Перейти к основному содержанию

(Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025)

Нерӯгоҳҳои барқии обӣ (НБО-ҳо) яке аз манбаъҳои асосии энергияи барқароршаванда дар ҷаҳон мебошанд. Дар соли 2025, ҳиссаи нерӯи обӣ дар тавлиди нерӯи барқи ҷаҳонӣ бештар аз 16%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишона ба зиёда аз 4000 тераватт-соат дар як сол баробар аст. Аммо, бо афзоиши талабот ба нерӯи барқ, ки аз ҳисоби рушди зеҳни сунъӣ ва тағйироти иқлимӣ ба вуҷуд меояд, зарурати беҳтарсозии раванди сохтмон ва истифодабарии НБО-ҳо афзоиш меёбад. Тибқи омори Созмони Байналмилалии Энергия (IEA), талабот ба нерӯи барқ аз ҳисоби истифодабарии зеҳни сунъӣ метавонад то соли 2030 ду маротиба афзоиш ёбад ва НБО-ҳо мавҷудбуда метавонанд ҳамчун манбаи устувори таъмини нерӯи барқ эбарои онҳо хизмат кунанд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун технологияи муосир метавонад дар ҳалли ин мушкилот кӯмак расонад. Масалан, зеҳни сунъӣ метавонад тавлиди энергияро то 10% афзоиш диҳад ва хароҷотҳои маҳфуз доштани онро 10-20% кам кунад. Ин мавзӯъ барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ аҳамияти калон дорад, зеро тибқи гузоришҳои ҷаҳонӣ, ҳаҷми бозори зеҳни сунъӣ дар соҳаи энергитика то соли 2030 метавонад ба 13 миллиард доллари ШМА расад. Зеҳни сунъӣ на танҳо самаранокии иқтисод ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқро афзоиш медиҳад, балки ҳамчунин ба ҳифзи муҳити зист, тавассути кам кардани истеъмоли об ва газҳои гулхонаӣ, кӯмак мерасонад.

Таҳқиқотҳои зиёде нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ дар соҳаи истеҳсоли нерӯи обӣ фаровон истифода мешавад. Масалан, корҳои илмӣ оид ба истифодаи шабакаҳои нейронӣ (ANN) ва технологияи омӯзиши амиқ (Deep Learning) барои пешгӯии тавлиди нерӯи барқ ва идоракунии манбаъҳои обҳо гузориш медиҳанд. Дар таҳқиқотҳои дигар, нақши зеҳни сунъӣ дар беҳтарсозии амалиётҳо дар соҳаи энергетика таъкид мешавад. Баррасиҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад хароҷотҳои маҳфуз доштани нерӯи барқро 10% кам кунад ва вақти тавлиди нерӯи барқро 0,5% афзоиш диҳад. Омори ҷаҳонӣ низ инро тасдиқ мекунанд.

Дар соли 2025, ҳиссаи НБО-ҳо дар истеҳсоли энергияи барқароршаванда 60% -ро ташкил медиҳад, ва зеҳни сунъӣ метавонад талафоти нерӯи барқро дар вақти интиқоли он то 5-10% коҳиш диҳад. Дар қораи Осиё, ки 43% иншоотҳои ҷаҳонии НБО-ҳоро дар бар мегирад, зеҳни сунъӣ барои мудирияти ҳавзаҳои обӣ истифода мешавад. Алъон дар Аврупо, таҷдиди НБО-ҳои кӯҳна бо истифода аз технологияи зеҳни сунъӣ эҳтиёҷоти афзояндаи иқтисодҳои миллиро ба неруи барқ қонеъ гардонида истодааст. Дар Амрико, зеҳни сунъӣ барои кам кардани талафотҳои истеҳсоли неруи барқ дар НБО-ҳо истифода мешавад, ки он дар навбат худ метавонад то 4,4% ҳаҷми истеъмоли умумии неруи барқро таъмин кунад.

Дар соҳаҳои гуногун хоҷагии халқ, зеҳни сунъӣ татбиқҳои мушаххас дорад. Масалан дар соҳаи сохтмони НБО, зеҳни сунъӣ бо пешгӯии ҷойгоҳҳо ва дизайни дамбаҳо хароҷотҳо ва хатарҳоро кам мекунад. Натиҷаҳои пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ на танҳо дар ҳалқаҳои техникӣ, балки дар идоракунии иқтисодӣ ва муҳити зисти НБО-ҳо нақши калон мебозад. Масалан, дар тадқиқотҳои нав зеҳни сунъӣ барои ҳалли мушкилоти истеъмоли об дар НБО-ҳо истифода мешавад, ки ин амал метавонад то 6,6 миллиард метри мукааб обро дар сол сарфа кунад.

Дар Аврупо, дар Фаронса ва Олмон зеҳни сунъӣ барои таҷдид ва дизайни дамбаҳои кӯҳна истифода мешавад. Дар ШМА зеҳни сунъӣ барои моделсозии ҳавзаҳои обӣ дар ҳавзаи Амазонка истифода шудааст, то таъсири манфии иншоотҳои гуногунро ба муҳити зист коҳиш диҳад.

