавр дар замони Ризошоҳ Меҳргон дар 10-и баҳман, ки ба 16-и баҳмани пешин мувофиқ аст, ҷашн гирифта мешуд. Тибқи ҳамон муқаррарот зардуштиён ҳоло низ Меҳргонро 10-и баҳман (2-и октябр) ҷашн мегиранд.

Дар тақвими авестоӣ як моҳ аз сӣ рӯз ва як сол аз 12 моҳ иборат буда, ҳар рӯз дорои як ном аст ва 12 моҳ низ номҳои худашонро доштанд. Дар қадим ҳар замоне, ки номи рӯз ва номи моҳ ба ҳамдигар мувофиқ меомад, он рӯзро бо тарзи хосса ҷашн мегирифтанд. Дар ин миён шонздаҳуми ҳар моҳ «меҳр» ном дошт. Аз ин рӯ, рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ (2-и октябр) ҷашн барпо мегардид, ки он ба ҷашни Меҳргон рост меомад.

Дар замони Ҳахоманишиҳо ва баъд чандин садсола ин ҷашн бо шаҳомати бузурге доир мегашт. Мувофиқи баъзе ақидаҳо ва ҳисоби махсуси зардуштиён ҷашни Меҳргонро бар асоси тақвими бостонии хуршедии авестоӣ баргузор мекарданд, ки он баробари даҳуми меҳр (баробари 10–12-и октябр) буда, шаш рӯз фарқ дорад. Дар ин бора дар бозёфтҳои бостоншиносӣ, манобеи катбӣ ва ҳамчунин суннатҳои гуфтории мардуми эронитабор далелҳои муътамад мавҷуданд.

Таърихи аслии баргузор намудани ҷашни Меҳргон чунин буд: дар замонҳои қадим сол ба ду тақсим мешуд, ки инро дар тақвими авестоӣ метавон дид. Якеро тобистон [«ҳама = hama» мегуфтанд ва дигареро зимистон [«зайама = zayama»] меномиданд. Тавре ки А.Кристенсен бар асоси сангнавиштаҳои кӯҳи Бесутуни замони Дориюш (Доро) ёдовар мегардад, оғози соли ориёиҳои бостон дар поиз (тирамоҳ) будааст. Дар ин оғоз ҷашни бисёр маъруфе будааст, ки онро Меҳргон, яъне Багаёда (bagayāda) мегуфтаанд. Аммо дар охири фармонравоии Дориюш тақвими мисрӣ пазируфта мешавад, ки тибқи он сол ба 12 моҳ тақсим шуда, сол ба эътидоли баҳорӣ (Наврӯз) оғоз мегашт ва ин соли дини зардуштиён гардида, то ҳоло идома дорад.

Тавре ки дар «Бундаҳишн» омадааст, тобистон аз ҳафт моҳ 210 рӯз иборат буд ва зимистон аз панҷ моҳу панҷ рӯз ё 155 рӯз. Аз ин рӯ, дар оғози фасли тобистон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд ва дар оғози фасли зимистон Меҳргонро.

Баъдтар дар замони Сосониён аз ин ду фасли нобаробар чаҳор фасли баробар ба вуҷуд оварданд, яъне ҳар фаслро ба семоҳӣ – баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон тақсим намуданд, ки то ҳол давом дорад. Ҳарчанд фасли ҳар сол ба чаҳор ҷудо шуд, вале ҳамоно мардуми эронитабор ду ҷашнро – Наврӯз ва Меҳргонро якранг ҷашн мегирифтанд.

Дар рӯзгори пешин бузургии ин ду ҷашн чунон буд, ки якеро аз дигаре боло намешумурданд. Ҳатто дар манобеъ ва дар миёни мардуми эронитабор бо такя бар гуфтаи Салмони Форс, ки Берунӣ бар он ишорат кардааст, мегӯянд худованд ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон барои зинату ороиши бандагонаш падид овардааст.

Дар байни ин ду ҷашн ҳамоҳангиҳои зиёде мавҷуд мебошад, ки донишмандон борҳо ба муштаракоти он ишора кардаанд ва ба бузургии мардумони пешин аҳсан хондаанд. Чунончи дар моҳи фарвардин (март), аввали баҳор, баргузор шудани Наврӯз ва дар моҳи меҳр (октябр) аввали тирамоҳ баргузор шудани Меҳргон, албатта рамзҳои худро дорад. Дар ҷашни Наврӯз низ Наврӯзи омма ва Наврӯзи хосса ҳаст ва дар ҷашни Меҳргон ҳам Меҳргони омма ва Меҳргони хосса қайд мегардад. Расму ойинҳои ба ҳамдигар монанд доштани ин ҷашнҳо инчунин дар баргузор намудани маросими махсус барои расидан ба арзи мардум, ҳадя додан ба шоҳон, тақдими ҳадяи либоси зимистонӣ аз ҷониби шоҳ, маросими офаринхонӣ, ороиши дасторхони меҳргонӣ ба назар мерасад. Дар баробари ин қимати ин ду ҷашнро муҳаққиқон эътироф карда, арзи ҳастӣ кардани Наврӯзро ба Ҷамшед ва Меҳргонро ба Фаридун нисбат медиҳанд. Бартарии Наврӯз иборат аз онаст, ки аз зинда гардидани табиат башорат медиҳад ва баробарии хуршед дар Бурҷи Ҳамал аст. Меҳргон саршавии нимаи дуюми сол ё оғози соли Ҳахоманишии фасли тирамоҳ мебошад. Яъне, ҳулули хуршед дар бурҷи мизон мебошад. Ин монандиҳои ҳаётан воқеӣ аз таҷрибаи бузурги рӯзгордории мардуми эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон, шаҳодат дода, бори дигар қадимӣ будани ин ҷашнҳо ва аз замонҳои пешин фарҳангпарвар будани ниёгони моро тасдиқ менамоянд.

Меҳргон дар таърих ва адабиёти мо. Мардуми мо аз қадим ба арзишҳои фарҳангию ойинҳои хеш эътимод дошт ва ҳар як унсури устуравию суннатҳои мардумиашро дар хотираи фарҳангии худ ҳифз намуда, бо асолатҳои инсондӯстонааш то пайдо шудани осори катбӣ нигоҳ доштааст, ки Наврӯзу Меҳргон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҳамин ҷанбаи инсондӯстонаи ҷашнҳои мазкур, бахусус Меҳргон, асос шудааст, ки таърихшиносони юнонӣ ба он бо назари нек нигаристаанд. Онҳо иттилоъ додаанд, ки дар замони Ҳахоманишиҳо ба Меҳргон таваҷҷуҳ бештар будааст. Тибқи маълумоти таърихнигорони юнонӣ бо номи Митроконо («mitrākānā») ҷашне будааст, ки дар тамоми Осиёи Хурд бо шукӯҳу шаҳомат баргузор мешудааст. Ин ҷашн, бо ҷашнҳои кишварҳои дигар ва худоёни юнонӣ омехта шуда, ба ифтихори Меҳр (Митро) барпо мегардидааст.

Тибқи ривоятҳо дар ин ҷашн аҳли муғону рӯҳониён аз пеш, ба дунболи онҳо ҳунармандон, баъд мардум ва тамошогарон ҳаракат мекарданд. Дар ин маросим қурбониҳо, рақсу бозӣ, шаробнӯшӣ, хурсандии фаровон будааст. Ба ишорати таърихнигорони Юнони Бостон подшоҳони эронӣ дар чунин ҷашнҳо, ба ғайр аз ҷашни «Митроконо», маст намешуданд ва дар шодию хурсандии умумӣ ширкат мекарданд. Ксенофон ва Плутархи юнонӣ мегӯянд, ки бузургон ва шоҳони эронӣ ба номи Митро савганд ёд мекарданд. Шоҳони эронӣ барои баргузор намудани ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон кохи махсус доштанд. Дар ин ҷашнҳо навозандагон оҳангҳои дилнишин менавохтанд ва хонандагон сурудҳои дилнавоз месароиданд. Ба шоҳ ҳадяҳо месупурданд, ки ин баъдан дар даврони Сосониён низ идома дошт, ки дар бораи он аз тасвирҳои Тахти Ҷамшед метавон иттилоъ пайдо кард. Дар Меҳргон шоҳони ориёӣ либоси махсуси гаронбаҳо ба бар менамуданд ва тоҷи махсусеро, ки нақши хуршед дошт, ба сар мегузоштанд.

Доир ба ҷашни Меҳргон, инчунин дар манобеи хаттии пешин ва осори адибони гузашта маълумоти фаровон омадааст, ки ҳар кадом бо диду андешаи худ аз сифатҳои ин ҷашну ойини куҳан хабар додаанд ва онро беҳтарин маросими мардумӣ муаррифӣ намудаанд. Тавре ки қаблан ишора шуд, Наврӯз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобаста аст. Дар ин бора дар маъхазҳо бисёр ишоратҳо шудаанд. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки баъд аз Ҷамшед салтанатро Заҳҳоки Морон ба даст гирифт, ки дар он замон мардум ба ситам ва азобу азият гирифтор буданд. Хушбахтона, аз насли Ҷамшед абармарде бо номи Фаридун пайдо шуду Заҳҳокро аз сари ҳукумат дур сохт, ки ин дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз ин воқеаи нек, аз ин озодӣ ба ваҷд омада, ҷашни бузург баргузор намуданд. Номи ин ҷашнро Меҳргон гузоштанд, ки Фирдавсӣ дар ин бора гуфтааст:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,

Надонист ҷуз хештан шаҳрёр.

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,

Биёрост бо кохи шоҳаншоҳӣ.

Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ

Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба ойини Кай ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.

Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан ойини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.

Варо буд ҷаҳон солиён понсад,

Ки нафканд як рӯз бунёди бад.

Фирдавсӣ дар ҷойи дигар ҳам аз Меҳргон ёд кардааст:

Бикард андар он кӯҳ оташкада,

Бад-ӯ тоза шуд Меҳргону Сада.

Абурайҳон Берунӣ низ ин гуфтаро тайид намуда, дар «Китобу-т-тафҳим лӣ авоил-и-синоат-ит-танҷим» навиштааст: «Меҳргон чист? – Шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр. Ва андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Биюросби Ҷоду, он-к маъруф ба Заҳҳок. Ва ба кӯҳи Дамованд боз дошт. Ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он-ч аз паси Наврӯз бувад. Ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрӯз ном аст ва бад-ин донандаш».

Берунӣ дар китоби дигари худ «Осору-л-боқия» низ дар бораи Меҳргон бештар сухан ронда, бар асоси ривоятҳои машҳури мардумӣ, ки дар манобеи дигар низ дар шаклҳои гуногун ба назар мерасанд, аз ҷумла, гуфтааст: «Мегӯянд, сабаби ин ки ин рӯзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд, Фаридун хурӯҷ кардааст. Пас аз он ки Кова бар Заҳҳоки Беварасб хурӯҷ намуда буду ӯро мағлубу нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд. Кова касест, ки подшоҳони Эрон ба раияти ӯ некӣ меҷустанд. Ва байрақи ковиёнӣ аз пӯсти хирс буд. Ва баъзе ҳам гуфтаанд: «Аз пӯсти шер буда ва онҳо «Дирафши ковиён» номиданд, ки пас аз ӯ ба ҷавоҳиру тилое зеб карданд». Ва низ гуфтаанд: «Дар ин рӯз фариштагон барои ёрии Фаридун омаданд. Ва дар хонаҳои подшоҳон ин тавр дар ин моҳ расм шуда, ки дар саҳни хона марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб меистад ва ба овози баланд мегӯяд: «Эй фариштагон, ба дунё поин оед ва шаётину шарҳоро банду баст кунед ва аз дунё ононро дафъ намоед!» Ва мегӯянд, ки дар ин рӯз Худованд заминро густаронид ва колбудҳоро барои он ки маҳалли арвоҳ бошад, офарид. Ва дар соате аз ин рӯз фалакофар оҳиста нафас мекашад, ки то ҷасадҳоро парвариш диҳад. Ва мегӯянд, дар ин рӯз буд, ки Худованд Моҳро, ки курае сиёҳ ва бефурӯғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст. Ва фархундатарин соатҳои он соати Моҳ аст. Салмони Форс мегӯяд: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар»….

Ба идомаи суханонаш Берунӣ боз гуфтааст: «Ва ин рӯз дар айёми гузашта бо аввали зимистон мувофиқ буд. Ва чун кабисаро эҳмол карданд, пеш афтод. Ва дар мулуки Хуросон ин тавр расм гаштааст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тирамоҳию зимистонӣ медиҳанд. Рӯзи бисту якум Ромрӯз аст, ки онро «Меҳргони Бузург» меноманд. Ва сабаби ин ид он аст, ки Фаридун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ӯро ба қайди асорат даровард. Ва чун Заҳҳокро ба пеши Фаридун оварданд, Заҳҳок гуфт: «Маро, ба хуни ҷаддат, накуш!» Ва Фаридун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: «Оё тамаъ кардаӣ, ки бо Ҷам писари Виҷҳон дар қисос ҳамсару қарин бошӣ, балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам!» Сипас бифармуд, то ӯро банд карданд ва дар кӯҳи Дамованд ҳабс намуданд. Ва мардум аз шарри ӯ роҳат шуданду ин рӯзро ид донистанд. Ва Фаридун мардумро амр кард, ки рӯмоли махсусе ба камар банданду замзама кунанд ва дар ҳангоми таом сухан нагӯянд, барои сипосгузории худованде, ки эшонро пас аз ҳазор соли тарс бори дигар дар мулки худ тасарруф дод. Ва ин кор дар эшон суннату одат монд.

Ҳамин ривоятро Асадии Тӯсӣ дар «Гаршоспнома»-и худ ба таври зер тасвир намудааст:

Ҳамон сол Заҳҳокро рӯзгор,

Дижам гашту шуд соли умраш ҳазор.

Биёмад Фаридун ба шоҳаншаҳӣ,

В-аз он морваш кард гетӣ тиҳӣ.

Сарашро ба гурзи кайӣ кӯфт хурд,

Бибасташ, ба кӯҳи Дамованд бурд.

Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хӯша меҳр,

Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.

Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,

Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барфарохт.

Аз гуфтаҳои Берунӣ ва даҳҳо шоиру олими дигар маълум мешавад, ки Меҳргон пас аз ислом низ бо ҳамон шаъну шукӯҳи пешини худ таҷлил мегаштааст. Бахусус дар замони Сомониён ба ин ҷашн таваҷҷуҳи махсус дода мешудааст, ки инро метавон аз гуфтаҳои таърихнигорон ва сурудаҳои шоирон, аз ҷумла ин сатрҳои сарвари шоирон устод Рӯдакӣ дарк намуд:

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Хаз ба ҷои мулҳаму харгоҳ

Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,

Май ба ҷои арғавон омад.

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,

Май ба бахти ту навҷавон омад.

Гул дигар раҳ ба гулситон омад,

Вораи боғу бӯстон омад.

Вори озар гузашта шуълаи он,

Шуълаи лоларо замон омад.

Дар осори адибони садаҳои 9–10 ва садаҳои баъдӣ дар бораи Меҳргон, ситоиши он, ҷойгоҳи он ишораҳои зиёде мавҷуд аст. Аз ин ишоратҳо маълум мешавад, ки Меҳргон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосу ом будааст. Ҳоло барои намуна чанд порае аз сурудаи шоирон меорем, ки роҷеъ ба Меҳргон гуфтаанд:

Шод бошед, эй ки ҷашни Меҳргон омад,

Бонгу овои дуройи корвон омад.

Корвони Меҳргон аз хазрон омад,

Ё аз ақсои билоди Чинситон омад.

На аз ин омад, биллаҳ, на аз он омад,

Ки зи фирдавси барин, в-аз осмон омад.

Меҳргон омад, ҳон, дар бикшоедаш,

Андар ореду тавозуъ бинмоедаш.

Дар ин таъкиди Манучеҳрӣ ҷашни Меҳргон ҳамчун беҳтарин воситаи дилхушии одамон васф шуда, шукуҳу шаҳомати он бо тамоми хусусиятҳои дилкашаш тавсиф шудаанд. Дар ин давра низ маълум мешавад, ки одамон бо омадани ҷашни Меҳргон шодию хурсандӣ мекардаанд, сурудхониву базм меоростаанд ва аз баракати омаданаш шукргузорӣ менамудаанд. Доир ба Меҳргон дар дигар абёти Манучеҳрӣ ва осори Фаррухию Унсурӣ низ ишораҳо омада, адибони мазкур бо муҳаббату меҳр сухан гуфта, самимияти худ ва шоҳони замонашонро ба ин ҷашн аз рӯи сидқ ифода кардаанд:

Меҳргон ҷашни Фаридун – маликӣ фаррух бод

Бар ту эй ҳамчу Фаридун малики фарухфол.

Бикшод Меҳргон дари иқбол бар ҷаҳон,

Фархунда бод бар малики Шарқ Меҳргон.

Фаррухӣ.

Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,

Некрӯзу некҷашну неквақту некҳол.

Унсурӣ.

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,

Норинҷу нору арғавон овард аз ҳар ноҳия.

Манучеҳрӣ.

Саъди Салмон ҷиҳати дигари ин ҷашн, яъне дорои меҳру шафқат, хайру саховат ва ба ҳамдигар меҳрубон будани одамонро васф карда, бо муҳаббат нигоштааст:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр бифзо, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.

На фақат дар адабиёт, балки дар мусиқӣ низ ишораҳо ба ин ҷашн ба назар мерасанд. Масалан, дар гузашта бо номи Меҳргон оҳангҳои зиёде сохтаанд. Аз ҷумла Низомии Ганҷавӣ дар достони «Хусраву Ширин» аз сӣ оҳанги Борбад ёдовар мешавад, ки яке аз онҳо «Меҳргонӣ» ном дорад. Ҳамчунин оҳангҳои «Меҳргони хурд», «Меҳргони бузург» низ дар замонҳои пешин шуҳрат доштаанд.

Меҳргон дар замони муосир. Дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, дар давраи салтанати Сомониён ба Меҳргон таваҷҷуҳи хос зоҳир мешуд ва он бо шаҳомат ва омодагии комил доир мегашт. Баъдҳо низ то чанд муддат ин ҷашн пойдор монда, баргузор шудани он барои кишоварзон, деҳқонон ва умуман аҳли адабу ҳунар, хурду бузург воситаи хуби хушҳолию хушнудӣ буд. То ба ҳол дар байни мардуми тоҷик нишонаҳое аз Меҳргон мавҷуданд, ки ҳамчун суннати ниёгон дар фасли тирамоҳ нохудогоҳона чун як одати аз ниёгони хеш боқимонда иҷро мегарданд. Вале мардум фаромӯш кардаанд, ки ин ҳамон нишонаҳое мебошанд аз ҷашни Меҳргон.

Дар асри нуздаҳ ва аввалҳои садаи бист дар фасли тирамоҳ, бахусус дар моҳи октябр, натиҷаи ҷамъоварии ҳосил дар байни тоҷикони Осиёи Миёна бо шодию нишот баргузор мегардид ва ҷашнҳои бошукӯҳе барпо мешуданд. Тавре ки пирмардони бузургсол нақл менамоянд, мардум дар гузашта пас аз ҷамъоварии ҳосил дар меҳмонхонаҳо, сайргоҳҳо, дар бозорҳо хурсандӣ мекарданд. Аз ҳосили бадастовардаи худ ғизоҳо пухта ҳамдигарро зиёфат медоданд, ки ин ойин ҳоло низ ба назар мерасад.

Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ таҳти унвони «Сайри Дарвешобод» ба таври муфассал яке аз ин гуна ҷашнҳоро тасвир намудааст, ки он дар фасли тирамоҳ баргузор мегашт ва ҷашни Меҳргонро ба ёд меорад. Устод Айнӣ бидуни ишорат ба Меҳргон, ба таври муфассал раванди баргузории ин ҷашнро, ки худ дар он ширкат варзидааст, тасвир намуда, аз шодиҳо, бозиҳо, сурудхониҳо, шӯхиҳои мардум бо самимият ёд карда, онҳоро ҳунармандона ба қалам овардааст. Аз ҷумлаи аввали устод маълум мешавад, ки ӯ ишора ба Меҳргон дорад, вале шояд бо таъсири мароми замон вай ошкоро номи ин ҷашнро нагирифта, васфашро ба қалам овардааст. Чунончи: «Тирамоҳ шуд, вақти сайри Дарвешобод расид… Сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард..».

Аз ин гуфтаи устод Айнӣ маълум мешавад, ки сайри Дарвешобод, яъне Меҳргон чанд ҳафта идома меёфтааст. Айнӣ чӣ гуна ба тамошои сайр рафтанаш ва дидаҳояшро ёдовар шуда, макон ва масоҳати ин ҷашнгоҳро низ шарҳ додааст: «Мо ба сайргоҳ рафтем. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада ба тарафи Бухоро мерафт. Ин роҳ аз даҳанаи бозор то мадрасаи Чӯбини Ғиждувон, монанди як хиёбон, васеъ ва рост мерафт. Фақат ду тарафи роҳ бедарахт буд. Дар тарафи ғарбии ин роҳ 10 гектар барин замини чоркунҷа буд, ки сайргоҳ дар он ҷо барпо шуда буд.

Ин қитъа ба палҳои яктанобӣ, нимтанобии киштзор ҷудо бошад ҳам, соҳибони он замин дар аввалҳои моҳи сентябр киштҳои худро ғундошта гирифта, барои сайргоҳ муҳайё карда буданд ва бо пули иҷорае, ки аз дукондорони сайёр мегирифтанд, зарари кишти барвақт ғундоштаи худро дучанд карда мебароварданд. Ин қитъа сар то сар аз шимол ба ҷануб ба растаҳо ҷудо карда шуда буд. Дар ду тарафи он растаҳо бо бӯриё ва ходачаҳо, каппамонанд дукончаҳо сохта буданд, ки баъзеи он дуконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо буданд».

Аз ин тасвири устод Айнӣ бармало мушоҳада мешавад, ки ба ҷашни Меҳргон низ мисли Наврӯз ба таври махсус ва муфассал омодагӣ мегирифтаанд. Устод Айнӣ дар ин ҳикояти саргузаштии хеш – «Сайри Дарвешобод» дар бораи яке аз сайргоҳҳои Меҳргон, ки дар Бухоро баргузор мешудааст, нақл кардааст. Ӯ зимни нақли худ ёдовар шуда, ки дар сайргоҳ барои мардум дилхушиҳое ба монанди сурудхонӣ, маддоҳӣ (қиссахонӣ), тарфбозӣ (як навъ бозӣ бо оташ), қартабозӣ, ғирғиракбозӣ, мушакҳои коғазӣ, хартозӣ, тагалҷангбозӣ (қӯчқорҷанг) ва амсоли ин баргузор мегаштааст. Зимнан барои тафреҳи мардум анвоъу ақсоми ғизоҳо, ҳалвоҳо, нонҳо пешкаш гардида, дуконҳо, чойхонаҳо низ фаъол будаанд.

