Перейти к основному содержанию

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башарият буда, таърихи он ба ҳазорон сол пеш бармегардад. Бино ба таҳқиқоти таърихӣ ва ривоятҳои адабӣ, ин ҷашн бори аввал дар ҳудуди Форс (Эрон) ва Осиёи Марказӣ таҷлил шудааст.

Аввалин далелҳои таърихии ҷашн гирифтани Наврӯз ба замони подшоҳони Ҳахоманишӣ, махсусан Куруш Кабир (550–530 п.м.), мансубанд. Дар ин давра Наврӯз ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ шинохта шуда, шоҳон онро бо маросимҳои бошукӯҳ таҷлил мекарданд. Дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ омадааст, ки подшоҳ Ҷамшед (аз силсилаи подшоҳони бостонии Эрон) Наврӯзро барои мардум муқаррар кард. Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзе, ки офтоб ба авҷи дурахшандагии худ расид (яъне баробарии рӯз ва шаб), Наврӯзро ҷашн гирифт ва ин рӯз ҳамчун оғози некбахтӣ пазируфта шуд.

Бостоншиносон нишон медиҳанд, ки дар шаҳри Персеполис маросимҳои Наврӯзӣ бо иштироки шоҳони форс ва намояндагони кишварҳои гуногун баргузор мешуданд. Осори мӯътабари таърихӣ, ба монанди нақшҳои девории ин қаср, шаҳодати таҷлили бошукӯҳи Наврӯзро медиҳанд. Бархе аз муҳаққиқон бар он назаранд, ки Наврӯз аслан дар Бохтар (қисме аз Осиёи Марказӣ) пайдо шудааст. Балх дар даврони қадим маркази фарҳанги зардуштӣ ва анъанаҳои ориёӣ буд, ки эҳтимолан дар ҳамин ҷо Наврӯз бори аввал таҷлил гардидааст. Бархе аз таърихшиносон бовар доранд, ки Наврӯз решаҳои амиқ дар фарҳанги Шумер ва Бобул дорад, ки маросимҳои таҷлили баҳор ва эҳёи табиатро доштанд. Наврӯз аввалин маротиба дар минтақаҳои Эрон, Осиёи Марказӣ ва қисматҳои Афғонистону Месопотамия таҷлил шудааст. Бостоншиносон ва таърихшиносон бештар ба ин назаранд, ки он ба давраи Ҳахоманишиён ё ҳатто қабл аз он мансуб буда, ҷашни офтоб, зиндагӣ ва эҳёи табиат ба шумор меравад. Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои зиёде таҷлил мешавад ва ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Ҳамин тавр, Наврӯз – яке аз куҳантарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, таърихи чандҳазорсола дорад. Ин ҷашн на танҳо як анъанаи фарҳангӣ, балки дорои асосҳои маънавӣ ва ҳуқуқии устувор низ мебошад.

Асосҳои маънавии Наврӯз:

1. Арзиши фарҳангӣ ва ахлоқӣ. Наврӯз ҳамчун ҷашни баҳорӣ ифодагари бедорӣ, эҳёи табиат ва оғози нав дар зиндагии инсонҳост. Ин ҷашн рамзи ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва сулҳ миёни инсонҳо мебошад.

2. Ҷанбаи динӣ ва фалсафӣ. Дар таърихи қадим, Наврӯз бо боварҳои зардуштӣ ва дигар ҷараёнҳои фалсафӣ алоқаманд буд. Он ба қадршиносии табиат, муҳаббат ба зиндагӣ ва эҳтироми қонуниятҳои коинот асос меёбад.

3. Раванди иҷтимоӣ ва оилавӣ. Наврӯз ҳамчун ҷашни оилавӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ин рӯз мардум ба аёдати наздикон, падару модар ва пиронсолон мераванд, ки ин нишонаи эҳтироми арзишҳои оилавӣ мебошад.

Асосҳои ҳуқуқии Наврӯз:

1. Қонунгузории миллӣ. Наврӯз дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март эълон гардида, ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эътироф шудааст (м. 2). Дар Кодекси меҳнати Тоҷикистон ин рӯз ҳамчун рӯзи истироҳат ва идона муайян гардидааст (м. 82 КМ ҶТ). Агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад (қ. 5 м. 89 КМ ҶТ).

2. Эътирофи байналмилалӣ. ЮНЕСКО ҷашни Наврӯзро соли 2009 ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии башарият дохил намуд. Сипас, соли 2010 ин ҷашн ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид расман эътироф гардид.

3. Муқаррароти анъанавӣ ва ҳуқуқи урфӣ. Дар бисёр минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Наврӯз бо қоидаҳо ва урфу одатҳои миллӣ таҷлил мегардад. Дар даврони қадим, Наврӯз ҳамчун рӯзи адолат, бахшиши гуноҳҳо ва оғози ҳаёти нав шинохта мешуд.

Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як унсури муҳими фарҳангӣ ва ҳуқуқии миллатҳои гуногун мебошад. Он бо арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳ, ваҳдат ва эҳёи табиат пайванд дошта, дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ қонунигардонӣ шудааст.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияимиллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.