Дар доираи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Чин”, ки ба таърихи 17 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои таҳкими шарикии стратегӣ дар самти ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи саноат, ҳамгироии минтақавӣ ва навоварӣ баррасӣ намуданд. Президенти кишвар таъкид карданд, ки сафари таърихии давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард[1]. Воқеан ҳам Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо ин кишвари ҳамсоя баланд намуда, татбиқи натиҷаҳои онро барои ҳарду ҷониб самарабахш медонад.
Дар ин самт яке аз бахшҳои рушди ҳамкориҳои стратегии кишварҳо соҳаи иқтисодӣ маҳсуб гардида, лоиҳаҳои он бо сармоягузории ҷониби чинӣ сурат мегирад. Дар доираи вохурии мазкур роҳбарони ҳарду давлатҳо зарурати таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи истеҳсоли электромобилҳо, панелҳои офтобӣ, саноати дорӯсозӣ, кимиё ва ғайра саривақтӣ баҳо доданд[1]. Зеро самтҳои мазкур ҳам барои рушди саноати Чин ва ҳам баҳри таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон мувофиқ дониста мешавад. Таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин ва оғози парвозҳои мустақими Душанбе- Пекин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қобил ба зикр аст, ки дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин дар ҳудуди 20%-ро ташкил дода, то имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ бо сармояи чинӣ амал мекунанд[1]. Бо назардошти рушди босуръати саноат, дар шароити муосир бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ амри муҳим дониста мешавад. Ҳамчунин дар рафти ин вохурӣ Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ имзо шуда, нақшаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва мубодилаи фарҳангӣ таҳрезӣ шуданд. Пешниҳод гардид, ки дар соли 2025 Рӯзҳои фарҳангии Чин дар Тоҷикистон, ки барои пурзӯр шудани робитаҳои дипломатӣ ва фарҳангии байни халқҳо мусоидат мекунад, гузаронида шавад [1].
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба дипломатияи иқлими Тоҷикистон ва баргузории бомуваффақияти нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баҳои баланд дода, ҳарду ҷонибро барои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай ва формати “Осиёи Марказӣ ва Чин” даъват намуд. Дар натиҷаи мулоқоти судманди дуҷониба сатҳи олӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии стратегии зерин ба имзо расиданд:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
- Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин;
- Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин[1].
Натиҷаи мулоқоти сатҳи олӣ нишон дод, ки Тоҷикистон худро на танҳо ҳамчун ҷониби фаъоли лоиҳаҳои инфрасохторӣ, балки ҳамчун шарики фаъол дар саноатсозӣ ва рушди инноватсионӣ муаррифӣ мекунад. Таваҷҷуҳи афзояндаи Чин ба истеҳсоли дорои арзиши иловашуда, ҳамкории рақамӣ ва дипломатияи экологӣ дар Осиёи Марказӣ гувоҳи як муносибати амиқ дар сатҳҳои гуногун мебошад. Аз ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ” ва сохтмони роҳҳои гуногуни нақлиётӣ шурӯъ карда, кишварҳои мо ба сӯи эҷоди роботҳо ва озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузашт, ки ин фоли хеле нек аст.
Тоҷикистон омода аст дар оянда на танҳо дар ин лоиҳаҳо иштирок кунад, балки бояд нақши худро низ ҳамчун шарики баробарҳуқуқ тақвият бахшад. Зеро, самтҳои зерин гуфтаҳои болоро асоснок менамояд:
-лоиҳаҳои саноатӣ бо сармояи Чин;
-коммуникасия ва инфраструктура;
-инноватсия ва технологияҳо;
-сармояи инсонӣ ва “қувваи нарм”;
-мушкилоти глобалӣ ва амнияти минтақавӣ;
-созишномаҳои стратегӣ.
Соҳиби Баҳруло - ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Сарчашмаҳои истифодашуда:
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.Манбаи электронӣ URL: https://www.amit.tj/.../rushdi-diplomatiyai-parlamentii... [Санаи вуруд:18.06.2025]