Перейти к основному содержанию

123123Вақте ки вожаи муқаддаси “модар” – ро ба забон меорем, пеш аз ҳама, барои ҳар як инсон як шахси ҳамеша азизу арҷманд, арзишмантарин мавҷуди рӯйи Замин, сароғози ҳастии насли башар ва сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат ба назар меояд, ки ӯ дар тамоми пастию баландиҳои рӯзгор бароямон инсони мунису ғамхор ва дар маҷмуъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон мебошад. Зеро агар нури Офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан – Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш хонадони моро гармию нуру зиё мебахшад. Ин аст, ки устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар «Модарномаи» худ шеъреро бо номи «Волотар аз ҳама» таълиф додааст:

Як дами ҷон костани модарон,

Беҳ зи ҳама мӯъҷизи пайғамбарон.

Як нигаҳи шӯълавари модарон,

Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон,

Як сухани бонамаки модарон,

Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.

Нақши модар дар ҳаёт басе муҳим аст, махсусан дар тарбия, омӯхтани илм ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад. Модар – ситораест дурахшон, ки дар шаби зулмот бо қалби саршор аз меҳру муҳаббаташ ба оламу одам рӯшанӣ мебахшад. Модар – ягона шахси мунису ғамхор барои мост. Модар – гулест баҳорӣ, ҳамеша хандону шукуфон, ки аз таровати пурнакҳаташ машоми муаттари биҳишт мерасад. Нависандаи фаронсави Оноре де Бальзак дар васфи модар бисёр хуб гуфтааст: “ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад”.

Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии фарзанд аст. Оромии қалби модар давлати фазанд мебошад. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Анна ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро мисоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад:

Сад ҷону дил фидои як мудаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши зан – модар гуфтаанд: “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”.

Мақоми модар он қадар баланд аст, ки бузургон биҳиштро зери пои модарон қарор дода, мефармоянд: “Биҳишт зери қудуми модарон аст”.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳар чи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст

Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Воқеан, модар мисли Замин яктост ва меҳру муҳаббат, дасти раҳмату шафқати ӯ бар сари фарзанд сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо мебошад. Лозим ба таъкид аст, ки дар олами илму адаб эҷоди модарномаҳо ё худ ситоиши модарон роиҷ аст ва ҳар кадом дорои мавқеи муносиб ва рангу таровати ба худ хосанд. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Вале тамоми ҳамду сано, таърифу ситоиш дар васфи модар бо ҳама тобишҳои хеш кӯчактарин заҳматеро, ки модар барои фарзанд кашидааст, ба таври комил ифода карда наметавонанд, зеро бузургию шаҳомати Зан-Модар, пеш аз ҳама, бар маънои рисолати ҳаётбахши ӯ устувор буда, ҳатто сухани бузургони олам дар тасвири мукаммали тамоми ҷузъиёти он оҷиз мемонад. Тамоми бузургони олам аз дасти дуои модар баракат ёфтаанд ва маҳз ба сифати қадршиносию эҳтиром тамоми умр модаронро дар осору эҷодашон васф кардаанд:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,

Ту монанди замин яктоӣ, модар

Абдурраҳмони Ҷомӣ мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик меҳри модарро бисёр хуб тавсиф кардааст:

Ман тавонам сурати модар кашам,

Сурати модар ба хатти зар кашам.

Ман тавонам чашму рӯву мӯи ӯ

Бо ҳазорон ранг зеботар кашам.

Лек ҳайронам, ки меҳри модарӣ

Ман чӣ сон бар саҳфаи дафтар кашам?

Пас шабоҳат дорад он бо нури меҳр,

Ман варо бо шӯълаи Ховар кашам.

Бори дигар месазад ба саломатии модар ва ҳамаи модарони азизи кишварамон дасти дуо ба даргоҳи Яздони пок бардошта, умри бардавомашон таманно намоем.

Мудири шӯъбаи назарияи ададҳо, алгебра ва топологияи Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Назрублоев Н.Н.