Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 19 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушоди»- и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, олимону кормандон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Ба кори ҳамоиш мудири шуъбаи кор бо хонандагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Садриддинов Манучеҳр ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст.

Таъкид гардид, ки тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус ба наврасону ҷавонон дода мешавад. Дар ин росто, ҳадафи баргузории “Рӯзи дарҳои кушод”-и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб меёбад.

Дар баробари ин, Президенти маҳбуби кишварамон таъкид менамоянд, ки “дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем”. “... ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.

Гуфта шуд, ки имсол 54 сол аз фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон пур мешавад, яъне шуруъ аз 4 декабри соли 1971 ҳангоми таъсиси Академияи хурд натиҷаҳои назарру қонеъкунанда аз ҳисоби корҳои илмию таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида гардида истодаанд.

Зикр шуд, ки асоси кор ва фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро бахшҳои ихтисосӣ, маҳфилҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагон ва Сессияҳои илмии аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар пояи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин лиҳоз, миннатдории Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем.

Боиси хушҳолист, ки алҳол 13 бахшҳои ихтисосии Академияи хурди илмҳо таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз ҷумлаи онҳо, математика, информатика, нанотехнология, астрофизика ва кайҳоншиносӣ, физика, химия, биология, иқтисодиёт, гидрохимия, тиб, ҳуқуқ, генетика, таърих ва бостоншиносӣ, география, биоэкология, биохимия, биологияи молекулавӣ ва биотехнологияро метавон номбар намуд. Ҳамчунин, ҳангоми зарурат доштан, Академияи хурди илмҳо метавонад бахшҳои дигари илми муосирро низ дар мувофиқа бо Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис диҳад.

Мақсад ва ҳадафи асосии баргузории “Рӯзи дарҳои кушод”-и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ин ҷалбу бедор намудан ва бохабар шудан аз корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ натанҳо дар маҷалаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷалаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маърӯза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурд мебошад. Дар раванди таълим ҳамасола аз бахшҳо маърӯзаҳои илмӣ-назариявӣ дар назди тамоми таълимгирандагон ва олимону меҳмонон иштирок дошта, хонандагони боистеъдод маърӯза менамоянд ва баҳсҳои илмӣ ва саволу ҷавоби мушаххас баргузор мегардад.

Дар идомаи чорабинӣ як зумра омӯзгорони хонандагон барои фаъолити пурсамарашон дар тарбияи насли наврас, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои мавҷуда бо шуъбаи кор бо хонандагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо Сипосномаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон як зумра аз хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соҳиб шаҳодатномаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро соҳиб гардиданд.