Перейти к основному содержанию

Ба истиқболи таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-

9 сентябр

Замони Истиқлоли давлатӣ яке аз тобноктарин саҳифаҳои таърихи давлатдории миллии мо маҳсуб меёбад. Зеро Истиқлол ормони ҳазорсолаи тоҷикон дар масири таърих буд. Хушбахтона, бо дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи рушдро дар заминаи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намуд, ки ин падида барои рушди усувори кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Ба ибораи дигар, Истиқлоли давлатӣ бозгӯи барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, нишонаи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин ҳамқадам будани Тоҷикистон мебошад. Боиси ифтихору далели хушбахтиву саодатмандии мо тоҷикон аст, ки фазои осудаи Истиқлоли давлатӣ бо шарофату саъй ва эҳтимому ҷаҳди ҳамешагии фарзонафарзанди миллат ва шахсияти бузурги замони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омада, дар ҷараёни рӯзгори мардуми тоҷик кафили устувории давлат ва ҷавҳари саодатовари миллат гардид.

Аз ҷониби дигар, дар ин роҳи пур аз рушду такомул ва густаришу пешрафт кишвари мо ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ шарафёб гардида, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ арзи ҳастӣ менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки ҷомеи муосир ва рушди босурҷати он тақозо менамояд, ки давлату миллатҳо ҳарчӣ бештар пояҳои давлатдорӣ ва суботу сулҳро бештар устувортар намояд. Зеро омили асосии ҳастӣ ва рушди кишварҳои дунё ба таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи Истиқлол вобастагии ногусастанӣ дорад.

Аз ин рӯ, дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва муборизаи кишварҳои абарқудрат моро зарурат пеш меояд, ки дар мадди аввал пояҳои Истиқлоли миллӣ ва сулҳу ваҳдатро таҳким бахшида, барои ҳифзу нигаҳдошти он омода бошед. Яъне омода бо донишҳои мукаммал, бо илму маърифат, бо зиракиву далерӣ, бо ҷавонмардиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанхоҳӣ. Зеро шарофати неки истиқлол аст, ки дар айни замон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ташаббускору созанда шинохта шуда, нуфузу шукуҳу мартабаи Тоҷикистон ба таври намоён боло меравад.

Инак, мо дар остонаи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ин шукуҳу шараф бар он далолат мекунад, ки мо фарзандони диёр номусу ҳувияти миллӣ ва рисолату асолати давлатдориамонро қарзи аввалиндараҷаи худ қарор дода, барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз бо неруву дониш ва маърифати воло ҷаҳду эҳтимом менамоем.

Ардамеҳр Ашуров - ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи

Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих