Перейти к основному содержанию

14 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳамсояги нек ҳадафи Пешвои миллат” оид ба кушодашавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Нахуст, ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшид.

Дар идома муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки ташабусҳои сулҳофаронаи Президенти маҳбубу мардумии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким бахшидани амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошад. Барқарор намудани муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва шарикии Тоҷикистон, кушодани гузаргоҳҳо байни ду кишвари ҳамсоя, инчунин густариши муносибатҳо дар бахшу самтҳои мухталиф барои рушди бемайлони Тоҷикистону Қирғизистон нақши муассир ва мусбат хоҳад гузошт. Ҳамзамон муносибатҳои некӯҳамсоягӣ дӯстӣ ва бародарии мардуми ҳарду кишварро таҳким бахшида, як қадами созанда барои ҳамзистии осоишта мебошад.

Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, оид ба қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмрмалӣ Раҳмон ибрози ақида намуда, қад намуданд, ки таҷрибаи сулҳофарию сиёсатмадорӣ ва давлатдории Президенти муҳтарамамонро сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ омӯхта баҳои баланд додаанд. Ҳамин аст, ки дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садрнишин буда, мақому манзалати хос дорад. Масъалагузориҳои байналмилалии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму иқлим об аз ҷониби созмонҳои бонуфуз дастгирӣ ёфтан ҳам исботи гуфтаҳои волост. Дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи миллату давлатамон саҳми бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмрмалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст, ки боиси аҳсану офарин аст.

Дар идома директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва мудири Шуъбаи иттиҳоди давлатҳои мустақили институти зикршуда Зафар Саидзодаву муовини раиси КИИ “Хирадмандон” Қурбонова Ширин баромад намуда, аз таърихи давлатдориамон ва қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи давлатсозиву сулҳпарварӣ, сиёсатмадорӣ ва ҷоннисориҳои ин марди бузурги арсаи таърих дар пешрафту шукуфоии давлатамон кушодани роҳҳои сулҳу ваҳдат бо давлатҳои ҳамсоя аз ҷумла Ҷумҳурии Қирғизистон суханронӣ намуданду ба қаҳрамониву сулҳофарии ин марди Худо аҳсан хонданд.