Перейти к основному содержанию
Роҳсозӣ, роҳкушоӣ, таъмиру таҷдид ва бунёду ба истифодадиҳии роҳҳо аз қадимулайём барои мардуми тоҷик аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон, бахусус баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу Ваҳдати миллӣ дар таърихи 27 - уми июни соли 1997 ва ҳамзамон ба шарофати хидматҳои мондагору иқдомҳои наҷибу ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳҳои муосиру ҷавобгӯй пурра ба талаботи стандартҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ ба ҳукми анъана даромаданд.

12Барои далели ин гуфтаҳо дар давоми солҳои 2008 – 2020 сохтмону ба истифодадиҳӣ ва ҳамзамон таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди «Мурғоб – Кулма», «Шоҳон – Зиғар», «Шкев – Зиғар», «Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб», «Дӯстӣ – Панҷи Поён», «Душанбе – Чаноқ – сарҳади Узбекистон», «Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ», «Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон», «Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Узбекистон», инчунин нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» ба анҷом расонида шуда, дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар низ дар маҷмуъ 5 терминали муосири мусофирбарӣ сохта, ба истифода супорида шуданд, ки феълан дар хидмати мардуми шарифи кишварамон қарор доранд.

Бар замми ин давра 9 терминали замонавии байналмилалии боркашонӣ, ки аз онҳо 3 терминал фосилавӣ ва 6 терминал наздисарҳадӣ мебошанд, низ бунёд гардида, айни замон дар истифодаи умум қарор доранд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳи оҳани «Бохтар – Кӯлоб» ба дарозии 132 километр, қитъаи «Ваҳдат – Ёвон» ба дарозии қариб 41 километр (дар роҳи оҳани «Душанбе – Бохтар – Кӯлоб») ба истифода супорида шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки корҳои дар соҳаи инфрасохтори роҳу нақлиёт анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи намоёни Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби Маркази таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатнокӣ» гузаронида мешавад, дар зарфи ду - се соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол менамояд.

Тавре аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ хуб огоҳем, ҳанӯз чаҳор сол қабл аз ин, аниқтараш дар таърихи 7- уми июни соли 2021 лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм - Нурободро, ки яке аз қисмҳои асосию муҳимми нақшаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои минтақаи Рашт ва инчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, маҳз бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд, ки иқдоми басо наҷиб маҳсуб меёбад.

Лозим ба тазаккур аст, ки корҳои сохтмону бунёд намудани ин роҳ аз моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида буд. Роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти кишварро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Азнавсозии ин роҳ барои сокинони маҳаллӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки онҳо соҳиби ҷойи кор ва инчунин маоши баланд гарданд ва дар обод намудани Ватани хеш саҳми арзандашонро низ гузоранд.

Тавре медонем бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун – Нуробод – Рашт – Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуданд.

Лоиҳаи нави қитъаи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки бо талошҳои Роҳбарияти Олии Ҳукумати кишварамон сарчашмаи маблағгузории он дарёфт гардидааст, 86 километр, яъне аз километри 72-юм то 158-уми шоҳроҳи зикршударо фаро мегирад, ки дар доираи лоиҳа дар маҷмуъ 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Бунёди ин қитъаи роҳи мошингард низ мисли қитъаҳои дигар тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, ба пайвастани қитъаҳои дигари шоҳроҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ, инчунин бамаротиб зиёд гардидани ҳамлу нақли мусофирон, молу маҳсулот ва рафтуомади боз ҳам беҳтару бехатари аҳолии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маркази мамлакат мегардад.

Чунки Президенти мамлакат муҳтарам Ҷаноби Олӣ аз байни дигар роҳбарони давлатҳо ягона Президенти мардумие мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон ҳадафи асосӣ ва ягонаашон ин бунёди роҳу кӯпрукҳо, роҳу шоҳроҳҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои умумиҷаҳонӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Далели ин гуфтаҳои мо бунёди шоҳроҳҳои мошингарди Шоҳон - Зиғар, ки солҳои пеш як роҳи пур аз хавфу хатар ва вайрону валангор ва инчунин шоҳроҳҳои самти Душанбе - Айнӣ - Панҷакент ва Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе -Турсунзода ва Душанбе - Данғара - Кӯлоб ва ҳоказои дигару ифтитоҳи нақбҳои мошингузари Анзобу Хатлон ба ҳисоб мераванд, ки маҳз дар зарфи ду-се даҳсолаи охир бо эҳтимоми ин абармарди бунёдкор ва ғамхору дилсӯзи мардум таҳти шиори ҳамешагиашон “Халқ чун кӯҳи азимест, ки ман ба он такя карда, барои ободии Ватанам хидмат хоҳам кард!” ба амал омада истодаанд, гӯем ҳам ҳеҷ як иштибоҳе нахоҳем кард.

Маҳз натиҷаи талошу заҳматҳои хастанопазири ин абармарди далеру шуҷоъ ва ватанпарасти асил аст, ки дар ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таври пайваста дигаргуниҳои куллӣ ва ислоҳоти зиёд ба амал меоянд, ки дар ниҳояти кор ба таъмини ҳаёти осоиштаву ободу гул-гул шукуфони шаҳрвандони ҷумҳурӣ хизмат хоҳанд кард. Илова ба ин гуфтаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷабҳаҳо марҳала ба марҳала пеш меравад, ки ин дастоварду комёбиҳо ҳамзамон ба афзудани мавқею манзалати он дар арсаи байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд. Ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло:

Эй кишвари амни ҷаҳон, гулдастаи дасти замон,

Бо ҷашну суру тантана дар раҳгузорат зинда бош!

Ҳамин тариқ, мо мардуми сарбаланди кишвар, хусусан зодагону сокинони яке аз ноҳияҳои дурдасти кишварамон - ноҳияи Нурободи шариф, ки ҳамагон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва таъмини зиндагии шоиста баҳри ободонии диёри хеш ба таври мунтазам кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳанд, ҳамеша бо шукргузориҳои беинтиҳо таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи уфуқҳои навин – давлати демократӣ ва мутараққию ободу осуда бо сатҳи шоистаи зиндагӣ ва камоли инсонӣ устуворона ба пеш қадам мегузорем.

Чунки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ва ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ ва Раиси ноҳияи Нуробод - Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейн маркази ноҳия ва деҳаҳои дурдасти он хело ҳам ободу зебо гардида, сокинонаш пайваста дар талоши онанд, қи ҳамқадами замон бошанд.

Яъне дар партави нуру дурахши чеҳраи нуронии Ҷаноби Олӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти раҳнамоиҳои ин абармарди арсаи сиёсат мардуми ноҳия ва хусусан минтақаи Раштонзамин бо шукргузориҳои зиёд аз тинҷию осоиштагӣ ва файзу баракати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ, оромию суботи сиёсӣ, пиру барно ҳамеша дуои ҷони Президенти мамлакатро менамоянд, ки ба василаи бунёди роҳ мушкилоташон хело осон гардид.

Тибқи маълумоти сохторҳои масъул дар давоми солҳои охир дар масири Ваҳдат – Рашт – Лахш садамаи зиёди нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи чунин ҳодисаҳои нохуш мусофирон ба ҳалокат расидаву ҳамзамон чандин нафар одамон захмӣ шуда буданд.

Агар пештар рафту омад бо собиқ роҳи душворгузару вайрону валангор то маркази ноҳияи Нуробод аз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 4-5 соатро дар бар мегирифт, имрӯз бошад мо дар давоми 2 соат ба ноҳияи ободу зебои Нуробод мерасему ҳамеша ба Роҳбари давлатамон аҳсан мегӯем. Чунки роҳ бо сатҳу сифати беҳтарини ҷаҳонӣ бунёд гардида, рафтуомади бемалоли мусофирон ва инчунин ҳамлу нақли мол тавассути он дар чаҳор фасли сол таъмин карда мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ низ ҳамзамон имконияту шароити муосирро фароҳам омад.

Ҳадафи асосии сохтмони иншооти мазкур таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа кардани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол, таъмини ҷойҳои корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи лоиҳаи бунёди роҳ дар маҷмуъ сохтмони 8 пул ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ҷумла, шаштоаш навсозӣ, яктоаш барқарор ва дигараш муваққатӣ мебошанд. Инчунин хобондани 77 лӯлаи обгузар, бунёди 205 такядеворҳои оҳанию бетонию сангин ва нақби мошингузар бо дарозии 2589 метр ба нақша гирифта шуда буд.

Сохтмони роҳ аз ду марҳалаи асосӣ иборат буд, ки марҳалаи якум 30 километр ва марҳалаи дуюм беш аз 45 километрро дар бар мегирифт. Дар марҳалаи якум 976 коргар ва 146 техникаву механизмҳо ҷалб шуда буданд. Аз шумораи умумии коргарон 200 нафарашон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, боқимонда сокинони маҳаллӣ ба ҳисоб мераванд.

Роҳи автомобилгарди Роғун - Обигарм - Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат аст. Паҳноии стандартии он аз 12 то 15 метр буда, канори ду тарафи роҳ 2,5 метрро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, роҳи автомобилгарди мазкур баъди пурра навсозӣ шудан ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ мегардад. Чунки лоиҳаи бунёди роҳи Роғун - Обигарм - Нуробод, ки яке аз қисмҳои муҳимми нақшаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Зеро водии Рашт - хусусан ноҳияи зебоманзари Нуробод бо обу ҳавои бисёр ҳам мусоиду муносиб, табиати зебову гулу гиёҳу обҳои шифобахш, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, асали покизаю себу ноку шафтолу- ҳои машҳураш ва дигар имкониятҳои нодири худ барои рушди минтақаи сайёҳӣ шароитҳои мусоиди беҳтарин дорад, ки тамошои манзараҳои нотакрори он дили ҳар як меҳмону сайёҳону ҷаҳонгардонро мерабояд, ки ҳамаи ин дастовардҳои наҷиб ба шарофати хидматҳои мондагору ибтикори Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба вуқуъ пайвастанд, ки аз ин падидаҳо мардум басо ҳам шоду масруранд.

Хулоса, бунёду ба истифода супоридани ин роҳ боз як иқдоми накӯ дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои кишвар ва минтақа аҳаммияти бузурги стратегӣ дорад, зеро сокинони заҳматқарини ноҳияи Нуробод ва дигар ноҳияҳои водии Рашт дар идомаи амалҳои созандаи Ҳукумати мамлакат корҳои ободгаронаро боз ҳам вусъат бахшида, ҳамзамон онҳо ҷашни дар пеш истодаи 35-солагии Истиқлолро бо дастовардҳои арзанда ва назаррас истиқбол мегиранд.

Иҷобатулло АКРАМОВ, - директори КВД

“Таъминоти илм”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон