Перейти к основному содержанию

15 январи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки олимону пажуҳишгарони ду кишвар баргузор гардид.

Дар кори Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ташрифи олимону пажуҳишгарони кишвари ба мо дӯсту ҳамзабонро ба академия хайрамақдам гуфт.

Таъкид гардид, ки солҳои охир густаришу таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият ёфтаанд. Маҳз ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту ҳамзабон аз сиёсати дӯстонаи роҳбарони ду кишвар сарчашма мегирад.

Бояд гуфт, ки дар доираи ин ҳамкориҳо олимону пажуҳишҳгарони ду кишвари ҳамзабон пайваста дар якҷоягӣ таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида, таъриху фарҳанги бою ғании хешро зинда нигоҳ доштаанд. Ҳамин аст, ки осори пурмуҳтавои олимону бузургони тоҷику форс аз қадим миёни оламиён машҳур гардида, дар миёни ҳаводорони шеъру адаб ҷойгоҳи махсусро касб намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳарду ворисони аслии Абуабдуллоҳи Рудакӣ ва Фирдавсии Тусӣ ба ҳам омада, баҳри тақвиат бахшидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои илмӣ дар форум иштирок намуданд.

Дар идомаи Форум мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноии дастӣ Саидризо Солеҳ Амирӣ ва дигар пажуҳишгарон суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани Форум таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаи илму фановарӣ, муттаҳид намудани нерӯи илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии таҳқиқотӣ илмӣ дар доираи як платформа мебошад.

Инчунин, бо мақсади мустаҳкам намудани равобитҳои илмию таҳқиқотии олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон дар Форум масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар кишварҳои Тоҷикистону Эрон, таҳия ва лоиҳаҳои нав илмӣ, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ушди таҳқиқоти илмӣ бунёдӣ ва таҳияи тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани натиҷаи онҳо дар самти илми муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Қайд гардид, ки мо дар оянда бояд дар масъалаҳои ба даст овардани созишнома оид ба самтҳои афзалиятноки якҷояи таҳқиқотҳои илмӣ, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштараки илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба даст овардани мавқеи мувофиқ дар бобати ташкил ва гузаронидани таҷрибаи илмӣ табодули афкор намуда, дар ин самт ҳамкориҳои илмиро тақвият бахшем.

Дар идома олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон маърӯза намуда, оид ба дурнамо ва рушди ҳамкориҳои илмию таҳқиқотии ҷонибҳо суханронӣ намуданд.