Перейти к основному содержанию

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли1997-ум иброз дошта буданд: “Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаихудаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан-Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.

Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем.

Модар ба мисли замин якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст.

Як шаба ранҷе, ки Модар кашид
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст.

Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст;

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қадру қиммати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар
Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занад сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои Модар,

Зиҳӣ, Модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд…

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.

Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Мехостам, ҳамаи модарону хоҳарони гиромиро бо фарорасии Иди 8-уми Март самимона табрик намоям!

Саидзода Ҳалим Азиз, доктори илми филология, профессор мудири кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.