Перейти к основному содержанию

10 январи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.

Баъд аз суханронии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ва мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, инчунин Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва иноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 ба роҳ монда шуд.

Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 ба тафсил сухан ронд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вохурии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф масъалаҳои муҳиму меҳварии илми тоҷик ва низоми маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ва ба Академияи милли илмҳои Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар доир гардид. Дар ин радиф дар асоси нақша чорабини оид ба иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти ҶТ Пешвои миллат, корҳо дар АМИТ бо маром идома дорад.

Яке аз санаҳои таърихи ин 29 октябри соли 2024 ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба АМИТ, ин бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Марказ 4 ошёна буда, дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.

Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст; лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар муаррифӣ гардиданд.

Қайд гардид, ки дар соли 2024 олимони АМИТ таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Боиси ифтихор аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқикотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ)-и Федератсияи Россия мавқеи худро мустаҳкам намуд. Дар ин сол Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шохиси Хиршро аз рӯйи ҳамаи маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда аз 10 ба 51, аз рӯйи ҳамаи маводи дар РИНЦ нашршуда аз 10 ба 49 ва аз рӯйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда аз 5 ба 42 расонида, миёни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҳамзамон, шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршудаи олимони АМИТ 6692 ададро ташкил дода, миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ба 19595 адад расонида шуд.

Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2024 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.

Умуман, ҳайати кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2024-ро бо дастовезҳои хуби илмию таҳқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки соли 2025-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони илмӣ ҷамъбаст намоянд. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои корҳои назарраси анҷомдодашуда ба ҳайати кормандони илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аҳли олимонро барои хубтару пурсамартар намудани дастовардҳои илмӣ даъват менамояд. Инчунин, зумрае аз олимону кормандон барои заҳмати пурсамарашон дар соҳаи илм бо ифтихорномаҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ гардонида шуданд.