Дар китоби ҳаёти миллатҳо саҳифаҳое ҳастанд, ки бо хуни фарзандони содиқу фидокор навишта шудаанд. Тоҷикон низ чунин саҳифаи талху дар айни замон ибратомӯзро аз сар гузарониданд — ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки зиндагии мардумро аз ҳам гусаст, армонҳоро сӯхт ва умедҳоро кост. Вале маҳз дар он рӯзҳои торик миллат аз нав худро шинохт ва аҳаммияти ягонагиву ваҳдатро амиқ эҳсос кард.
Имрӯз, баъд аз беш аз се даҳсола, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои сулҳпарвару амн табдил ёфтааст. Мардум дар фазои осуда умр ба сар мебаранд, фарзандон дар мактабҳо илм меомӯзанд ва деҳу шаҳрҳо рӯ ба ободӣ доранд.
Ҳамаи ин, бе шак, маҳсули Ваҳдати миллӣ аст — он неъмати бебаҳо, ки дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони фидоии миллат ва бо роҳбарии Пешвои сулҳпарвари миллат ба даст омад.
Сулҳу ваҳдат худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Онро мисли кӯҳи баланд бояд бо дастони худ сохт, бо меҳру муҳаббат поянда кард ва бо фидокорӣ ҳифз намуд. Тоҷикон, ки баъди ҷанги харобиовар аз нав кишварро бунёд карданд, бештар аз ҳар қавми дигар медонанд, ки сулҳ ва ваҳдат чист ва он чӣ қадар арзиш дорад.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар рӯзи 27 июни соли 1997 ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз дар таърихи муосири тоҷикон сабт шудааст. Ин на танҳо санади сиёсӣ, балки рамзи ҳаёти нав, оғози бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол ва ягона гардид. Он замоне ки оташ хомӯш шуд ва садои силоҳҳо ҷойи худро ба сухани дӯстӣ дод, дар дилҳои мардум чароғи умед равшан гашт.
Ҳар ҳаракати бузург роҳбари бузург мехоҳад. Дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва барқарории давлати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарнавиштсоз буд. Ин шахсияти хирадманд дар лаҳзаҳои пуртаҳлука масъулияти таърихиро бар дӯш гирифт ва бо иродаи қавӣ, сабру таҳаммул ва хирад ба сӯйи ваҳдат раҳбарӣ кард.
Ӯ на танҳо сиёсати сулҳро таҳия ва роҳандозӣ намуд, балки шахсан ба ҳар деҳа ва минтақаи ҷангзада рафт, бо мардум рӯ ба рӯ сӯҳбат кард, онҳоро барои авфи якдигар ва оғози зиндагии нав ҳидоят намуд. Бо ҳамин ҷасорат ва самимият ӯ тавонист, ки як миллатро аз вартаи нобудӣ ба сӯи ояндаи осуда раҳнамоӣ кунад.
Имрӯз, мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бояд шукронаи он рӯзеро кунем, ки дар он тифли тоҷик бо овози баланд дар саҳни мактаб шеъри дӯстиро мехонад, модари тоҷик дар оромӣ нону намаки хонаводаро омода мекунад ва марди тоҷик бо боварӣ ба оянда меҳнат мекунад. Аммо танҳо шукргузорӣ кифоя нест. Мо бояд масъулият эҳсос кунем — масъулияти ҳифзи он ваҳдате, ки бо қимати ҷони ҳазорҳо тан ба даст омадааст. Ваҳдатро бояд ҳамчун дастоварди муқаддас нигоҳ дорем ва дар шуури ҳар як наврасу ҷавон онро ҳамчун арзиши миллӣ ҷо кунем.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон мисли об барои ҳаёт аст. Агар ваҳдат набошад, миллат парешон мешавад, давлат заъиф мегардад ва сарнавишти мардум дар гирдоби нобоварӣ қарор мегирад.Танҳо фазои ваҳдат аст, ки мо метавонем обод кунем, созем, таҳсил кунем, эҷод кунем ва ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки Тоҷикистон як кишвари воқеан сулҳпарвар, муттаҳид ва ояндадор аст.
Пас биёед, ҳар рӯзи зиндагиро ҳамчун ид ҷашн гирем — иди ваҳдат, иди сулҳ ва иди ҳастии миллат.
Қурбонов А.С. - Директори филиали Агентии ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Хатлон