Перейти к основному содержанию

Ҳамдиёрони азиз!

123123Ҳамаи Шуморо ба фарорасии ҷашни бостонии Тиргон, ки яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тамаддунсози миллати тоҷик ба шумор меравад табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва саломатию сарбаландиро таманно менамоям.

Воқеан ҳам ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бостонии бузурги миллии мо, монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо ҷойгоҳи хоссае дошт. Ин ҷашн дар рӯзи 13-уми тирмоҳ, ки онро дар солшумории порсӣ “тиррӯз” меноманд, баргузор мешавад.

Агар Ҷашни Сада марбут ба зимистон Наврӯз ба баҳору Меҳргон ба тирамоҳ бошад пас, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони орёӣ аст, ки мутобиқи тақвими григорианӣ рӯзи баргузориаш ба 1-ум июл рост меояд. Дар солшумории ниёгони мо рӯзҳову моҳҳо номҳои худро доштанд ва як қатор ҷашнҳо мутобиқ ба ин тақвим дар рӯзҳои махсус баргузор мегардиданд.

Дар таърих Тиргон ҳамчун ҷашн рӯзи камон кашидани Ораш эътироф шудааст. Ҳамчунин, Ҷашни Тиргон ба ривояти Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” рӯзи бузургдошти нависандагон дар Эрони бостон будааст. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ ба мо маълум гардид, дар Ҷашни Тиргон амалҳои гуногун, аз қабили “обпошӣ”, “фоли кӯза”, “дастбанди тиру бод” иҷро мешудааст. Дар ин Ҷашн мардумони мо даруну беруни хонаро об пошида мерӯфтанд ва либоси тоза ба бар мекарданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва онро “Тиру бод” меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯзи бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардумони эронӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд, ки то ҳол он дар бархе минтақаҳои эронинишин бо баъзе тағйирот.

Гуфта мешавад, ки дар Мозандарон ҳоло ҳам расми “Сенздаҳ шаби тирмоҳ” мавҷуд мебошад, ки идомаи Ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз рӯбучини хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хӯрок бо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, дар кӯчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо ба ин хотир, меваю ширинӣ медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Ҷашни Тиргон ба фарорасии рӯзҳои гарми тобистон рост меояд. Дар ин рӯзҳо ҷав, гандум ва ангури пешпазак ҳосил медиҳанд. Тут, гелос, зардолу ва дигар намуди меваҷот мепазанд. Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияшон ба муносибати ҷашни Тиргон иброз доштанд: “Тиргон, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми суннатҳои деринааш эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни миллии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.”

Дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Тиргонро ба монанди дигар ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз нав эҳë намуда, барои ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил намудани он як қатор иқдомҳоро роҳандозӣ намуданд. Боварии комил дорам, ки мардуми тамаддунсоз ва фарҳангсолори тоҷик ин Ҷашни қадимаи ниёгонамонро ҳифз намуда, ба мисоли ҷашнҳои дигар дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.

Ҷашни Тиргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!