Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 7-уми октябр дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиш таҳти унвони «Меҳргон ҷашни ваҳдату ягонагӣ ва саодат аст» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Ғайбулло Авзалов, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик - Қобилҷон Хушвахтзода, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор - Баҳромҷон Аҳмадзода ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлат Сафар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур - Шариф Бобозода ифтитоҳ кард ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши он ба шоҳаншоҳҳои давраи асотирӣ ва пешдодӣ дар робита бо пайдошавӣ ва рушду нумуи кишоварзӣ ва барқароркунии тақвими кишоварзӣ нисбат дода мешавад.

Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Ғайбулло Авзалов зимни суханронии хеш дар бораи ҷашни Меҳргон дар замони истиқлол тамаркуз карда, вобаста ба эҳёи дубораи ин ҷашни умумимиллӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои шоистаи ин абармарди таърихсозро ёдоварӣ кард. Мавсуф қайд кард, ки Меҳргон пеш аз ҳама ҷашни замину табиат ва кишоварзон буда, онро ниёгони мо дар баробари Наврӯз ҷашни ҳосил номидаанд. Албатта, дар замони шуравӣ ин гуна ҷашнҳо набуд ва маҳз дар замони истиқлол бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон ҳамчун дувумин ҷашни миллӣ дар фасли заррини тирамоҳ дар саросари кишварамон таҷлил мегардад.

Дар идомаи ҳамоиш Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик - Қобилҷон Хушвахтзода дар бораи таърихи Меҳргон, моҳияти он, вижагиҳои ин ойини гузашта, ки онро шоҳ Фаридун асос гузоштааст, гузориши пурмуҳтаво кард. Ӯ таъкид дошт, ки Меҳргон ҷашни куҳан, дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббат буда, гоҳе маънои офтобро низ дорад. Онро гузаштагонамон дар рӯзи 16-уми меҳр таҷлил мекарданд, ки баробар ба 7-8-уми октябр аст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки ин ҷашн бо талошҳои содиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинда шуд ва он, бешубҳа, ба баланд шудани худшиносиву худогоҳии миллат такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор - Баҳромҷон Аҳмадзода ба сухан баромада, аз ҷумла қайд кард, ки аҳаммияти ин ҷашн ба кишоварзон, кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил, ки бо ҷашни Меҳрргон иртиботи мустақим доранд, бисёр муфид мебошад. Меҳргон дар баробари ҷашни кишоварзон, инчунин ҷашни маданияти баланди заминдорӣ ва ҳунари кишоварзӣ аст.

Дар суханронии худ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлат Сафар оид ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба расму ойини ниёгон, бузургдошти ҷашнҳои таърихсоз изҳори андеша намуда, диққати иштирокчиёнро ба дӯст доштани Ватан, садоқат ба Пешвои миллат, таҳкиму тақвият бахшидани ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ҷалб намуд.

Дар хотима аз ҷониби Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа карда шуд.