Пажӯҳандаи фолклори тоҷик Р. Қодиров дар китоби худ «Назаре ба фолклори тоҷикони вилояти Қашқадарё» дар бораи сайрҳо сухан ронда, аз ҷумла дар бораи «Сайри Мазор» ёдовар мешавад, ки он дар фасли тирамоҳ баргузор мешуд. Чунин сайругаштҳо дар тирамоҳ, ки Меҳргонро ба ёд меоранд, дар Бухоро, Самарқанд, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор, Бойсун ва минтақаҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ дар охири садаи нуздаҳ ва авоили садаи 20 баргузор мешуданд ва ҳоло низ нишонаҳои онҳо аз байн нарафтааст.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар фасли тирамоҳ, дар байни мардум ин ҷашн баргузор мегардид, вале сиёсатмадорони замон кӯшиш намуданд, ки онро ба фоидаи сиёсати худ истифода баранд. Аз ин рӯ, бо номи «Иди ҳосилот» (ё «Иди ҳосил») дар фасли тирамоҳ дар деҳоту навоҳии Осиёи Миёна, ҷашне бо шодию нишот барпо мешуд ва онро бо карнайу сурнай, бо рақсу бозӣ баргузор менамуданд.

Аз замонҳои бостон то ҳол дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон дасторхони пурнозунеъмат мегустарданд ва аз гузаштагон ёд менамуданд.

Инак, пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ, чун нишонаи ҷашни Меҳргон, баргузор намудани ҷашнҳои харбуза, асал ва намоишҳои дигар дастовардҳои деҳқонон ба мардум шодию сурур бахшида, зиндагиро боз ҳам рангинтар менамояд.

Дар чанд соли охир пас аз даҳ рӯзи аввали моҳи сентябр то моҳи ноябр бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон бо карнайу сурай, мусиқиву шодӣ, рақсу тарона дар тамоми деҳот, ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ба таври расмӣ бо шаҳомати хос барпо мегардад. Дар мактабҳо талабагон, дар донишгоҳҳо донишҷӯён тибқи намоишномаҳои махсуси театрӣ барномаҳои ҷаззоберо иҷро менамоянд.

Ҳоло, чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳар сол ҷашни Меҳргон дар пайванди Истиқлолияти кишвар моҳи октиябр таҷлил мегардад. Дар тамоми бозорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо баъзе шаҳракҳо мардум дастовардҳои кишоварзии солро ба намоиш бароварда, гурӯҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Бо нархи арзон мардум барои зимистони худ аз ин маҳсулот харид мекунанд. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо намоишҳои махсуси театрӣ ба муносибати Меҳргон баргузор мегарданд.

Ад.: Айнӣ С. Куллиёт. Ҷ. 7. Д., 1962; Қодиров Р. Фолклори маросими тореволюционии тоҷикони водии Қашқадарё. Д., 1963; Берунӣ А. Аттафҳим. Д., 1973; Рӯдакӣ. Шеърҳо. / Бо муқаддима, тартиб ва тавзеҳи У. Каримов, С. Саъдиев. Д., 1974; Фирдавсӣ А. Шоҳнома. Д., 1987; Берунӣ А. Осуру-л-боқия. Д., 1990; Авесто. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷ. Дӯстхоҳ. Д., 2001; Раҳмонӣ Р. Наврӯзи ориёии тоҷикон. Д., 2013; Раҳимов Д. Ҷашни Меҳргон. Душанбе: Истеъдод, 2012; Раҳмонзода А., Раҳмонӣ Р. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., 2018.

Таҳияи Камолов Усмоналӣ Нусратзода ‒ н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи тарърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