Перейти к основному содержанию

йцйцҶавонон неруи созандаю қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд. Ҳангоме, ки сухан дар мавриди ҷавонон меравад, бевосита гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон ибрози андеша намуда, чунин таъкид карданд: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”. Албатта чунин андешаронӣ қобили ситоиш аст, зеро ҷавонон такягоҳ ва ояндасози милаттанд. Вале, набояд фаромуш кард, ки мо ҷавонони хештаншиносу худогоҳ ва арҷгузоранда ба арзишҳои миллиро ҳамон вақт тарбия карда метавонем, ки онҳо тафаккури мантиқию ҷаҳонбинии илмӣ дошта бошанд. Бинобар ин, ҷавононро зарураст то дар ин марҳилаи ҳасос, ки ҷомеаи инсониро фаро гирифтааст ба омӯзиши илми мантиқ рӯ биёранд ва аз таъсири манфии ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо дар амон бошад.

Бояд гуфт, ки илми мантиқ – ин пеш аз ҳама қонунҳои дурусти тафаккурро мавриди омӯзиш қарор дода, қобилияти дуруст фикр кардан ва қабули қарорҳои оқилонаро барои инсон нишон медиҳад. Бояд гуфт, ки бе донистани мантиқ, ҷавонон метавонанд бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ шаванд, ки оқибатҳои харобиовар дошта бошанд.

Маврид ба зикр аст, ки илми мантиқ қобилияти дуруст ва систематикӣ фикр кардан, ҳалли дурусти мушкилот мебошад. Метавон гуфт, ки илми мантиқ метавонад ба ташаккули тафаккури ҷавонон кӯмак намояд, то ки онҳо дар зиндагӣ роҳи дуруст ва оқилонаро интихоб намуда, ба мушкилотҳо ҷасурона рӯбарӯ шуда, онҳоро ҳал намоянд ва ҳамчун шахсияти мутавозину масъулиятшинос ташаккул ёбанд.

Маврид ба зикр аст, ки илми мантиқ на танҳо дар соҳаи илм ва таҳсил зарур аст, балки дар ҳаёти рӯзмарра, муносибату гуфтугӯ бо одамон, қабул ва ё рад намудани ақида, инчунин баровардани қарорҳо нақши муҳим мебозад.

Тазаккур бояд дод, ки шахсияти ҷавонон бо қобилияти дуруст фикр кардан ва интихоби роҳи дуруст ҳамбастагӣ доард. Илми мантиқ бошад барои ташаккули худшиносӣ, эътимод ба худ ва қобилияти ҳаллу фасли мушкилот ва интихоби роҳи дуруст мусоидат мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки бо донистани илми мантиқ ҷавонон метавонанд ҳадафҳои ҳаётии худро равшантар муайян намоянд ва барои расидан ба онҳо нақшаҳои дуруст тартиб диҳанд.

Агар ҷавонон илми мантиқро надонанд, метавонанд ба мушкилотҳое монанди:

-ба осонӣ ба маълумоти дурӯғин ва ғаразнок бовар кардан;

-ба гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ пайвастан;

-қарорҳои нодуруст гирифтанд, ки боиси вайроншавии зиндагӣ ва муносибатҳо гардад;

-аз стресс ва мушкилоти равонӣ ранҷ бурдан;

-шабакаҳои иҷтимоиро нодуруст истифода намудан, ки барои онҳо таҳдиди бузург эҷод кунад ва ғ. рӯбарӯ гарданд.

Қобили қайд аст, ки дар ҷаҳони муосир, технология ва иттилоот зуд ва бо суръати баланд паҳн мешавад, донистани илми мантиқ барои ноб сохтани ахбороту маълумотҳои нодуруст ва таҳлили амиқ намудани онҳо хеле муҳим аст.

Тазаккур бояд дод, ки мактаб, донишгоҳ умуман соҳаи маориф дар таълими фанни мантиқ ва ташаккули тафаккури мантиқии ҷавонону хонандагон нақши калидӣ доранд. Маҳз тавассути таҳия ва омода намудани барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастраси хонандагон намудани онҳо қобилияти таҳлилии ҷавонон ва тафаккури мантиқии онҳо метавонад рушд кунад. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки аксарият кишварҳои пешрафтаи олам таълими фанни мантиқро аз синфҳои ибтидоӣ оғоз намудаанд, ки дар рушди шахсияти хонандагону ҷавонон ва ташаккули тафаккури онҳо таъсири мусбӣ расонидааст.

Маҳмадизода Н.А. - ходими калони шӯъбаи масъалаҳои дини институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Фозилзода О.М. – докторанти PhD-и кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