Ба ғайр аз ин, зеҳни сунъӣ барои пешгӯии тағйироти иқлимӣ дар марҳилаи сохтмон кӯмак мерасонад. Масалан, дар Ҳиндустон, моделҳои аз ҷониби зеҳни сунъӣ омодашуда барои арзёбии ҷараёнҳои обӣ дар давраи муссон(боронгарӣ) истифода мешаванд, ки он дар навбаи худ хароҷотҳои лоиҳавиро 15% кам мекунад.

Дар айни замон зеҳни сунъӣ дар раванди сохтмон ва истифодабарии НБО барои пешгӯии ҷараёнҳои об ва беҳтарсозии раванди тавлиди неруи барқ кӯмак мерасонад. Алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ маълумотҳои обу ҳавоиро таҳлил мекунанд, то ҷадвалҳои обпартоиро беҳтар карда шавад. Зеҳни сунъӣ инчунин барои мувозинати байни тавлид неруи барқ ва ҳифзи манбаҳои об кӯмак мерасонад, ки он дар навбати худ устувории муҳити зистро таъмин мекунад.

Дар Чин зеҳни сунъӣ барои идоракунии ҳавзаҳои обӣ дар НБО-ҳои калон истифода мешавад, ки он тавлиди барқро то 10% афзоиш медиҳад. Дар Бразилия ширкати Eletrobras зеҳни сунъиро барои беҳтарсозии ҷадвалҳои нигоҳдорӣ истифода мебарад.

HYDROGRID як ширкати технологии муосир аст, ки дар Австрия соли 2016 таъсис ёфта, ба беҳтарсозии фаъолияти нерӯгоҳҳои барқии обӣ (НБО-ҳо) тавассути истифодаи зеҳни сунъӣ (ЗС) ва технологияҳои пешрафтаи таҳлили маълумот тамаркуз дорад. Ин ширкат платформаи нармафзории "HYDROGRID Insight"-ро пешниҳод мекунад, ки барои мудирияти оқилонаи манбаҳои об, пешгӯии ҷараёнҳо, беҳтарсози раванди тавлиди неруи барқ ва риояи талаботи экологӣ пешбинӣ шудааст. HYDROGRID дар бозорҳои Осиё, Аврупо ва Амрико фаъол буда, умуман дар 14 кишвар кор мекунад ва ба операторони НБО-ҳо кӯмак мерасонад, ки самаранокиро афзоиш диҳанд, талафоти обро кам кунанд ва даромади худро зиёд кунанд.Омори мавҷудбуда нишон медиҳад, ки дар ин марҳила зеҳни сунъӣ метавонад талафоти нериу барқро то 5% кам кунад ва истеъмоли обро беҳтарсозӣ кунад, ки дар ҳолатҳои муайян то 12 литр об барои ҳар киловатт-соат сарфа мешавад.

Дар раванди истифодаи НБО технологияи зеҳни сунъӣ барои пешгӯии нокомиҳо ва беҳтарсозии ҷадвалҳо истифода мешавад.

Дар ШМА зеҳни сунъӣ барои таҳлили ларзишҳо ва ошкоркунии аномалияҳо дар НБО-ҳо кӯмак мерасонад. Дар Бразилия зеҳни сунъӣ барои пешгӯии нокомиҳо дар таҷҳизот истифода мешавад.

Дар соли 2025 истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад хароҷотҳои истеҳсолиро дар НБО-ҳо то 15-20% кам кунад ва дастрасиро ба неруи барқ барои 10 миллион нафар хубтар кунад:

- Дар Чин технологияи зеҳни сунъӣ барои тафтиши НБО-ҳои Wuqiangxi ва Jinweizhou, бо истифода аз нейронҳои шабакавӣ барои пешгӯии ҳолати таҷҳизот хизмат мекунад, ки ин хароҷотҳои истифодабарии онро 10% кам кардааст.

- Дар Ҳиндустон HYDROGRID барои идоракунии НБО дар фасли муссон(боронгарӣ) ба кам кардани обпартоӣ ва афзоиши бехатарӣ мусоидат менамояд.

- Дар Фаронса Engie- зеҳни сунъиро барои таҷдиди НБО-ҳои кӯҳна истифода мебарад.

- Дар Амазонка зеҳни сунъӣ барои ҳифзи муҳити зист дар ҳавзаҳо мусоидат мекунад.

Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ дар минтақаҳои гуногун муваффақона татбиқ шудааст, бо омори мусбат чун афзоиши тавлид барқ то 10% ва кам кардани хароҷотҳо дар маҳфуз доштан ва интиқоли барқ то 20% мусоидат мекунад.

