Перейти к основному содержанию

“Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатии кишвари мо мебошад” (Эмомалӣ Раҳмон).

Конститутсия - рамзи соҳибистиқлолии давлат, оинаи ҳуқуқии миллат ва пойдевори зиндагии осиштаи мардум аст. Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои миллати тоҷик аз рӯзҳои таърихӣ ва тақдирсоз аст, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи халқи кишвар тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Аз ҳамон давра Тоҷикистони азиз соҳиби қонуни асосӣ гардид, ки дар он пояҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва низоми идоракунии ҷомеа муқаррар шудаанд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият 9-уми сентябри соли 1991, халқи тоҷик ба марҳилаи нави таърих ворид гардид. Ин рӯз оғози давлати озод, соҳибихтиёр ва мустақили тоҷикон буд, ки пас аз ҳазорсолаҳо зери ҳокимияти дигарон буд ва, ниҳоят бо ифтихор парчами худро баланд бардошт. Вале ба даст овардани роҳи истиқлолият осон набуд, зеро кишвар рӯзҳои душворию ҷанг ва нооромиро паси сар кард. Дар ҳамин айём роҳбаре пайдо шуд, ки миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ наҷот дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандӣ, ҷасорат ва муҳаббати беандоза ба ватан тавонистанд сулҳу суботро барқарор намоянд. Бо роҳнамоии ӯ миллати тоҷик аз вартаи ҷанги дохилӣ раҳо ёфт ва дар масири созандагиву пешрафт қадам гузошт. Пешвои муаззами миллат бо қадамҳои устувор сиёсати хирадмандонаеро роҳандозӣ намуданд, ки дар маркази он инсон, ҳуқуқ ва ҳаёти шоистаи шаҳрвандон қарор дорад. Маҳз бо ташаббус ва роҳбарии ӯ Конститутсия чун санади муқаддаси давлатдории навин таҳия ва қабул гардид.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо қонуни асосии давлат, балки санади ҳаётбахшест, ки дар он озодӣ, баробарӣ, адолат, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои олӣ инъикос ёфтаанд. Он вазифаҳои муҳимми давлатро муайян намуда, роҳҳои таъмини ҳуқуқи инсон, ҳимояи моликият, манфиатҳои ҷомеа ва рушди тамоми соҳаҳои зиндагиро равшан месозад.

Чуноне сарвари давлат дар Паёми худ қайд менамоянд, (соли 2022) “Вазифаи муққадаси ҳар яки мо дар он аст, ки меъёрҳои Конститутсияро эҳтиром ва пос дорем... Мо вазифадорем, ки барои худ ва фарзандонамон зиндагии шоиста муҳайё намоем ва ба наслҳои оянда давлате обод ва тараққикарда ба мерос гузорем”.

Дар ҷомеаи имрӯза Конститутсия нақши калидӣ дорад. Он барои ҳар як шаҳрванд кафили адолат, оромӣ ва зиндагии шоиста мебошад. Маҳз дар асоси Конститутсия имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор пешрафт мекунад иқтисодиёти кишвар ҳам рушд мекунад, сатҳи зиндагии мардум боло рафта, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳо, роҳу пулҳо тараққиёти саноат ва иншооти нави замонавӣ сохта мешаванд. Ҳамаи ин самараи татбиқи қонунҳои асосии кишвар аст, ки бар пояи Конститутсия қабул ва амалӣ мешаванд.

Бояд қайд кард, ки дар замони осоиштаи имрӯза яке аз муассисаҳои муҳим ва бонуфузи кишвар – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нақши созанда ва илмиро иҷро мекунад. Академия чун маркази илму фарҳанг ва маданияти миллӣ фаъолият дошта, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як муассисаи пешсаф дар кишвар табдил ёфтааст. Олимони варзида, ва муҳаққиқони ҷавон дар таҳқиқи масъалаҳои илму маориф, фарҳанг ва сиёсати давлат саҳми арзанда доранд.

Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи кор бо мактаббачагон (Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон)-и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки ҳадафаш тарбия намудани насли ҷавон ва хонандагон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва муҳаббат ба Ватан аст. Хусусан, бахши ҳуқуқшиносии ин шуъба бо ҷалби наврасон ба омӯзиши қонун, ҳуқуқ ва асосҳои давлатдорӣ машғул мебошад. Ин шуъба хонандагонро ба эҳтиром ба Конститутсия, риояи қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия мекунад, то дар оянда мутахассисони барҷаста ва ватандӯст барои кишвар омода шаванд.

Эҳтиром ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд қонуни асосии худро бишносад, ба он арҷ гузорад ва дар амал татбиқ намояд. Танҳо дар зери сояи қонун ва адолат давлат обод мешавад, ҷомеа рушд мекунад ва миллат пеш меравад.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бояд ба қадри ин оромиву осоиштагии бебаҳо ва муҳити сулҳомез бирасем. Ватан мисли модар муқаддас аст ва ҳифзи он қарзи ҳар як инсон аст. Наврасону ҷавононро мебояд, ки пайрави содиқу огоҳ ва меҳандӯсти Пешвои муаззами миллат бошанд, то бо донишу меҳнат ва садоқат ба қонун, ободии ин сарзамини биҳиштосо идома ёбад.

Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз иродаи пок ва муҳаббати бепоёни мардум ба Ватан сарчашма мегирад, барои ҳар як шаҳрванд чун чароғи равшани умеду боварӣ хизмат мекунад. Он пояи устувори сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва саодати мардуми кишвар мебошад.

Конститутсия – чароғи равшани мо,

Нишону сулҳу ваҳдати миллати мо.

Салимов Аҳмадҷон - мутахасиси шуъбаи кор бо мактаббачагон (Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон) Раёсати АМИТ