Перейти к основному содержанию

16 декабри соли равон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои мубраму саривақтӣ дар соҳаи илм баррасӣ гардиданд.

Бо мақсади дар сатҳи заруррӣ ба роҳ мондани фаъоляти корӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ як қатор масъалаҳо дар маҷлиси назоратӣ баҳри тараққиёту пешрафти соҳаи илми кишвар баррасӣ гардида, инчунин масъулин вазифадор гардиданд, ки дастру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро саривақтӣ иҷро намоянд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки тибқи дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар байни олимону кормандон хуб ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа доир ба фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои тамаддуни халқи тоҷик, сару либоси миллӣ, дурӣ ҷустан аз фарҳангу урфу одатҳои бегона, таблиғу ташвиқи сару либоси миллӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум масъалаҳое буданд, ки зимни ҷаласа баррасӣ гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти яксолаи шуъбаҳоро натиҷагирӣ намуда, ҳисоботи муфассали хешро пешниҳод намуданд. Дар маҷмуъ зикр гардид, ки натиҷаҳои илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар соли 2024 нисбат ба солҳои гузашта бартарият дорад.

Ҳамзамон дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дастурҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки дар ин самт мо бояд корҳои муҳимро ба сомон расонида, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос дар риштаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD тадбирҳои саривақтӣ андешем.