Санаи 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи “Созмони ҳамкории Шанхай-плюс” дар мавзуъи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор” иштирок ва суханронӣ карда, оид ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамкории гуногунҷанба андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳо ва намояндагони воломақоми созмонҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷалб намуданд.Ташаббусу тадбирҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятноки нақлиёт, гидроэнергетика, саноат ва дигар самтҳо дар ҳамкорӣ бо СҲШ ироа гардида, аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти вобаста ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо муҳим арзёбӣ шудаанд.
Ҳамин тариқ, 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 31 август то 3 сентябр дар шаҳрҳои Тянҷин ва Пекин ҷараён дошт, ба Ватан баргаштанд. Мавриди зикр аст, ки зимни ин сафар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои сатҳи олии СҲШ ва СҲШ-плюс иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи он бо роҳбарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Покистон, Ҳиндустон, Россия, Эрон ва дигар намояндагон мулоқоту суҳбатҳои пурсамар анҷом доданд. Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин 8 санади нав доир ба рушди ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Чин ба имзо расид. Дар ин мақола ба чанде аз руйдодҳои муҳими СҲШ аз диди дипломатӣ такя карда шудааст,ки мақому мароми аслии СҲШ-ро инъикос менамояд.
Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай» дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ соли 1996 ва коҳиши мутақобили қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 заминагузорӣ шуд. Ҳадафҳои асосии СҲШ ин рушди ҳамкорӣ дар самти таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки давлатҳои узв, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмин ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар минтақа маҳсуб меёбанд.
Созмон аз 10 давлати аъзо - Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 давлати нозир - Афғонистон ва Муғулистон ва 14 шарикони муколамаи СҲШ – Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Арабии Миср, Шоҳигарии Камбоҷа, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Малдив, Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка иборат мебошад. Кишварҳои аъзои СҲШ фазои бузургро фаро гирифта, масоҳати умумии он зиёда аз 65%-и ҳудуди сайёраро ишғол намуда, аҳолиаш зиёда аз 3,5 миллиардро (қариб 50% аҳолии кураи замин) ташкил медиҳад, ки на танҳо бо шакли нави ҳамкориҳо аз нигоҳи сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва гуногунии фарҳангӣ мебошанд.
Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи коҳиши мутақобили қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст.
4 июли соли 2000 дар Душанбе зимни нишасти охирони сарони “Панҷгонаи Шанхай” табдил додани он ба як сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар бахшҳои гуногун пешниҳод гардида, Эъломияи Душанбе қабул шуд.
15 июни соли 2001 дар нишасти навбатӣ дар шаҳри Шанхай Изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” ва Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расида, СҲШ ба яке аз сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ ва модели нави ҳамкории самарабахши минтақавӣ табдил ёфт.
Сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тартиб додани мақоми давлати аъзои СҲШ ба тасвиб расид.
Дар ин замина, сарони давлатҳои аъзои СҲШ июни соли 2017 Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмон ба сифати давлатҳои узви комилҳуқуқ пайвастанд.
17-19 апрели соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои “Норак - зиддитеррор” доир гардид.
Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбӣ таҳти унвони «Мирная миссия - 2012» баргузор шуд. 8 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон»-и вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои узви СҲШ машқҳои муштараки ҳарбӣ таҳти унвони «Мирная миссия - 2012» баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда солҳои 2008, 2014 ва 2021 дар Шурои сарони давлатҳои узви СҲШ ва солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ раёсатро ба ӯҳда дошт.
Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (СМЗТ) мақомоти доимамалкунандаи СҲШ мебошанд, ки моҳи январи соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Котиботи СҲШ дар ш.Пекин ва Кумитаи Иҷроияи СМЗТ СҲШ дар ш.Тошканд ҷойгир мебошанд.
Бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Ҳамчунин, дар давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ (солҳои 2020-2021) бо ташаббуси кишварамон Суруди СҲШ таҳия гардид, ки бори нахуст дар саммити ҷашнӣ садо дод.
Ҳамин тавр, дар саммити соли 2023 Ҷумҳурии Исломии Эрон ва саммити соли 2024 Ҷумҳурии Беларус аъзои комилҳуқуқи СҲШ шуданд.
Бо мақсади тақвият додани имкониятҳои рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲШ механизми нави ҳамкорӣ дар соҳаи танзими зиддиинҳисорӣ ва мубориза бо рақобати беинсофона таъсис гардид, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи умумӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми минтақаи СҲШ, инчунин мусоидат ба таъмини суботи молиявӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар кишварҳои узви СҲШ мусоидат хоҳад кард. Нахустин ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои зиддиинҳисорӣ моҳи майи соли 2024 дар Душанбе баргузор шуд.
4 июли соли 2024 дар саммити навбатӣ дар Остона Қарори Шурои сарони давлатҳо ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе қабул шуд. Ҳадаф аз таъсиси Марказ ин тақвият додани ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ба вежа баланд бардоштани самаранокии амалиёти муштараки онҳо дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Тоҷикистон ба хайси яке аз давлатҳои муассис ва иштирокдори фаъоли СҲШ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба ва баланд бардоштани имиҷи ин Созмон саҳми созанда мегузорад. Аз ҷумла, талошҳои кишвар ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла бо давлатҳои шарики муколама равона шудааст.
Покистон моҳи июни соли 2017 узви СҲШ буда, аз соли 2005 то 2017 аз мақоми нозири СҲШ бархурдор буда, бо кишварҳои узви СҲШ робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва ҷуғрофӣ дорад.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар Бишкек дар соли 2019 нахуствазири вақти Покистон пешниҳод кард, ки Гурӯҳи вижаи корӣ оид ба рафъи камбизоатӣ ва Маркази аълои СҲШ оид ба коҳиши фақр дар Исломобод таъсис дода шавад. Пешниҳоди СҲШ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз ҷониби СҲШ-CHS 16 сентябри соли 2022 ба тасвиб расид.
Моҳи декабри соли 2022 дар Покистон ҷаласаи вазирони адлияи кишварҳои узви СҲШ баргузор шуд.
Ҳиндустон бо кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) робитаи наздик дошта, ба боварии мутақобила ва иродаи нек, рукнҳои асосии сиёсати хориҷии бисёрҷонибаи Ҳиндустон асос ёфтааст. Ҳиндустон дар соли 2005 мақоми нозир дар СҲШ дода шуд, ки баъдан дар соли 2017 ба узвияти комил пазируфта шуд. Муоширати беш аз даҳсола бо СҲШ омодагии Ҳиндустонро барои иҷрои нақши фаъол дар ин созмон таъкид мекунад.
Сарвазир Нарендра Моди дар нишастҳои СҲШ дар соли 2018 (Чин), 2019 (Бишкек), 2020 (Маскав, формати виртуалӣ), 2021 (Душанбе, формати виртуалӣ) ва 2022 (Тошканд) ширкат кард.
Дар нишасти сарони СҲШ дар соли 2022, ки дар Самарқанд (Ӯзбекистон) Ҳинд раёсати даврии СҲШ-ро бар дӯш гирифта, дар соли 2023 мизбони нишасти навбатии Шӯрои сарони давлатҳро шуда, Варанасӣ ба унвони нахустин пойтахти гардишгарӣ ва фарҳангии СҲШ барои солҳои 2022-23 пешбарӣ шуд.
19 октябри соли 2022 Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар оилаи СҲШ баргузор шуд.
26 октябр соли 2023 Ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони ҳукуматҳои (Сарвазирони) Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек доир гардид.
4 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуданд.
4 июли соли 2023 дар саммити навбатии СҲШ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди иқтисодии Созмон то соли 2030 ва як сол пас дар саммити Остона Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи он қабул шуд, ки ҳуҷҷати мазкур фарогири тамоми соҳаҳои иқтисодӣ бо тамаркуз ба «рушди сабз» мебошад.
Ҳамчун Раиси Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои СҲШ (CHG) аз 26 октябри соли 2023, Покистон 22 ноябри соли 2023 "Конфронс оид ба алоқаи нақлиётӣ барои шукуфоии минтақа" ва ҷаласаи сатҳи коршиносони Гурӯҳи кории вижаи мубориза бо камбизоатӣ таҳти унвони“Истифодаи технологияҳои рақамӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти иҷтимоӣ дар кишварҳои узви SCO026” баргузор гардид.
Дар соли 2024 дар Покистон ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои СҲШ ва инчунин ҷаласаи вазирони кишварҳо баргузор шуд.
4 июли соли 2024 зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар шаҳри Остона ҷаласаи 24-уми Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ (ШҲШ) баргузор гардид.
4 июли соли 2024 дар саммити навбатӣ дар Остона Қарори Шурои сарони давлатҳо ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе қабул шуд.
10 декабри соли 2024 дар шаҳри Пекин маросими тантанавии тақдими партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай, зери муаллифи ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон А.Мусозода ба Котиботи СҲШ баргузор шуд. Пешниҳод оид ба қабули Суруди СҲШ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябри соли 2021 дар рафти Саммити ҷашнии 20-солагии СҲШ дар Душанбе садо дод.
3 майи соли 2025 дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон, дар соҳили кӯли Иссиқкӯли Созмони ҳамкориҳои Шанхай марафони байналмилалии Иссиқкӯл – «Давиш бо роҳи абрешим – 2025» баргузор гардид.
Роҳбарияти созмонро дар соли 2025 Ҷумҳурии Мардумии Чин бар уҳда дошт, ки “Соли рушди Созмони Ҳамкории Шанхай” эълон гардид.
Дар солҳои 2025-26 Покистон раёсати Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ба душ дорад.
Нишасти ояндаи Созмони Ҳамкории Шанхай — таҳти шиори “25 сол СҲШ: якҷоя ба сӯи сулҳи устувор, рушд ва шукуфоӣ” дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.
Хулосаи калом, СҲШ аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон “Панҷгонаи Шанхай” ба ҳайси муассисони асосии он ба вуҷуд омад, ки ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бо эҷоди мактаби сулҳу созандагии худ пайваста ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои нозири СҲШ буда, афзоиш ёфтани теъдоди шарикони мусоҳибавии СҲШ-ро дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин дар рушди минтақа, аз ҷумла дар қатори давлатҳои аъзои СҲШ, давлатҳои нозири СҲШ ва шарикони мусоҳибавии СҲШ ҷонибдорӣ намуда, бо ташаббусу тадбирҳои муҳим фаъолона иштирок менамояд.
РАҲМОНОВ Мирсаид ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