Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 20 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 18- май "Рӯзи байналмилалии осорхона" Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди Осорхонаҳои Тоҷикистон дар партави истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки ҳамасола 18- уми май дар тамоми ҷаҳон “Рӯзи байналимилалии осорхонаҳо” ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз осорхонаҳо дарҳои худро барои меҳмонон боз намуда, бо ироаи барномаҳои махсус кӯшиш мекунанд боз ҳам диққати тамошобинонро ба омӯзиши таърих ва огоҳӣ аз осори таърихӣ ҷалб мекунанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз доштанд, ки замони муосир бо таҳаввулоти фавқулода, падидаҳои ғайричашмдошт, тағйироти мунтазами иқлимӣ ва геополитикӣ ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки бо эҳсоси баланди масъулият дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ саҳмгузор бошад. Дар чунин шароити мураккаб нақши илму фарҳанг ҳамчун пояи шуурмандии ҷомеа ва худшиносиву ватандӯстии шаҳрванд беш аз ҳарвақта муҳим арзёбӣ мегардад.

Гуфта шуд, ки осорхонаҳо ҳамчун ниҳодҳои муассири фарҳангӣ ва маърифатӣ нақши арзишманд дар шиносоии ҷомеа бо мероси таърихию фарҳангӣ, густариши ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ҳисси миллӣ доранд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ташаббусу сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг ва махсусан фаъолияти осорхонаҳо марҳала ба марҳала рушду такомул ёфта, ба як шохаи муҳими тарбияи маънавии ҷомеа табдил ёфтааст.

Тавре ки, Пешвои миллат дар мулоқоти навбатии худ бо аҳли илм ва маориф, ки санаи 30 майи соли 2024 баргузор гардид, таъкид карданд:«Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад».

Таъкид гардид, ки осорхонаҳо ҳамчун марказҳои ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси моддӣ ва маънавии башар, имрӯз ба майдони муҳими муколамаи тамаддунҳо, омӯзиши таърих ва ташаккули ҳувияти фарҳангӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) ҷашн гирифта мешавад, на танҳо ёдоварӣ аз нақши осорхонаҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, балки як саҳнаи ҳамзистӣ ва муаррифии мероси умумиинсонӣ аст. Ин рӯз бори аввал соли 1977 ҷаласаи 11-уми Шурои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) дар шаҳрҳои Москва ва Ленинград баргузор шуд, ки аз он рӯз ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1978 инҷониб, Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Соли 2025, Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҳти шиори «Ояндаи осорхонаҳо дар ҷомеаҳои босуръат тағйирёбанда» таҷлил мегардад. Ин мавзӯъ ба нақши осорхонаҳо дар ҷаҳони муосир, ки бо тағйироти иҷтимоӣ, технологӣ ва муҳити зист рӯ ба рӯ аст, равона шудааст.

Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо на танҳо ҷашни кормандони осорхонаҳо, балки тамоми дӯстдорони фарҳанг ва таърих аст. Он ба мо ёдрас мекунад, ки осорхонаҳо на танҳо ҷойи нигоҳдории ашёҳои таърихӣ, балки марказҳои омӯзиш, таҳқиқ ва рушди ҷомеа мебошанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон - сарзамини дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанист. Дар даврони Истиқлол, бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи фарҳанг, бахусус фаъолияти осорхонаҳо рушд ёфтанд ва осорхонаҳо на танҳо ҷойи нигаҳдории нигораҳо, балки ба маркази пажӯҳиш, маърифат ва тарбияи насли ҷавон табдил ёфтанд.