Олимони осиёӣ чунин меандешанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад мудирияти ҳавзаҳои обиро дар НБО-ҳо дар марҳилаҳои сохтмон ва истифодабарӣ беҳтар намояд ва таъсири иқлимиро пешгӯӣ намояд, ки ин воқеият барои рушди устувор муҳим аст. Ин андеша аз тадқиқотҳои минтақаҳои Шарқӣ-Осиёӣ бармеояд, ки зеҳни сунъиро ҳамчун воситаи асосӣ барои кам кардани хароҷотҳо ва афзоиши тавлиди неруи барқ мебинанд.

Олимони аврупоӣ изҳор медоранд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар НБО-ҳо метавонад тавлиди неруи барқро то 10% афзоиш диҳад ва таҷдиди системаҳои кӯҳнаро осон кунад, хусусан дар шароити афзоиши талабот аз ҳисоби истифодабарии зеҳни сунъӣ.

Олимони амрикоӣ чунин мегӯянд, ки зеҳни сунъӣ барои кам кардани талафотҳои истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи манбаҳои об дар НБО-ҳо дар марҳилаҳои сохтмон ва истифодабарӣ кӯмак мерасонад, ки барои устувории муҳити зист ва қонеъгардонии талаботи афзоянда ба неруи барқ зарур аст.

НБО-и Роғун дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои калонтарини ҷаҳонӣ аст, ки ҳаҷмаш 3600 МВт буда, метавонад энергияи тоза барои 10 миллион нафар таъмин кунад ва ба содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя кӯмак расонад. Дар ҳоли ҳозир, лоиҳа дар марҳилаи сохтмон қарор дорад, ва ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ ва AIIB зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. НБО-и Роғун метавонад дар оянда зарфияти энергитикии Тоҷикистонро дучанд кунад ва ба декарбонизатсияи минтақа кӯмак расонад,яъне роҳ ба самти рушди бемайлони “иқтисоди сабз” омода мегардад

Ба назари мо, технологияи зеҳни сунъӣ дар ояндаи наздик дар НБО-и Роғун имкон барои истифодбарӣ дорад. Масалан, зеҳни сунъӣ метавонад барои пешгӯии ҷараёнҳои обӣ дар ҳавзаи Вахш истифода шавад, ки хатарҳои селро кам мекунад ва тавлиди неруи барқро беҳтар менамояд.Ин намуд таҷриба дар Чин ва Норвегия ҷой дорад. Дар марҳилаи нигоҳдории неруи барқ низомҳои зеҳни сунъӣ бо дронҳо метавонанд тафтиши дамбаро автоматизатсия кунанд, ки ин амала хароҷотҳои истифодабарии НБО-ро 10-15% кам мекунад ва таҷрибаи ШМА ва Бразилия дар ин самт далели гуфтаҳои боло аст.

Пешниҳодҳо барои татбиқи таҷрибаҳои ҷаҳонӣ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ:

1. Татбиқи моделҳои зеҳни сунъӣ дар мисоли Deep Learning барои пешгӯии тавлиди нерӯи барқ ва мудирияти манбаҳои обҳо,хусусан дар марҳилаи сохтмон ва истифодабарӣ, метавонад талаботи Тоҷикистон ва ҳамсояҳокишварҳоро ба нерӯи барқ қонеъ кунад.

2. Ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ чун HYDROGRID барои автоматизатсияи амалиётҳо дар истифодабарии НБО-ҳои Тоҷикистон муфид аст.

3. Таъмини омӯзиши кормандон ва ҳифзи кибербехатарӣ барои пешгирии хатарҳо, бо назардошти таҷрибаҳои Осиё ва Амрико саривақтӣ мебошад.

Ин пешниҳодҳо метавонанд НБОи Роғунро ба иншоотии муосир табдил диҳанд ва рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистонро таҳким бахшанд.

Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ нақши муҳимро дар сохтмон ва истифодабарии НБОҳо мебозад. Он имкон медиҳад, ки самаранокии ин иншоотҳо афзоиш ёбад, хароҷотҳо кам шавад ва муҳити зист ҳифз шавад. Оморҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад тавлиди неруи барқро то 10% афзоиш диҳад ва хароҷотҳои маҳфуз ва интиқлои онро 20% кам кунад. Мисолҳои воқеӣ аз Осиё, Аврупо ва Амрико инро тасдиқ мекунанд ва андешаҳои олимон аҳамияти онро таъкид менамоянд.

Барои НБО-и Роғун татбиқи таҷрибаҳои ҷаҳонӣ метавонад зарфияти онро пурра амалӣ кунад. Оянда, татбиқи зеҳни сунъӣ метавонад бо ҳамгироии IoT ва омӯзиши мошинӣ васеътар шавад. Дар маҷмӯъ, зеҳни сунъӣ ҳамчун омили калидии рушди гидроэнергетика хидмат мекунад ва ба ҳадафҳои устувории ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

ҲАЙДАРЗОДА Рустам Ҷӯра директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои фалсафа САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад муовини директори Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор