Перейти к основному содержанию
Истиқлоли давлатӣ сифати ҳуқуқии давлат буда, соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлатро дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва мустақилона ба роҳ мондани муносибату ҳамкориҳо дар муносибатҳои хориҷиро ифода менамояд. Дар натиҷаи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ давлат ба сифати субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ шинохта шуда, миллат соҳиби ҳуқуқи худмуайянкунӣ мегардад.

Соҳибистиқлол будан дар муносибатҳои байналхалқӣ маънои эътироф гардидан аз ҷониби дигар давлатҳои ҷаҳон, ҳуқуқ пайдо намудан дар пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва нақш гузоштан дар ҳалли масъалаҳои глобалиро дорад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ давлат дар арсаи байналмилалӣ мақсаду манфиатҳои қонунии шаҳрвандони худро ҳимоя ва татбиқ менамояд.

Ба андешаи мо Истиқлоли давлатӣ барои кишвар, миллат ва шаҳрвандони Тоҷикистон чунин шароиту имкониятҳоро фароҳам овард:

- Озодии миллат барои мустақилона муайян намудан таърих ва тақдири худ.

- Эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанг ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз мероси пурғановати фарҳангии халқи форсу тоҷик.

- Ободу зебо гардонидани сарзамини кунунии Тоҷикистон тавассути корҳои ободкорона, сохтмони биноҳои боҳашамат, роҳҳою пулҳо ва иншоотҳои бузурги аср, сохтмони корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва ғайра.

- Ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагию ҳамраъйии халқу миллатҳои сокини Тоҷикистон.

- Таъсисёбӣ ва неруманд гардидани Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат.

- Фароҳам омадани шароити мусоид барои худмуайянкунии шахсӣ ва касбии шаҳрвандони Тоҷикистон.

- Фароҳам омадани шароити мусоид барои ҷойивазкунии иҷтимоии шаҳрвандон, махсусан ҷавонони Тоҷикистон.

- Ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон.

- Зиндагии шоён, сазовор, бехатар ва осудаи шаҳрвандони Тоҷикистон.

- Фароҳам омадани шароити мусоид барои таҳсилот, фаъолияти ҷамъиятӣ, пешрафти касбӣ ва худмуайянкунии бонувони Тоҷикистон;

- Пайдо шудани имкониятҳо барои сафарҳои корию меҳнатӣ, сайёҳӣ ва таълимии шаҳрвандони Тоҷикистон ба дигар давлатҳои хориҷӣ;

- Боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва ғайра.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои замони муосир масъалаи устувор нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо менамояд. Махсусан, хатари гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки барои барҳам задани субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли миллии кишварамон талош меварзанд, ботадриҷ меафзояд. Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳҳои экстремистӣ шомил шуда, бо ҳар восита ба зидди пешрафт, осудагӣ ва зиндагии шоёну ороми ҳаватанони худ мубориза мебаранд. Агар чунин нафарон бо ин ҳама талошҳо неруи хешро дар ободии кишварамон равона мекарданд, дар пешрафти Ватан ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ саҳми назаррас мегузоштанд.

Натиҷаҳои таҳқиқотҳои сотсиологии давоми солҳои 2019-2024 гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки мусоҳибон экстремизм ва терроризмро ҳамчун таҳдиду хатари ҷиддӣ ба сулҳу ваҳдат ва истиқлоли давлатӣ номбар намудаанд. Агар соли 2019 то 36,3%-и мусоҳибон экстремизм ва терроризмро хатар ба сулҳу ваҳдат ва истиқлоли давлатӣ донанд, пас ин нишондиҳанда дар соли 2024 то ба 73,5% рафта расидааст. Нишондиҳандаҳои омӯзиши афкори омма аз он шаҳодат медиҳанд, ки аллакай аксарияти кулли мардуми кишварамон таъсири манфии таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризмро дарк кардаанд ва барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он ҳамеша ҳушёру омода ҳастанд.

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологие, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бо ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ дар мавзуи «Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобили экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон» (соли 2024) гузаронида шуд, аксарияти мусоҳибон (73,5%) ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва паст будани сатҳи дониши илмии шаҳрвандон (42,1%)-ро ҳамчун хатарҳои асосӣ ба сулҳ, амният, ваҳдат ва истиқлоли давлатии Тоҷикистон номидаанд. Ҳамзамон, 22,8%-и мусоҳибон хурофотпарастӣ, 22,4% каҷрафтории наврасону ҷавонон, 19,0% ҷудошавии оилаҳои ҷавон, 18,0% коррупсия, 16,6% ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, 15,8% майли шаҳрвандон ба фарҳанги бегона, 12,8% сатҳи нокофии ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон ва 9,6% муҳоҷирати меҳнатиро таҳдиду хатарҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон меҳисобанд

Истиқлоли давлатӣ арзиши олии иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, сарвати миллиест, ки ҳифзу пойдор ва устувор мондани он аз ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ватандӯстӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва кордонию соҳибкасб будани ҳар як ҳамдиёри мо вобастагӣ дорад. Ҳамбастагию ҳамдилӣ, муттаҳидию ҳамраъйии тоҷикистониён меҳвари истиқлоли давлатиро ташкил медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии хеш ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон чунин ибрози назар намуданд: “Бо камоли ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки расидан ба истиқлоли сиёсӣ ва таъсис додани давлати соҳибихтиёр бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи муосири халқи тоҷик мебошад. Ин рӯйдоди беназир ҳамчун оғози таҳаввулоти бунёдӣ дар сарнавишти миллати бостонии тоҷик заминаи устувори худшиносии миллии мардуми моро фароҳам овард, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оғози ташаббусҳои созанда омили муттаҳидсоз гардид. Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон арзиши муқаддастарин, сарвати гаронбаҳотарин ва сарчашмаи саодат ба ҳисоб меравад. Имрӯз ба шарофати истиқлол давлати Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари азизи мо ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст. Аз ин лиҳоз, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии мост, ки ҳамеша шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем”.

Умуман, истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз, омили муҳимми рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, заминаи зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон мебошад. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон имконият пайдо намуданд, ки озодона кору зиндагӣ кунанд ва ҳамчун миллати комилҳуқуқ дар рушди кишвар ва ҷаҳон нақши назарраси худро гузоранд. Маҳз истиқлоли давлатӣ шароитеро фароҳам овард, ки миллати тоҷик забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худро аз нав эҳё намуда, дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Ояндаи дурахшони кишварамон ба устувор ва поянда будани истиқлоли давлатӣ, инчунин, садоқату ватандӯстии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишварамон вобастагӣ дорад.

Мирзода Фирӯз Сафаралӣ – н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон