Перейти к основному содержанию

(бардоштҳо аз суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ)

Тавре, ки маълум аст, таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (ҳамчун ҷойгузини Лигаи миллатҳо, ки аз солҳои 1919-1920 то соли 1946 бо шумули 58 давлати аъзо фаъолият дошт) дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз гардида буд. Бо ин мақсад моҳи январи соли 1942 намояндагони 26 давлат, аз ҷумла собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ИМА ва Англия эъломияи махсусро ба имзо расонида, моҳи октябри соли 1943 аз ҷониби Хитой, собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Англия ва ИМА Эъломия дар бораи ташкил намудани созмони универсалии байналмилалӣ, ки ҷиҳати ҳифзи сулҳу амният мубориза мебарад, қабул карда шуд. 24 октябри соли 1945 бошад, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби аксарияти кишварҳо, аз ҷумла панҷ аъзои доимии Шурои амнияти он (Англия, Хитой, собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ИМА ва Фаронса) ба тасвиб расид.

Ба ҳамин тариқ, соли 1945, ҳаштод сол муқаддам Созмони Милали Муттаҳид, ки аз якчанд мақоми асосӣ иборат буд (Ассамблеяи генералӣ, Шурои амният бо 15 аъзои доимӣ ва ивазшаванда, Додгоҳи байналмилалии судӣ, Котибот, Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра) ба фаъолият шуруъ намуд. Фаъолияти ин созмон барои нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва ҳалли баҳсҳо нигаронида шуда, он ба ҳалли буҳронҳои башардӯстона, мубориза бо камбизоатӣ, пешбурди ташаббусҳои экологӣ ва таҳкими қонуни байналмиллалӣ низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Соли 2025 аз таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва қабули Оинномаи он 80 сол пур мешавад. Дар ин муддат созмони мазкур дар самти мубориза барои ҳифзи сулҳу амният ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии кишварҳои аъзо, аз ҷумла иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

Бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ чорабиниҳои зиёди илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, аз 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг, Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом дода, дар Иҷлоси Маҷмаи умумии созмони мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии Пешвои муаззами миллат, қабл аз ҳама, ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳо дар сиёсати байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир, талошҳо барои ислоҳоти он, низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва таҳдидҳо барои сулҳи пойдор таъкид гардиданд. Чунин вазъ, ба андешаи мо, тақозо мекунад, ки вазъи кунунии олам, раванди барқароршавии тартиботи нави ҷаҳонӣ на танҳо аз лиҳози сиёсӣ, балки фалсафию ахлоқӣ арзёбӣ гардида, тадбирҳои мушаххас ҷиҳати муътадилсозии авзои сайёра дар даврони муосир андешида шаванд.

Масъалаҳои болобарии нақши Созмони Милали Муттаҳид бо роҳи ислоҳоти фарогири низоми он дар асоси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, "Созмони Милали Муттаҳид-2.0" ва Диди Дабири кулли созмони мазкур оид ба ин масъала, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузург ва тақвияти фаъолияти давлатҳои абарқудрат дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор аз мушкилоти калидии ҷаҳони муосир буда, Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи тамоми аъзои СММ-ро ба ҳалли онҳо ҷалб сохтанд. Дар ин росто махсусан қайд карда шуд, ки «ҳаҷми маблағгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди устувор ҳамоно талаботи мавҷударо қонеъ карда наметавонад».

Имрӯз дар кулли сайёра мушкилоти тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат инсониятро бетараф гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки дар ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об ва роҳандозии дипломатияи об аъзои СММ фаъол бошанд, дар кори «чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад» ва омодагӣ ба Конфронси оби соли 2028-и Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои дахлдор саҳми беш аз пеш гузоранд.

Дар баробари ин, дар робита ба поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низову ихтилофи байни кишварҳо Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки «Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад». Ин масъала дар робита бо ҳалли қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи пойдор дар ин минтақа дар асоси татбиқи қатъномаҳои СММ ва формулаи таъсиси «ду давлат», инчунин таъмини амният дар Афғонистони ҳамсоя ва рушди иҷтимоиву иқтисодии он мубрамияти бештар пайдо мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои хеш дар сатҳи байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ ба як кишвари фаъолтарини минтақа ва сайёра табдил ёфтааст. Аз ҷумла, қабули пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қатъномаи “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” дар таърихи 25 июли соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ гувоҳи аёнии ин матлаб аст. Аз ин рӯ, минбаъд таъсис додани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, ки Пешвои миллат ба миён гузоштанд, барои ҳалли масъалаи матраҳшуда воситаи хеле муассир ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмуъ, масъалаҳои сулҳу амният ҷавҳари суханронии Пешвои муаззами миллатро дар Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ ташкил доданд. Аз ин рӯ, омодагии Тоҷикистон дар тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ дар заминаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм”, истиқболи ҷумҳурии мо аз "Паймон ба хотири оянда" ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор ва пешниҳод оид ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз минбари ин созмони бонуфузи байналмиллалӣ бори дигар батаври равшану возеҳ садо доданд.

Таърихи ҳаштодсолаи СММ, муборизаҳои он барои ҳифзи сулҳу амният ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалӣ дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ нишон медиҳад, ки созмони мазкур яке аз мақомотҳои бонуфузтарин ва муассиртарини байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ маҳсуб мешавад ва бе иштироки он дастёбӣ ба ин ҳадафҳои волои инсоният дар даврони муосир имконнопазир аст. Аз ин рӯ, амалисозии он иқдомҳо ва пешниҳодҳое, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ садо доданд, як қадами бузурге дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувори инсоният ва таъмини сулҳу амнияти куллӣ дар сайёраи сарсабзи мо хоҳанд буд.

Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов